Шавҳари шодгашта дарҳол намози шукру сипос гузорид. Ба мазори саҳобаи гиромӣ гӯсфанди чорсолаи бахта назр намуду ба Муясарбону шоли заррин ва куртаю ҷомаи нав аз шоҳивори беҳтарин ҳадя овард ва ёру дӯстонро ба зиёфат хонд…
* * *
Дар яке аз рӯзҳои сеюмин моҳи ҳомиладорӣ Бимастура ҳис кард, ки сараш чарх мезанаду дилаш беҳузур гашта ва чашмонаш тира мешаванд. Дарҳол момодояро ҳозир карданд. Набзи беморро санҷиду тапиши дилашро гӯш андохт, кому забонашро муойина кард ва фаҳмонд, ки ин ҳолат барои занҳои ҳомила муқаррарист ва Бимастура чун дигарон сарторик шудааст.
— Аксар занҳои дуҷон ба туршӣ дилкашол мешаванду табъи баъзеҳо ширинӣ меҷӯяд. Як ҳамсояи мо дар чиллаи зимистон ба ғӯра сарторик шуда буду дигар занак — ба шири хар! Дили ту чӣ мехоҳад?
— Гӯшти кафтар…
Ин гап аз даҳони Бимастура баромадан ҳамон кабутари хонагӣ ноором шуда, ҷониби кадбону нигоҳи аҷибе афканду аз равзана фаррӣ парида, ба айвон баромад. Бори дигар бо чашми ҳаросон соҳибхонаро нигаристу бо тамоми қувват бол зада, ҷониби офтоббаро парид. Бимастура, ки амали кабутарро бо чашми нимторику дили пурғаш тамошо мекард, оҳи сарде кашида, гиряолуд, аммо бесадо гуфт: «Ҳамааш айби худам. Аввал ман хиёнат карда, ба гӯшти кафтар дандон тез кардам. Маро бубахш, кабутари сафедам, кафтараки умедам… Аз гуноҳам гузар…»
Момодоя, албатта, ҳарфи бесадои кадбонуро нашунид. Аммо ба ҳушёрию чаққонии кабутари рамида қойил шуда, базавқ хандид:
–Ҳақиқатан ҳам ҷон чизи ширин будааст! Паррандаи безабон чӣ хел фаҳмид, ки кадбону гӯшти вайро қайла кардан мехоҳад?!
— Гӯшти ин кабутар не! — гиряолуд овоз баровард Бимастура. — Ягун кафтари дигар ёбед.
Абдулсайид пичингомез гуфт:
— Оббо, ҷонвари доное! Оъ… агар натарсида, ором дар ҷоят меистодӣ ҳам, ман ба ту кордор намешудам… Ҳай-ҳай! — гуфт пичингомез Абдулсайид ва бо таассуф сар ҷунбонда, саночу камон гирифту ба шикори кабутар рафт. Аммо дастхолӣ баргашт — то вақти говгум кофту кофт, ягон кафтар наёфт.
Субҳи дигар ба он тарафи кӯҳи Душоха гузашт, ки макони беодам буд. Ин ҷо гулу гиёҳу дарахтони ёбоӣ беадад мерустанд ва парандаю чарандаи хелмахел бехалал мезистанд. Лекин, ҳарчанд ҷустуҷӯ кард, лоақал як пари кафтар надид…
Шалпару ниммурда ба хона баргашту чор мурғи тазарв ва кабки ҳилол болои хон ниҳод яке аз дигаре фарбеҳу ботароват ва иштиҳоовар. Вале Бимастура, ки то ҳол намаке ба даҳон набурда буд, беҳолона «кафтар» гуфту аз ҳуш рафт.
Вақте ба худ омад, овози шавҳарашро шунид, ки бо алам мегуфт:
— Агар ин аҳвола медонистам, ун кафтари гурезпоя бо ресмон баста мемондам… Уфф… Агар ҳозир ҳамун кафтарак мебуд…
— Чӣ кор мекардед? — бо имои чашм пурсид Бимастура.
— Даррав пӯсту пора карда, ба дег меандохтам.
— Неъ! — Бимастура тамоми қувваташро ҷамъ оварда, пурсӯз нидо баровард. — Гушти ун кафтара хурдан мумкин не!! Вай… кабутари бахтовар…
— Бахтовар буд, марговар шуд! — сӯзи дил пинҳон дошта натавонист дуредгар. — Туро аниси беҳтарин буд, лекин… дар лаҳзаи заруртарин гурехт. Туро танҳо партофта, бенишон ғайб зад. Хиёнат кард ба ту!
Аз таънаҳои шавҳар маҷрои фикри Бимастура тарафи дигар тоб хӯрд ва гиряолуд гуфт:
— Рост мегуед, хиёнат кард! Вақте донист, ки гушти кафтар мисли нушдору ба ман зарур аст, ҳам худаш гурехту ҳамҷинсҳояшам гурезонд, ба тухми кабутар қирон овард! Шумоя сарсон, мана бесомон кард. Агар ин кафтари нобакор ба дастам афтад…
Абдулсайид бо тааҷҷуби ошкоро ҳамсарашро нигарист, ки ранги рӯяш аз ғояти ғазаб кабуди сияҳфом гашту дандонҳояшро ғачарос занонда, бо мадади кадом як қувваи ниҳонӣ аз ҷой нимхез шуд ва бехудона фарёд кашид:
— Агар ун кафтари бевафо ёфт шавад, бо дасти худам пора-пора карда, хомохом мехурам! Хунашро об барин дармекашам! Хезед мардак, ёбед вай кафтара…
Бимастура тамоман беҳолу бемадор гашту рӯйи ҷойгаҳ пару афтид. Момодоя бесаранҷом шуда, шавҳари саргарангро ба по хезонд:
— Аҳволи занак чатоқ! Агар то бегоҳ обу ғизо нахӯрад, кӯдак талаф мешавад. Хезед, аз таги замин бошад ҳам, ягон кафтарбача ёфта бед.
— Боз ба куҷо равам? Дар Ворух кафтархона ё кафтарбозор набошад…
— Кафтархона гуфтед? — якбора ба ҷони момодоя ҷон даромад. — Назар ба шунидам болотар аз Санги калон кӯҳе ҳаст номаш Кафтархона. Зуд бошед, аз шикорчиҳо пурседу тозед!