Бимастураро ҳаё пахш кард. Ҳарчанд кӯшид, суханҳои қаблан тайёркардаашро ба забон оварда натавонист. Вай гуфтан мехост, ки аз хонадоршавиаш чор сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз бефарзанд аст. Ҳамсолҳояш аллакай дутоӣ ва ҳатто се кӯдак доранду ҳар гоҳе онҳоро бинад, чашмаш чашмаи пуроб мешавад. Шавҳараш низ ҳоли табоҳ дорад, ҷигаркабобу синагирён ва дилбирён асту ғӯла ба танг омада… Ва ғайраю ҳоказо гуфта, маддаи дил кафондан мехост. Вале натавонист. Зеро ҳис кард, ки Ҳазрати Бузургвор ҳамаи ин гапҳоро, ҳатто бештар аз инро хуб медонаду аёнро ҳоҷати баён нест.
Бо чунин андеша муқаддимаи дарднокро нагуфта, рост ба сари мақсад омад:
— Як хоби аҷоиб дидам… Хобкушои деҳа дар таъбираш оҷиз монд… Пеши Шумо гусел кард…
— Хуш омадӣ, Мастураи ворухӣ. Ба Хуҷанд, ки омадӣ, лаби ғунча ба табассум кушо ва дар шаҳри хубони олам гарду ғубор аз дилу чеҳра дур афкан. Зеро ба ту дуруст фаҳмондаанд, ки агар зани чашминтизор кабутар ба хоб бинад, модари духтар шавад. Аммо ту татайюр накун! Яъне аз парвози мурғ дар хоб фоли бад нагир. Ту ба шодию нишоти бештар ҳақ дорӣ. Зеро кабутари сафеди дар хоб дидаат парандаи биҳиштист ва аз кафтархонаи Ҳасти Бибӣ Марям (раҳиматуллоҳ) ирсол гардида, чунин маъно дорад: аз батни ту шоҳдухтаре падид меояд он қадар гулчеҳра ва гуландом, ки аз машриқ то мағриб сурате ба хубию хушӣ тимсоли ӯ нест ва гузаш- тагон мисли ӯ нозанин надидаанду ояндагон нахоҳанд дид!
Акнун сухане бишнав дар бораи он парандаи осмонӣ, ки тори сари ту ва кабутари бағалат тоб мехӯрд: он мурғи ҳумой аст ва бо амри Ҳақ Таъолоҳ агар сояаш бар сари касе афтад, ҳумоюнбахт мешавад. Яъне, кафтараки ту ҷойгузин хоҳад шудан зери болу пари бузургворе, ки он… на манам! Замоне туву амакат дар роҳ будед, «Китобу-т-тафҳим»-и Беруниро назар кардам. Гардиши фалак, ҳаракати ситораҳо ва навиштаҳои дафтари нуҷумият аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯзи дар дунё ба парвоз омадани кабутари ту дар машриқзамин шоҳи бузургманиш ба тахт мешинад ва кафтари ту дар сояи давлати ӯ болу пар меафшонад.
Ҳоло сабаби дар хоби табъӣ намудор шудани маро бишнав, Мастураам. Чоштгоҳи рӯзи ҷумъа дар ин хонақоҳ ду ракъат намоз аз баҳри Ягона адо карда, дар муроқиба будам, ки нидое аз ғайб ба гӯш расид: «Дар деҳаи дурдасти саргаҳи Сайҳун мастурае, ки решаи маҷнунбед ва садаи зиёратгоҳҳо бо ашки чашм шодоб кардааст, мӯҳтоҷи маслиҳати туст. Фарзандгадои дарбадарро навозиш намо.»
Бо амри Парвардигори олам дарҳол ба имдод расида, дасти иноят сӯят дароз кардам, эй Мастураам, то ҳама кори ту некӯ шавад.
Вуҷуди ҷавонзан ларзид, дар баданаш рашъа дамид ва ба обу арақ ғӯтид. Зеро «мастураам» гуфтани ин Пир ва он Пире, ки дар хоб дида буд, комилан ҳамсадову ҳамоҳанг буд ва дар дилаш ягон зарра шубҳа намонд. Худро пеши пойи Ҳазрати Бузургвор пар- тофт ва дасту домони вайро беист бӯсида, ашки шодӣ мисли дурдона мерехт.
Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ пас аз андаке тааммул бо нӯги ангуштони муборак сари оҷизаро аз замин боло бардоштаву сила намуда, дар бедорӣ низ дасти шафоат ба китфаш гузошт:
— Дуоҳоят, гиряву нолаҳоят шунида ва пазируфта шуд, Мастураам.
Назру ниёзҳоят, садақа ва бахшишҳои бешуморат қабул гардид, Маъсумаам.
Вақте назди санги Ҳақдор нолиш ва ниёиш мекардӣ, барои таъвил китоби муборак кушодам ва иборае табаррук пеши назар омад: таҳмилуҳу — малоикату2. Ин башорат аз он аст, ки ҷисми поки тифли некро малоикаҳо аз нур хоҳанд сиришт ва дар зиндагӣ фаришта магасрони он баландахтар мешавад!
Ин каломи муборакро рӯйи коғаз овардаю дам андохта, бароят тӯмор сохтам. Ё Мастура, ақбил ва ло тахаф! Пеш ой ва матарс! Туро маслиҳат ин аст, ки ҳамеша онро бо худ дошта бошӣ ва мисли гавҳараки чашм ҳифз кунӣ. Зеро агар тумори нигаҳдошт гум шавад, фаришта бигурезад…
Бимастура тумори чаҳоркунҷаро бо тавозӯъ аз дасти Шайх Бадеуддини Нурӣ гирифта, ба дидаҳояш молид ва барои шунидани давоми сухан боз дузону нишаст. Ҳазрати Бузургвор ояте аз каломи Маҷид қироат карду бо дуои нек таъвил, таъбир ва тадбирро ҳусни хотима бахшид:
— Эй духтари чашминтизори бобо! Вақти хайрбод ҳам фаро расид. Дигар маслиҳат ин аст, ки хезу лаби ҳавзи масҷид рав, ки обаш файзи оби Замзам дорад. Се каф нӯшида, насибаи худ дарёфта, вақти хориҷ шудан занҷири Дари мурод-баромадгоҳро бӯсида, бо касе ягон ҳарфи зиёдатӣ магӯ ва худро ба Ворух расон. Давоми нек роҳатро, пешонаатро Худо кушояд.
Ором ва омода бош, Макнунаам…
Ба шавҳарат аз номи мо дуруд бигӯ. Зеро пуртоқатӣ ва таҳаммулпазирӣ, ки писанди Худост, меҳвари мазҳаби мост. Калиди бахту саодат, қулфкушои дилҳо ва ҳама мушкилҳо сабр аст.
Сабурӣ пеша кун, гар ком хоҳӣ,