Вақте каломи саҳоба ба нуктаи интиҳо расид, падар Худои оламиёнро сипоси беҳад хонд, ки ба нури чашми ӯ чунин давлати бузург муносиб дидааст ва ба тариқи насиҳат афзуд:
— Бовар дорам, ки фарзанди мо сол ба сол беҳтар аз пештар қулфкушои муроди халқ мешавад ва кори каҷи аҳли хаторо рост намуда, ҳар дари сарбаста ба рӯйи мардуми дилхаста мекушояд.
Саҳоба падарро офарин хонд ва тиру камонро аз зини уштур ба даст гирифт:
— Ин камони мисрӣ, ки изи дасти Пайғамбари гиромӣ ва ёрони ӯро дар худ ниҳон дорад, мисли ангуштари муқаддас қудрати бемунтаҳо надорад, аммо муҳофизи ҷисму ҷони ширини писархондаи азиз хоҳад шуд. Дастур ин аст, ки ҳамеша дар ҷойи дастрас ва назарнамо истад ва фақат ба рағми душманони дини мубини ислом истифода шавад.
Баъди супурдани камону тирдон Товуси Ҳарамайн абрапӯстини сафед аз тан кашиду ба дасти Шайх Нуриддин дод. Боисрор таъкид кард, ки вақте Бадеуддини Нурӣ ба синни камолот расад, онро бипӯшад ва ҳар рӯзе ҳафт карат Оятулкурсӣ қироат кунад, ки дар домани ҷома бо шир навишта шудааст.
Баъди супурдани қабои муқаддас Товуси Ҳарамайн расани шутур ба дасти Бадууддини Нурӣ дод ва гуфт:
— Ин уштури сафед тӯҳфаи хоксоронаи ман ба писархонди гиромист. Алҳамдулиллоҳ, ки супориши муқаддас мукаммал иҷро шуд. Хайр, азизонам, паноҳатон ба Худо! Акнун маро як порча хокҷой арзонӣ доред…
Падару писар фурсати лабкушоӣ наёфта, дасти аҷал ба домани умри Пири муваккал чанг андохт. Саҳобаи вафодор бо хотири осуда ҷон ба Ҷонофарин таслим кард…
Бимастура, ки ҳикояти амакро бо иштиёқи том мешунид, фурсате хомӯшона ба дуриҳои дур нигаристу гиряолуд пурсид:
— Мурдаи ин бузургвора ба Арабистон бурданд?
— Не, ҷони амак. Сағонаи саҳобаи муаззам дар дили Хуҷанд, паҳлӯи масҷиди марказӣ ҷойгоҳи сазовор дорад. Ҳазрати Шайх Бадеуддини Нурӣ рӯзу шаб посдори рӯҳи содиқтарин ёри Пайғамбари Худоянд…
— Яъне ки мо аввал ба зиёрати сағонаи саҳоба меравем?
— Бале, ҷони амак…
Аҳмадсайид пешопешу Бимастура аз дунбол бо ишораи шайхи мазор оҳиста қадам ниҳода, ба сағонаи мӯҳташаме расиданд, ки аз сангу хишти пухта бунёд гашта, болояш бо каҳгили зард андова шуда буд. Баъди пурра ба ҷо овардани рукнҳои зиёрат ва ниёиш Бимастура фармоиши Муясараи фолбинро ба ёд оварда, девори сағонаро бо остину домони ҷомаи наваш пок намуд. Сипас атроф-ро аз дуди ҳазориспанди бо худ овардааш муаттар гардонда, бо дили пурумед ба мурғу кабутарҳои гирди сада каф-каф дон пошид ва назрашро ба нигаҳбони оромгоҳ бахшид.
Шайхи кӯтоҳқомат фарзандталаб будани ҷавонзани баландҳимматро дониста, тахтасанги сап-сафеди назди дарвозаро нишон доду бо овози паст гуфт:
— Санги Ҳақдор ана ҳамин. Дар китобҳо набиштаанд, ки ин хел санг ба ҳафт ранг ҳафт адад бошад дар ҳафт иқлими олам. Ин шахпораи одӣ не, санги осмонӣ ва раҳмонист пас аз санги сиёҳи муқаддас дар хонаи Каъба! Санги бахткушо аст барои духтарони дилхаста ва санги ҳоҷатбарорест барои бонувони фарзандталаб. Рӯ ба қибла истода, бо дасти рост сангро дошта, «Дасти ман не, дасти Пирам Подшоҳмарди Валӣ, ҳақ ба ҳақдор расон» гуфта ва бо пешонӣ сангро суфта, сидқан калима гардонда, талабу ният кардан даркор…
Бимастура нишондоди раҳнаморо мӯ ба мӯ риоя карду ҳини саҷдаи ҳафтум поёни нофаш мисли лахчаи ҳезуми зардолу гармакак шуд басо фораму рӯҳнавоз. Умед кард, ки шояд ниёиш қабул шудаву ҳақ ба ҳақдор расида бошад. Дар чунин лаҳзаи ҳассос шайхи мазор шитобон омаду ҳадаҳа кард:
— Кори заруре баромаду Пирам Подшоҳмарди Валӣ рафтанашон даркор. Таъхир халал меорад, сустӣ ба дурустӣ намерасонад. Кафшро кашида, шиппас ба хонақоҳ даромадан даркор…
Хонагоҳ тозаву озода ва хушбӯй буд, аммо ғайр аз як палоси сафеди туркманӣ, ду кӯрпачаи ба шакли мусовӣ густурда ва сандалии урён, ки болояш давоту қоғаз ва чанд китоби гуногунҳаҷм меистод, дигар бисоте ё ҷиҳозе надошт. Ба девори яклухт ва бетоки тарафи рост мехи чӯбине кӯфта, ҷойнамоз овехта буданд. Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ, ки дар кунҷи боло рӯйи пӯстак нишаставу ҳар замон ба китоби сари зонуяш нигариста, тасбеҳ мегардонд, Бимастураро бо ишораи абрӯ иҷозати нишастан дод. Аммо вай маҷоли ҷунбидан надошт, моту мабҳут ва саропо карахт шуда буд. Зеро рӯ ба рӯяш ҳамон мӯйсафеди нуронӣ ва сафедпӯше менишаст, ки дар хоб дида буд!! Ҳамон саллаи ҳафтпечу ришу мӯйлаби нуқрафом ва абрувони пайвасту чашмони пурмеҳр, ҳамон яктаҳи васеъ ва дарози урфӣ…