Аз чунин тағйироти фараҳбахш хотири парешон ва дили ранҷураш андаке таскин ёфту бо арзи сипосу меҳрубонӣ хост аз ҷой хезад. Натавонист. Дурмадароз ҳамёза кашида, бо чашми имдод соҳибхонаро нигарист. Вай худро ба нодонӣ андохта, обдастаро гирифту аз дар берун баромад. Акнун ҷавонзан беист ҳамёза мекашиду чашмонаш худ аз худ нимпӯш шуданд. Тамоми қувваташро ҷамъ оварда, бо азобе нимхез шуд, вале лашкари гаронбори хоб бо шасти дучанд ҳамла карду рӯйи палоси чиркин якпаҳлӯ афтид ва дарзамон хобаш бурд. Баъди лаҳзае рӯйболо гашту сар болои даст ниҳода, гӯиё болои даҳ қабат кӯрпаю болини мулойим хобида бошад, бо лаби инҷ ширин-ширин табассум мекард.
Бимастура хоб медид. Хобе дилписанду гуворо ва ҳам нӯшину малакутӣ: худро пироҳани сафед дар бар ва сарбанди нилгун бар сар соҳили рӯди шӯхоб нишаста дид машғули нақшдӯзӣ. Ногаҳон аз он тарафи дарё, ки кӯҳи начандон баланд ва бедолу дарахти Душоха қомат афрохта буд, кабутаре сап-сафеди оҳарӣ сабук болу пар афшонда, паҳлӯяш омаду болои суфасанги соҳил нишаст. Лаҳзае ором истода, курр-курр овоз бароварду сару тан афшонд ва чангу ғубор дур афканд. Баъд сӯйи ҷавонзан булъаҷаб нигоҳе карду ӯро ба гап даровард: «Хуш омадӣ, эй паррандаи латифу зебо! Ба диёри булбулон ва макони кабки дарӣ аз кадом дашту дара меҳмон омадӣ?»
Ҷавобан ба пурсиши бесадо кафтарак сабук ҷаҳида, ба китфи бонуи гулдӯз нишасту бо шеваи кабутарӣ ҷавобе гуфт. Маънии ҷавобияро, албатта, Бимастура нафаҳмид, вале нуктафаҳмии ин ҷонвари безабон шавқу меҳрашро зиёда гардонду хост онро ба даст гирифта, бо муҳаббат навозиш кунад. Кабутар ҳам магар маътали ин амал буд, ки зуд рӯйи кафи бонуи хубсурат баромада, бо виқору таманно ба тори кӯҳ нигарист. Нигаристу ноором гашта, қанотак зад. Бимастура дар шигифт монда, беихтиёр ба осмон дида дӯхт: паррандаи азимҷуссае болҳои паҳну зардашро васеъ кушода, тори сараш давр мезад!
Ҷавонзан аҳли шикор набуд ва тахмин зад, ки мурғи даҳшатфикан шояд каргас асту қасди ҷони кабутар дорад. Хост баҳри наҷот тадбире андешад ва бо умед ба атроф чашм давонд. Вале дар гирду пеш ғайри дарё, суфасанг ва алафу дарахтон дигар чизе набуд, ки воситаи муҳофизат шавад. Парандаи ваҳмафкан бошад, торафт поён мехамид ва Бимастура дигар илоҷе наёфта, тибқи фармудаи волидон бо забони бурро «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Аъузу биллоҳи мин аш-шайтони раҷим. Оманту биллоҳи ва расулиҳи» гуфту нидо кард: «Ё Пирон, бузургворон! Мадад кунед!»
Вақте маротибаи сеюм калима гардонд, мӯъҷиза ба амал омад: мӯйсафеде хушқадубаст ва нуронӣ, ки дар бар абрапӯстини оҳарӣ, дар сар саллаи ҳафтпечи нуқрафом дошту яктаҳи сафеду дарози урфӣ ва пойафзоли ҳамранги он пӯшида буд, рӯйи суфасанг намудор гардид ва бо овози ширадори форам садо кард:
— Осуда бош, мастураам! Кабутари туро зиёне намерасад. Парандае, ки дар осмон мебинӣ, шарафманд аст — фақат дону гиёҳи пок хӯрад ва ҷонваре наёзорад…
Ором шав, мастураам.
Дил қавӣ дор, ки ҳар гоҳ маслиҳате зарур шавад, туро мададгорем…
Бимастура аз шодӣ як қад парида, бедор шуд. Вале, ҳайҳот: на кабутари сапед буду на Пири ҷомасафед… Аз ҳайрату надомат пушти даст газида, шӯру валвалаи дилро андаке паст нишонд ва саҳл ба худ омада, оҳиста гирду атрофро нигарист — нашавад, ки чашми бегонае рафторашро назора кунаду ба ҳама гӯшрас намуда, масхара созад. Хайрият, хона беодам буду кампирак дар берун ба мурғу сагу пишаку буз обу ғизо медод. Вай безобита шудани «меҳмон»-ро дида, дарҳол наздаш омаду бо лабханди нозебо гуфт:
— Дилу ниятат холис будаст, балом, ки даррав хуфтию тез бедор шудӣ. Чанд вақт пеш як занак тамуми руз ба хоби ғафлат рафту бо азобе бедор карда будам. Гап зан балом, ягун хоби хуш дидӣ?
Бимастура хобашро мӯ ба мӯ қисса карду Муясарбону бодиққат шунид.
— Хобат муборак аст, балом, аммо ҷудо ҳам банду басташ бисёр. Ин хоби одӣ не, хоби табъӣ…
— Ин гапа маънияш чӣ?
— Як маънояш ҳамин ки оқибаташ нек асту ба муроду мақсадат мерасӣ.
— Даҳанатунба шакар, холаҷун!
— Дидани кабутар дар хоб далели ун аст, ки модари духтар мешӣ, балом!
— Забунатунба асал, холаҷун!
— Лекин…
— Чӣ?!
— Хоби кутоҳи туя номуайяниҳош бисёр балом. Он қадаре, ки тунистам, тадбир кардаму дигар наметунам. Хобат ун қадар нуронию раббонӣ, ки фақат аз китобҳои нуҷумӣ рушан мешад. Ин хоби калуна фақат ягун муаббир таъвил кардан метунад, балом.
— Соддатар фаҳмунед, холаҷун. Нуҷуму муаббиру таъвил чӣ маънӣ дорад?
— Дигар хел фаҳмунда наметунам, балом. Боз як бори дигар мегум, ки хобат бисмил не, яъне ҳавлноку торик не, балки чорпаҳлу, яъне тинҷу осудаю оқибаташ нек, балом. Иловатан ҳамин қадар мегум, ки кабутари ту, яъне духтари туя кадум як бузургвор ба шафоат гирифтагӣ, лекин кӣ буданаша намедунам. Аз таъбири мурғи осмун ҳам оҷизӣ мекашам, балом. — Муясарбону узромез табассум карда, аз дарбача ба ҷонварони дастомӯхташ нигаристу чеҳрааш андаке кушода шуд. — Ёфтам, балом: гиреҳи муаммо дар гуши буз банд будаст! Бодиққат гуш кун, балом: аз пагоҳ сар карда, ба ҳафт мазори табарруку муқаддаси Ворух банавбат назру ниёз мебарию мақбараи ҳар кадум бузургвора бо нуки остину бари думан руфта, покиза мекунӣ. Агар бо дили софу тани пок зиёрату ибодат кунӣ, парастори кудак аз худаш дарак метияд…