Нигина хам шуда, аз байни тиллою лаълу марвориду ҷавоҳирот ангуштари дурахшоне ба даст гирифту оҳиста ба ангушти ишоратии Мирмӯҳсин андохт:
— Ин ангуштари тавқеъ аст, писарам. Мӯҳри подшоҳ, иқтидору азамати шоҳаншоҳӣ дар нигини он ниҳон аст. Шоҳаншоҳи олам тавқи заррин ба ман бахшиду ангушти таассуф газид ва нотавону бечораҳол шуд. Чингиз маро не, ана ҳамин ангуштаринро ба даст овардан мехост, то ҷовидон ҳукмрони ҷаҳон шавад.
Акнун ангуштари тавқеъ зеби дасти фарзанди Мирмалик аст, ки Ғазанфари олам буд. Ту Шоҳпаланги олам шав, писарам. Минбаъд дар Ворух истодани туро салоҳ намебинам. Туро ба амактағоят Сайфуддин месупорам. Вайро фарзанди рӯҳонӣ, дилбанди ҷонӣ шав. Ҳар ҷо бошед, дар амони Худо бошед…
— Шумо ҳамроҳи мо намеравед, модар?
— Ман аз Ворух дигар асло ба ҳеҷ куҷо намеравам, писарам. Чунки дар дигар ҷо рӯзгор бе малол гузаронда наметавонам. Дар ин ҷаннатмакон ҳангомаи марг баршикаста, роҳи тақво пеш мегирам ва пайваста ибодате шоиста мекунам, то ёди ёри меҳрубон ва поси хотири азизону бузургворон бо зикри хайр зинда нигоҳ дорам…
Синни ман ба сию панҷ расиду шукри Худо, ки ту шонздаҳсола шудӣ, писарам. Акнун ман домзада кабутарам, сояи боли ман доми бало барои муғулҳост. Аз навбаҳори ҳунарам накҳати андак мондаасту ҳар замон даст меҷунбонам, то коҳил нашавам. Аммо ту фаъол бош, зеро ҳарчанд ҷавонӣ, бо ҳама чиз оростаӣ! Домони поки амактағоятро ҳаргиз аз даст раҳо накун ва бираву орзую ормони падари худ ҳосил кун! Рӯҳи падаратро шод гардон, ки доимо ба шодӣ мегуфт: «Маро шоҳписарест, ки номи ман ба василати ӯ боқӣ мемонад!» Падарат…
Ку падарат?! Бадри тамом будаму аз фироқаш чун ҳилол шудиям… Дардо, ки аз ҷафояш шаб то шаб нимсӯхтаю борику торик мешавам… То ба кай кафтар аз ғами ғазанфар болканон менолад??!
Дидам, ки ваҷоҳати Нигина беҷо мешавад, зуд об бар оташ задам:
— Эй хоҳари ҷон! Дил аз фарзанд фориғ дор. Нигаҳдораш Худою нигаҳбонаш манам!
Рӯзгор аз фарри ӯ масъуд бод!
Чун абад умри ӯ номаҳдуд бод!!
Нигина гиряолуд хандид. Аз хайли хаёл фуромаду дигар сақате нагуфт. Аз ток обгинаи чинӣ гирифта, се бор шусту пок намуд. Дарунаш қадре шир рехт ва ба Мирмӯҳсин дароз кард:
— Бинӯш, писарам. Бикӯш, то дини исломро аз доғи кофирон чун шири модарон пок гардонӣ. Хайр, паноҳат ба Худо…
Бо исрори Нигина ба гурӯҳи савораҳои Фарғонарав пайваста, бо роҳи миёнабур лотаъхир равона гаштем. Маслиҳат чунин шуд, ки дар Исфара ҳафтае таваққуф карда, вазъиятро омӯхта, маркаб ба манзили дилхоҳ меронем. Аммо, чун ҳамеша гапи хона ба бозор рост наомад. Як рӯз қабл аз сафар шоир Абдулмаҷид оҷилан худро ба манзили мо расонд. Пиндоштем, ки ҳамсафарамон мешавад. Вале оҳиста ба даҳлез нишасту ҳазиновоз гуфт:
– Ҳарфи мотам дорам… Нигина ба риёзи ризвон хиромид…
Баъди гуселонидани шумо Нигина суфра кушода, аз орди сиёҳи осиё нони дегӣ рост карда, дар равған бирёнда, аз амакбузургаш хоҳиш намуд:
— Пас аз нон хӯрдан маро фотиҳа диҳед, ба мазори Оташон назр мебарам…
– Ҳамроҳ меравем, духтарам! — гуфт Бимастура. — Ман ду нони танӯрӣ мегирам…
— Не, бивиҷун. Ҳар гирда нун нест. Ҳар нарз қабул не… Ман нони фармуда ба Мирмалик мебарам…
Модар истодагарӣ карду вазъият тағйир ёфт. Ҳоли Нигина якбора табоҳ шуду ба худ печид. Баъди лаҳзае мисли вулқон ҷӯшиду хурӯшид. Гӯши додарашро сахт кашида «раву дар қалъаи обӣ шин! Лангарҳоя фуру ҳил! Киштӣ ба дарё барор!» гуфт. Баъд «Писарам, солим раву ғоним биё!» гӯён, худро аз ҳавлӣ берун гирифта, «Гурез, муғул омад!» гӯён дарвозаро аз берун занҷир баста, ғайб зад…
Дар мазори Оташон вайро наёфтем…
Кампираке гуфт, ки Нигинаро назди Санги Арӯс дидаасту «Манам Нозпарӣ, хушхиром чун кабки дарӣ» гӯён, рақс мекардааст…
Шикорчие гуфт, ки Нигинаро дар Гаҳвораи Заррин дидасту «Рӯйи ман насрин, мӯйи ман сунбул» гӯён суруд мехондааст…
Барзгаре гуфт: «Нигинаро дидам, ки доман пур аз гулу райҳон ва сунбулу займарон шитобон меравад. Пурсидам: «Куҷо равонаӣ?» Гуфт: «Ба Сияҳкӯл меравам. Ба аспи обӣ ғизо мебарам».
Чӯпоне гуфт: Нигинаро дар соҳили Сияҳкӯл дидам ва таъкид кардам, ки аз оби ях барин хунук эҳтиёт бошад. Хандон посух гардонд: «Оби Сияҳкӯл маро созгор аст. Аспи обӣ маро ба пеши париён мерасонад. Шоҳи париён маро ба шавҳарам мечаспонад. Чуноне дар зиндагонӣ бо вай будам, баъди марг ҳам бо вай бошам». Ин бигуфту худро ба об андохт…
Нақди ҳаёт ба қабули арвоҳ супоридани Нигинаро фаҳмида, садҳо ҷавонону обнавардон ба ҷустуҷӯ баромаданд. Аммо ба натиҷае нарасиданд — оби Сияҳкӯл ҳама кӯшишҳо хароб кард. Нури гетифурӯзи чашмаи ҳур дар қаъри кӯл хомӯш шуд. Фақат… дар ҷое, ки Нигина пардаи ҷон пора карда, худро ба об андохта буд, доғи хуни пои бараҳнааш мисли гули лола ба назар менамуд…