Падари сарватманди Хусрав аз ҳоли зори фарзанди нолон ҷигарбирён шуда, дартоз пеши падари Парихон омад ва ҳадаҳа гуфт:
– Ҳавлии калони сари баландиро, ки чор хонаи барҳавою равшан дорад, бо ҳама фаршу колояш ва боғу гулзораш пурра ба ту бахшидам. Ин макони дилкушо ва офтобрӯяро мегирӣ?
Аз ҳадяи ногаҳонӣ падари Парихон пакар гашту пеши пойи падари Хусрав дузону нишаста, замини хидмат бӯсид ва шоду хандон гуфт:
— Бо чону дил мегирам ва аз мағзи дилу ҷон розӣ мешавам, ки фарзандони мо ақди никоҳ баста, ба муроду мақсад расанд!
Ин номардӣ барқвор ба гирду атроф паҳн гашту хурду калон дилсиёҳ гашта, андӯҳнок ба хок бознишастанд. Тағйир ёфтани ҳолати мардум Фарҳодро ба таҳлука андохт. Хавотиромез ҷониби ҳавлии маҳбубаи хеш нигарист. Дид, ки Парихони навакак чеҳрахандон болои бом парӯ хобида, дасткӯбон зор-зор гиря дорад. Дилаш таҳ кашид. Зеро медонист, ки навҳаи номуборак нишонаи мусибат асту гиряи маъшуқа мотами ошиқ мешавад.
Ҳазор афсӯс, ки чунин шуд: Парихон гирён-гирён рост хесту ба қуллаи кӯҳ нигарист ва бо аломати видоъ даст афшонда, аз боми баланд худро каллапо ба замини сахт партофт. Фарҳод, ки ин фоҷиаро аз боло бо чашми хунполо медид, «мардона мурдан дар роҳи ишқ кори мардони мард аст!» гӯён, бо ангушт Парихонро ишорат карду аз қуллаи тешазадааш худро сарозер поён афканд.
Кӯҳкамари бо зарби теша кандаи Фарҳод ба қабри ошиқи номурод табдил ёфт…
Аҳмад қиссаи афсонавиро бо мароқи том шуниду зери лаб ғурунгид:
— Ин ғам, ки аз Хусрав ба дӯстдорон расид, аз чашму дили газоф- кори падарон расид. Рӯзаш ва рӯяш сияҳ бод нохалафро!
Рости гап, дар бораи ишқи номуроди Фарҳоду Ширин ва Лайлию Маҷнун қиссаҳо бисёр шунида будам, вале саргузашти Фарҳоду Парихон басо шигифтовару дилхарош аст. Сад афсӯс, ки тешаи Фарҳод дили сангро шикофт, аммо ба дили сангин асар накард. Ҳазор афсӯс, ки номардӣ теша бар решаи ишқварзӣ зад… Худо агар хоҳад, вақту соаташ ояд, перомуни ин қисса достоне пуршӯр хоҳам набишт!
Эй набзшиноси ошиқон ангуштат,
Олуда ба хун аз раги ҷон ангуштат!
В-эй чанги Парихони сабукдилшударо
Ҳар дам чу парӣ дода забон ангуштат!
Рӯзи дуюми саёҳат шоирон ба тамошои дараи Патар рафтанд. Дар себаргазори хушнакҳати лаби ҷӯйбори Лор, ки оби ширину зулолаш аз чор чашмаи кӯҳсор қатра-қатра ҷамъ мешуд, муддате бофароғат нишаста, кӯфти роҳро бароварданд. Аҳмад аз тамошои манзараҳои яке аз дигарӣ зебо ва хониши мурғони хушилҳони кӯҳистон шайдочашму шефтадил гашта, пиёлаи пудиначой то қатраи охирин нӯшид ва бо шеваи ҳайратомез пурсид:
— Ин мавзеъро чаро Патар мегӯед?
— Ман аз куҷо донам? — бо ангушти ишорат буни гӯш хорид Абдулмаҷид. — Ҳатто намедонам, ки Патар чӣ маъно дорад?
— Патар калимаест, ки тилисму таъвизу тӯморро дар якҷоягӣ фаро мегирад, — шарҳ дод шоири Исфарангӣ. — Тилисм чизест, ки ё бахту саодат меорад ё бадбахтию фалокат. Таъвиз дуои дафъи балост. Тӯмор низ балогардон асту хаташ ончунон дарҳаму барҳам, ки агар сад сол ҷон коҳонӣ, ҳарфе хонда натавонӣ. Яъне, «патар» вожаи нохуб аст, аммо ҳайронам: макони биҳиштӣ чаро Патар ном дорад?
Абдулмаҷид чашми имдод ба ҳамроҳон дӯхт. Деҳқони солхӯрдае риши кӯтоҳашро бо ангушт шона зада, барои ҷавоб кӯшид:
— Замоне ин ҷо сайргоҳи наварӯсон ва гулдухтарон буд. Ҳар рӯзи чоршанбе тӯда-тӯда барои чархзанӣ меомаданд. Бо худ дегу коса, нону қанд, биринҷу равған ва доира оварда, то ош пухтан ва баъди таом хӯрдан рақсу шодию обпошӣ мекарданд. Он рӯзи нишаст чоршанбеи муродбахш ном дошту ҳузури мардон ва ҳатто писарбачаҳо қатъиян манъ буд. Занҳои калонсол, махсусан кампирҳо низ аз маърака берун буданд, ки ин ғашу ғазаби онҳоро ҷунбонду ҷӯшонд ва сар шуд тӯморборон, тилисмбандӣ ва сеҳру ҷоду. Дар натиҷа сайргоҳ ба ҷангҷой табдил ёфт: духтарон ба ҷойи рақсу шодӣ аз барои дупула гап арбадаю муноқиша мекардагӣ шуданд, ҳини рафтуомад дасти яке мешикасту пойи дигаре ланг мешуд. Арӯсаке тифли ношуд мезойиду дигараш аз бефарзандӣ пушти даст мехойид. Баъде, ки дар паси харсанге як ҷавонро бо духтаре ҳамоғӯш ёфтанд, корд ба мағзи устухони волидон расид ва онҳо «Патар хатар дорад!» гӯён духтарони худро иҷозат надоданд, ки дигарбора ба сайргоҳ раванд ва роҳи онҳоро ба мавзеи Беди каҷ гардонданд…
— Патар ҷойи хатар бошад, хезед, ки рафтем! — шӯхиомез нидо кард кадоме. Ҳама бо нигоҳи савол меҳмонро нигаристанд. Вай аз оби мусаффои ҷӯйбор чашм наканда, хаёломез аз Абдулмаҷид пурсид: