Чингиз АЙТМАТОВ
ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН
Тарљумаи Низом ЌОСИМ
E-maiclass="underline" nizom_kosim@mail.ru
Ба хонанда ќиссае аз роман манзур мешавад. Чист ин – жанри нав оё? Табиист, ки чунин жанр вуљуд надорад. Вале, агар ба назар бигирем, ки дар зиндагї рухдоди ягон чиз аз имкон дур нест, ќиссае аз романи «Рўзе њаст дарозтар аз ќарн» мавриди назар аст, ки дар маљаллаи «Новый мир» чоп шуда буд. Аз тафсилоти он ки чаро дар он даврони њукмравоии идеологї, ки сензорњои њамабин ва «фикрњои боло» таќдири асарро ба таври маъмурї њал мекарданд, нахустќаринаи роман бе ин пора нашр шуд, худдорї мекунам. Бисёр мешуд, ки ба хотири маљмўан «гузаштан»-и китоб аз баъзе порањо сарфи назар кардан лозим меомад, то ки, образнок бигўем, киштии дар он тўфони шадид љониби соњилњои хонандагон равон аз њад зиёд гаронбор нашавад.
«Суруди носурударо то охир сурудан» на њамеша муяссар мегардад. Вале ин дафъа чунин имконият даст дод. Ва ман … ин пораи романи куњнаи «нав»-амро манзур мекунам. Бояд бигўям, ки дар ќисса яке аз ривоятњои шифоњии бодиянишинон оид ба Чингизхон, устурае, ки ба воќеияти таърих кам нисбат дорад, вале аз хотираи мардум зиёд шањодат медињад, корбаст шудааст.
Ќаторањо дар ин бару бум аз ѓарб ба шарќ мерафтанду аз шарќ ба ѓарб…
Дар он шабњои бўронии бањманмоњ, њини убури тумани сафеди паррон, ки бодњо аз њамвории сарди Сарой бармехезонданд, ќаторабонњоро љидду љањди зиёд лозим буд, то миёни барфтўдањои дашти бекарон нимистгоњи Бўрониро ташхис бикунанд. Ќаторањои нимишабии гирдбодолуд дар он тирагї, чун дар хобњои ноорому пуризтироб, меомаданду мерафтанд…
Дар чунин шабњо дунё гўё аз бесомонии азалии хеш бори дигар тавлид мешуд – дашти Сарой, дар банди сардии нафаси хеш, уќёнуси пурѓубореро мемонд, ки дар задухўрди пуразоби нуру зулмот пайдо шудааст…
Ва дар он фазои бењудуди биёбон њар шаб то сањар равзанаке дар нимистгоњ рўшанї мекард; гўё он љо, пушти он тиреза, касе бањасрат љон меканд, гўё он љо касе сахт бемор буду љои шиштан намеёфт ё аз бехобии мудњише азоб мекашид. Он тирезаи кулбаяки назди нимистгоњ буд, ки хонадони Абўтолиб Ќуттибоев мезист. Зану бачањояш, то сањар чароѓро хомўш накарда, роњи ўро мепоиданд, Зарифа шаби дароз чандин бор пилтаи чароѓ тоза мекард. Ва њар бор, дар рўшноии њар шўълаи нав, нигоњи ў беихтиёр дар рўи кўдакони масти хобаш ќарор мегирифт – ду писари сарсиёњакаш, чун ду баррача, ором мехуфтанд. Тањи як куртаи тањпўш баданаш ба ларза медаромад ва ў, дастонашро ба сари сина фишурдаву дар худ њалќа зада, ба дањшат меафтод, ба бачањакњош нигариста, метарсид, ки падарашонро хоб мебинанд, дар хоб бо тамоми ќувват сўяш медаванд, дастаконашонро бол карда, гириставу хандида, бањсмабањс метозанд, вале њељ ба ў намерасанд… Дар бедориашон онњо аз њар ќатораи роњгузаре, ки аќаллан ним даќиќа дар истгоњашон меистод, фуромадани падарро мунтазир мешуданд. Њанўз ќатора наистода, бачаякон назди тиреза калла мекашиданду тайёр буданд аз дилу љон ба истиќболаш битозанд. Вале падарашон намеомад, рўзњо мегузаштанду аз ў дараке набуд, гўё тањи тармаи баногањ кандаи кўњ монда буду касе намедонист ин њодиса бо ў дар куљо ва кай рух додааст…
Ва боз як тиреза, тирезаи панљараи оњанидоре дар гўшаи дигари дунё, дар нимтањхонаи мањбаси тафтишотии Алмаато низ он шабњо то сањар рўшан буд. Расо як моњ инљониб Абўтолиб Ќуттибоев аз нури чароѓи пуриќтидори барќї, ки дар саќфи мањбас фурўзон буд, ранљ мекашид. Дуои баде буд, ки гирифташ. Намедонист сарашро ба куљо бизанад, чашмони ранљургаштаву сари сахташро аз нури сўзону буррони барќ чї гуна њимоят бикунад, то аќаллан як лањза худро фаромўш бисозаду аз ёд бубарад, ки барои чї ин љост ва аз ў чї мехоњанд. Шабњо, њамин ки куртаашро ба сар кашида, рў сўи девор мекард, њамоно нозири мањбас барќосо ба камера медаромаду ўро, аз кати чўбї поён афканда, зери лагад мегирифт: «Рўятро сўи девор накун, палид! Саратро напўшон, власовчии мурдор!» Ва њарчанд доду фарёд мекард, ки власовчї нест ў, ононро ба ин коре набуд.
Ва боз, рў ба нури беамони барќ оварда, як каме чашмони бењолшудаю варамидаашро нимпўш карда, аз дилу љон дар орзўи торикистон, дар њаваси дунёи тип-торики бенуре мешуд; гўр њам бошад, майлаш, гўре, ки дар он чашмону майна аз мављудият бозмемонанд ва он гоњ ягон нозиру ягон муфаттиш имкон надорад гирифтори ин азоби тоќатфарсо - рўшноии мудњишу бехобию латукўбњояш бикунад.
Нозирон банавбат иваз мешуданд, вале яке аз дигаре батар буд – ягон нафараш заррае рањм надошт, ягонтааш рў сўи девор гардондани мањбусро нодида вонамуд карда наметавонист, баръакс, њамаашон, гўё њаминро интизор буданд, ки дарњол бо хашму њаќорат ба латукўб мепардохтанд. Абўтолиб Ќуттибоев, бо вуљуди он ки моњияту вазифаи нозири мањбасро медонист, баъзан навмедона аз худ мепурсид: «Барои чї ин хеланд онњо? Ба зоњир одаманд-ку! Чї гуна чунин золим шудан мумкин бошад? Охир, ман ба ягонтаашон бадї накардаам. То њол онњо маро намедонистанду ман – онњоро, вале чунон мезананду тањќир мекунанд, ки гўё ќасди азалї дошта бошанд. Барои чї? Аз куљо пайдо мешаванд чунин одамон? Чї хел ин гуна бешафќату золим мешаванд? Барои чї маро ин ќадар азоб медињанд? Чї хел тоќат кунам, ки девона нашавам ё сарамро ба девор зада майда накунам?! Илољи дигар нест, охир».
Боре ў дигар тоќат накард. Гўё дар вуљудаш барќи сўзон шўълавар шуд. Худаш бехабар монд, ки ба нозири љаббор дарафтодааст. Њарду, гарми афтударафт, хеле рўи фарш ѓел заданд. «Дар љанг дучорам мешудї-ку, саги девона барин мепаррондамат!» - бо овози гирифта мегуфт Абўтолиб, гиребони гимнастёркаи нозирро ќарсас даррондаву гулўяшро бо ангуштони карахти хеш фишурда. Агар ду нозир аз долон расида намеомаданд, маълум набуд, ки он гирудор бо чї меанљомид.
Абўтолиб танњо рўзи дигар ба худ омад. Нахустин чизе, ки зимни торикиву дарди љонкоњ дид, њамон чароѓи фурўзони саќф буд. Баъд фелдшерро дид, ки дар болои сараш љунбуљўл дошт.
- Хоб кун, хоб кун, акнун аниќ аз сафари он дунё баргаштї, - оњиста гуфт ў, пахтаи тарбандиро ба пешонии маљрўњаш монда, - Минбаъд ин хел ањмаќи ањмаќ нашав. Њаќ доштанд барои њуљум ба посбон дар љоят бипарронанд, саг барин мемурдиву касе њам суроѓат намекард. Шукри Тансиќбоев кун, ки ба ў љасадат не, худат даркорї. Фањмидї?
Абўтолиб бехудона хомўш буд. Ба ў дигар фарќе надошт, ки чї рух медињаду ќисматаш чї хел сурат мегирад. Эњсоси дард дер гоњ вуљудашро тарк карда буд.
Њамон рўзњо, ки гоњ-гоњ аќлаш тира мешуд, беэњсосиву ниммадњушї наљоташ дод. Дар чунин лањзањо Абўтолиб мекўшид аз нури дидасўз нагурезаду пинњон нашавад, балки ба истиќболи анвори берањму љаббор, ки аќлашро мерабуд, майл мекард ва чунин менамудаш, ки ба сарчашмаи дарду азобњо расидаву аз худ гузашта, дар осмон пар мезанад, то ќудрати бефосилаи рўшноии дидасўзро бартараф бисозаду ба адам бипайвандад.
Вале дар чунин лањзањо њам дар њушу ёди афгораш риштаяки восили њасрату хавотирии дилфишору ќарини хонадону фарзандон ўро бо рўзгоре, ки даргузашта буд, мепайваст.
Банди њасрати тоќатнопазири онњо, ки дар Сарой монда буданд, Абўтолиб мекўшид худро худ мањкум бикунад, гуноњи хешро дарёбад, љањд мекард љавоб бидињад, ки барои чї ў бояд мўљиби љазо бошад. Ва посух намеёфт. Ба љуз асорат, асорати немисњо, ки дар ќатори њазорон муњосирашудагони дигар вай низ мањкумаш гардида буд. Вале барои ин чї ќадар метавон љазо дод? Љанг кайњо хотима ёфта, љурмњо низ – бо нархи хуну машаќќати лагерњо - љуброн шудаанд, њамаи онњоеро, ки дар он љанг буданд, кайњо як по ба лаби гўр расидааст, вале њокими мутлаќ њамоно ќасд мегираду њељ таскин намеёбад. Вагарна, ин њама чї маънї дорад? Дар љавоби хеш дармонда, Абўтолиб дар дил орзўе мепарварид, ки имрўз-пагоњ сањви бо ў рафта маълум мешавад, он гоњ ў, Абўтолиб Ќуттибоев, омода аст њама ранљу озорро бубахшад, зудтар озодаш кунанду ба хона фиристанд, шуд; ва ў њамоно он љониб, назди фарзандону оилаи хеш, ба Сарой, ба нимистгоњи Бўронї, ки бачањояш Эрмаку Довул ва занаш Зарифа чашм ба роњанд, мешитобад; балки не, бол бароварда, парвоз мекунад; љониби Зарифа пар мекушояд, ки дар он дашти ќањратун фарзандонро, чун мурѓ чўљаяконашро, зери бол гирифтаву бо ашки сўзон ва таваллои бепоён мекўшад ќисматро мутаассиру муътаќиду нармдил бисозад, рўзу шаб рўи рањми худоро мехоњад, ки шавњараш рањо биёбад…