Момодоя, ки сирри кабутар ва нигинро намедонист, аз гирдгаштҳои ногаҳонӣ дилтангу асабонӣ шудаю сарҳисоби корро гум карда, то ором шудани Бимастура лоубол истод. Андактар бо ҳадя- ҳои шоҳона ба ҳавлияш рафту расо баъди чор моҳу чор рӯз боз омад. Саҳеҳтараш, вайро бо илтимосу илтиҷои зиёд, аз ҷойгоҳи хобаш хезонда, нисфишабӣ ба сари болини Бимастура оварданд, ки аз шиддати дард печутоб мехӯрд.
Дили тарсхӯрдаи момодоя меларзид. Вале… таваллуди тифли ҳафтмоҳа беозор ва осон шуд…
Садои гӯшнавози меҳмони нав момодояи хоболудро ҳушёр кард. Вазифаи худ ба ёд оварда, ҳадаҳа тифлро рӯйи даст бардошт ва аз шодии ногаҳонӣ «Вай ман мурам! Ин духтарчая бинед, кафтарча барин. Майдаяк… Хушрӯяк. Сап-сафедак» гуфту баъди ба худ омадан паёми табрикӣ ба парокандагӣ изҳор кард:
— Меҳмони нав муборак бошад, духтарам! Илоҳо хушпою қадам ва тансиҳату хушбахт шавад. Чашмат ба дидори моҳи нав рӯшан бод!
Бимастура чашм кушода, дар дасти момодоя тифлаке дид мисли шир сафеду чун моҳи тобон дурахшон. Фаҳмид, ки равшании чашмаш аз талъати ин гулдухтар аст. Шод гашту бо лаби пурханда гуфт:
— Шукри беҳад, ки Соҳиби олам бо шарофати Пири Бузургворам ба ангуштарин нигин доду ба модари мискин Нигина! Шукри Худо, ки соҳиби сарам соҳиби фарзанд шуданд!
Вақте ин суханро Абдулсайид шунид, сабзу хуррам гашт. Гаштаю баргашта Офаридгорро сипосу сано хонд, ки ӯро ба мурод расонд, соҳиби зағораи тиллоӣ гардонд. Сипас шукри неъмат гузорид ва меҳмонхонаи гулкориро оростаю пероста гардонда, фаровон асбоби нишот фароҳам овард. Аҳли маҳалларо зиёфат доду ҳамроҳи ёру дӯстон ба дилхушӣ пайваст.
Дар авҷи зиёфат шавҳари момодоя, ки шоиртабъ буду бо тахаллуси Абдулмаҷиди Ворухӣ шеър менавишт, пой бар замин кӯфта, шоирона бонг зад:
— Эй мардум, маро гӯш диҳед!
Аз доямомо таърифи духтари Абдулсайидро бисёр шунидам. Гуфт, ки рӯи тифли нав чун моҳи нав тобон асту мисли парӣ зебо! Дарҳол як байти Фирдавсӣ ёдам омад:
Ҷудо гашт аз ӯ кӯдаке чун парӣ,
Ба чеҳра ба сони бути озарӣ!
— Ин хел нагӯ, шоир! — ҳадаҳа эрод гирифт Зарифи мударрис. — Бути зебое, ки падари Иброҳими пайғамбар Озар тарошидааст дар Ворух ҷой намегирад!
— Ин хел бошад, паричеҳраи нав бути Ворух аст!
— Дар хонаи Муяссари ҷоду як бути безеб ҳаст, ҳамон кофист!
— Он гаҷпора асту ин гулбадан! — паст наомад шоир. — Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Нигина бути Ворух мешавад. Яъне, аз бути Фархор зеботар, аз бути Яғмо раънотар, аз бути Чигил барнотар хоҳад шудан! Бузургтарин родмарди замон ба Нигина ошиқи шайдо хоҳад шудан!!
Аз ин каломи хуб хушҳолӣ дучанд гардид ва аксарият «Рост мегӯяд шоир, Нигина бадри Ворух, моҳи тобони Ворух, моҳи мунаввари шаби чаҳордаҳум дар осмони Ворух мешавад» гӯён дасти ҳиммат баланд бардошта, ба сари шоир борони дирам рехтанд.
Абдулмаҷид шод гашту нидо дардод:
— Шоҳи олам бандаи бути Ворух мешавад!
Чанд марди сармаст гапи шоирро лоғ пиндошта, «Бас! Дигар жож махой!!» гуфтанд.
Онҳо аз бехабарӣ чунин гуфтанд. Азеро ҳарфу ҳиҷои ин марди оташсухан ҳазён набуд. Вай мисли дигар шоирон шӯху далеру нотарс ва шартакигӯ буд, аммо ҳарзагӯ не: насибае аз ғайб дошту ҳини мавлудаш дар машриқи осмон бурҷи Савр ҷойгузин ва бинобар ин ҳар чӣ пешгӯӣ мекард — хоҳ ба ҳазлу шӯхӣ ва хоҳ ба оҳанги ҷиддӣ — рост мебаромад ё ба ҳақиқат наздик меомад.
Ин карат ҳам фоли шоир мутлақо дуруст баромад: дар шаҳри Гурганҷ намояндаи шашуми сулолаи Хоразмшоҳиёни кабир Қутбиддин Муҳаммади Сонӣ маҳз дар рӯзи мавлуди Нигина-явми чаҳоршанбеи бистуми моҳи шаввол, соли 596 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба сеюми августи соли 1200 мелодӣ ба тахти подшоҳӣ нишаст…
Равзанаи якум. Тафсири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз
Аз мавлуди Нигина ҳазор рӯз гузашт ва амакбобояш Аҳмадсайид ибни Маҳмадсайид ба ин муносибат зиёфате мӯҳташам орост бо номи «Ҳазора». Барои ҳазор нафар дастархон кушода, онро бо ҳазору як хел нуқлу наво оро дод. Чанд гову гӯсфанд забҳ шуду дегҳои қатор аз таомҳои гуногун лабрез гашт.
Мардуми доирахабар шоду мамнун буданду дар ҳавлии калони тоҷири бузург давра-давра менишастанд — занон дар айвонҳои дарозрӯяи гаҷкорӣ, мардон зери дарахтони серсоя. Лекин тахтакати паҳни соябондори мобайни ҳавлӣ пуродам набуд — ҳамагӣ чор марди хушлибос болои кӯрпачаҳои шоҳию бахмал ба лӯлаболиштҳои пари қу такя задаву меҳмони ифтихорӣ будани худро намоиш дода, бо кибру ғурур ба атрофиён менигаристанд. Онҳо кам мехӯрданду бештар гап мезаданд ва ҳар замон беибо қоҳ-қоҳ механдиданд.