Мегӯянд, ки вақте Чингизхон барои забти Ғӯрганҷ гом бардошт, дар биёбони гарми Хоразм боди самум бархосту чангу гарди бисёр барангехт ва ҷаҳон торик гашту роҳ маҳв гардид. Вале инҷиқии табиат барои элчии махсуси хони муғул садди касногузар нашуд. Ҳамон Донишманди Ҳоҷиб, ки бо забони шево Зарнухи Бухоро ва чанд шаҳри дигарро бе ҷанг ба Чингизхон таслим карда буд, аз бод тезтар ба пойтахти Хоразм даромад ва ба дасти Турконхотун номаи шоҳи муғулро супурду гуфт:
– Қоони бузург ба Худованди бонувони олам арҷ гузошта, афсӯс мехӯрад, ки фарзанди нохалаф ба шаъну шавкати Улёҳазрат иснод овардааст. Чунин рафтору гуфтори носазо яке аз сабабҳои лашкаркашии мост, вале қоони муғул фақат бо подшоҳи Хоразм ҷангидан мехоҳад, на бо модари ӯ! Агар Турконхотуни рамузфаҳм пешниҳоди созиш ва муколамаро қабул фармояд, Шайх Кубро ҳамроҳи мо фиристад барои гуфтушунид. Қоони бузург кафолат медиҳанд, ки дар ҳолати бе ҷанг таслим шудан вилоятҳои Хоразму Хуросон ба Махдумаи Ҷаҳон вогузошта мешавад.
Дар хотимаи сухан Донишманди Ҳоҷиб ба шаҳри Зарнух элчӣ шудани худро хотиррасон кард:
— Зарнухиён дархости Чингизхонро пазируфтанду амон ёфтанд, Зарнух Оқбалиқ, яъне Хуррамшаҳр шуд. Қоони мо Ғӯрганҷи шуморо Ургенҷ ном кардааст, нагузоред, ки Мобалык, яъне шаҳри аблаҳон — Аблаҳобод шавад.
Турконхотун туфи даҳонашро базӯр фурӯ бурд. Итоат ва фармонбардориро пешниҳод намудани гурги маккори пӯсти гӯсфандпӯшида ба дили шоҳхотуни тавоно ва пурғурур бағоят сахт расид. Зеро барои мудофиаи пойтахт, ки ба қалъаи дастнорас табдил дода шуда буд, лашкару аслиҳаи ҷангӣ беш аз зарурат вуҷуд дошту ба замми ин, сокинони Ғӯрганҷ аз қадимулайём ҷасуру ҷонфидо ва ҷангараи соҳибтаҷриба маҳсуб меёфтанд. Ҳанӯз ҳам ҷаҳон аз салобати модарбузурги Хоразм пуровоза буду ҳокимону амирону сипаҳсолорҳои сутург наздаш кӯзапушт мешуданд, то кафши пояшро бибӯсанд. Яъне фақат ин хотуни кабир қудрат дошт бадеро бикушад ва халқи мусулмон аз балои Чингизхон бираҳонаду фарзандашро аз азоби Худой!
Аз ровиёни ахбор шунидам, ки Шайхулшуюх Наҷмуддини Кубро ба унвони Махдумаи олам таъҷилан номае ирсол кардааст: «Эй Маликаи олам, бидон ва огоҳ бош, ки рӯбарӯи балои бад мардона мақом дорӣ! Аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб муборизони ислом ишораи туро интизоранд ва омодаанд, дини мубин ба ҷавонмардӣ ҳимоят кунанд. Азм ба разм ҷазм намо, ки Худои бахшандаро дар ниҳон бахшоишҳост. Гар намедонӣ, бидон: душман чу аз ҳама ҳилате фурӯ монад, силсилаи дӯстӣ биҷунбонад, пас он гоҳ ба дӯстӣ корҳое кунад, ки ҳеҷ душман натавонад!»
Ба ман гуфтанд, ки Турконхотун номаи шайхро хонда, дар ҷамоли ҳайрон дам басту муддате хомӯш нишаст. Лиҳозо мехост ҳила ё тадбире андешад. Аммо баъд ба ҳайҳот ҳой-ҳой гиристу чашмаш чашма шуд ва «Дигар шукуфа нахандад ба боғи пирӯзӣ! Филу каркадан бо Чингиз натавонад муқовимат кардану аз дасти зан чӣ ояд?!» гӯён, шармандавор қарор кард, ки аҳли ҳарам ва тамоми хазинаю дафинаро ҳамроҳ гирифта, ба макони бехавфу хатар гурезад. Гумони ғолиб он аст, ки Чингизхон бо номаи булъаҷаб ва сеҳри сухан ин бонуи мардафканро чашмбандӣ тавонист кардан! Зеро ба рӯяш назари пурсаодати чашми ҳамешабедори хусравӣ худ аз худ баста шуд ва идомаи кораш мисли хати доира дарҳам фитод.
Бадаҳдии он аҳдшикан бо кӣ тавон гуфт?
Аз ҳолати шӯрида сухан бо кӣ тавон гуфт?!
Мардум ҳама афсунгари дарди сари хешанд,
Онро ба гаҳи теғ задан бо кӣ тавон гуфт?
Сарҷумлаи норафтани ҷон бо кӣ тавон хонд?
В-аз ҳосили номондаи тан бо кӣ тавон гуфт?!
Гирам, ки зи ғам ҳар чӣ бувад, бо ҳама гуфтам,
Ранҷе, ки маро ҳаст зи ман, бо кӣ тавон гуфт?
Чун аз ҳама офоқ касе маҳрами мо нест,
З-ин ҳодисаи мардфиган бо кӣ тавон гуфт?
Рости гап, мисраи охиринро бо душворӣ навиштам. Чунки ибораи «ҳодисаи мардфиган» ба тафсир ниёз дорад, яъне шарҳи муҳашшо151 мебояд…
Бо дарду алам шарҳ медиҳам, ки «ҳодисаи мардфиган» охирин ваҳшати пурдаҳшати Турконхотун асту ҳама ровиёни ахбор бо забони бастаю сакта дар овоз нақл мекунанд. Пои ваҳми тезрав аз маликаи худкома ақлу шуур ва идроки инсонӣ дур афканду ҷинояти гӯшношунид содир намуд. Аз хатари фош гардидан ва ба тамоми олам овоза шудани сирри давлатӣ — фирори шармандавори Маликаи бонувони олам шармидаю тарсида, фармуд, то ҳама шоҳидони бегона — амирону вакилону ҳокимону меҳмонҳои дар Ғӯрганҷ ҳузурдоштаро ҷамъ оварда, ба пою гарданашон сангҳои гарон баста, дар оби Ому ғарқ намоянд! Амри аблаҳона бо чолокии туркона иҷро гардид ва заврақи умри бисту шаш бузургмарди Аҷам дар ваҳшаткадаи хотуни зол бодбон барнакашида, ба қаъри дарё фурӯ рафт.