Выбрать главу

Боз илњоми шеър гуфтанаш омад:

Аз алмосњои беназири давлати хеш

Дурахшон моње дар осмон устувор мекунам. Оре!..

Мўри пайроњаеро њам гурез нест

Аз оњанин суми аспони лашкари ман… Оре!

Анбони таърихро

Аз саѓрии араќшори аспи ман

Авлоди ќадрдонам бармедоранд

Ва ќадри ќудрат дармеёбанд… Оре!

Њамин хел шуд, ки мањз њамон рўз, баъди пешин, ба Чингизхон хабар доданд, ки алораѓми манъи ќатъии хон зане дар ќофила зойидааст. Падари кўдак маълум нест. Ин хабарро Арасан-хептегул овард. Хептегули рухсорасурху беќарорчашми хастагинопазиру њамеша аз њама чиз бохабар ин дафъа њам аз њама пеш дарак ёфт. «Ќарзи банда њама чизро, тавре ки њаст, пешат арз кардан, аълоњазратам, њушдори љанобашон аз ин хусус бандаро ба њамин водор мекунад», - то ки суханонашро бод набарад, барбабари њоќон асп рондаву аз фарбењї базўр нафас кашида, кўтоњакак хабар дод ў.

Чингизхон аввал сарфањм нарафт ва ба хептегул љавобе надод. Ў, ки он лањза дар хусуси лавњањои сангини орзўяш меандешид, дарзамон он алами ногањонро дарк накард; дер гоњ пеши худ иќрор намудан њам намехост, ки таъсири инчунинеро аз ин хабар интизор набуд. Чингизхон њаќирона сукут варзида, аз алам гардиши аспашро тезтар кард ва њамоно бари домони пўстини сабуки самуриаш, мисли ду боли мурѓи рамида, ба ду тараф бод хўрд. Арасан-хептегул, баробари ў асп давонда, дар њолати ногуворе монда буду чї кор карданашро намедонист: гоње, то ки њузураш ќањри хоќонро наафзояд, лаљомро мекашиду гоње баробараш асп меронд, то ки агар сухане бигўяд, шунида битавонад. Ў сабаби сукути бардавоми њокимро њељ фањмидаву дарк карда наметавонист – душвор аст магар њамагї ду калима – «Ќатлаш кунед!»-ро ба забон овардан – ва њамоно он занаку њаромиашро дар љошон ќуртакљаф карда мекуштанд. Чунин густохзанакро ба намад печонда, дамгир кардан даркор, ки дигаронро ибрат бишавад.

Баногањ хоќон, ба аќиб нигоњ накарда, чунон тунду тез гап зад, ки хептегул рўи зин нимхез шуд:

- Барои чї то зойидани он ќанчиќ касе дамии шикамашро пай набурд? Ё диданду нагуфтанд?

Арасан-хептегул бесарунўг чаро ин хел шудани воќеаро шарњ доданї буд, ки хоќон омирона гапашро бурид:

- Даматро бигир!

Баъди чанд лањза базарда пурсид:

- Бешў буданашро фањмидем, чикора будааст, ки рањбарањ мезойдааст – ошпаз аст, аловмон аст, подабон аст – кї аст?

Ва чун фањмид, ки халосшуда парчамдўз аст, бењад њайрон шуд, чунки то њол боре ба хаёлаш наомада буд, ки касе ба ин кор машѓул аст, яъне, парчамњои зарини ўро мебураду медўзад, њамчунон ки фикр накарда буд – касе мўзањояшро бахиядўзї мекунад ва ё юртањои навбанаве месозад, ки умраш зери гунбазашон мегузашт. То њол ин майда-чайдањо дар хаёлаш намегунљид. Чаро њам худро ба ин фикрњо гаранг кунад, магар ин байраќњо, ки чун гулханњои пешакї афрўхта ќабл аз њузури худаш дар ќароргоњњо, миёни лашкар, дар набарду базмњо пайдо мешуданд, бар фарози ўву лашкараш худ ба худ мављуд набуданд? Ана, њоло њам, пеш-пеш, барои ў роњ кушода, парчамдорон равонанд. Ў ба Ѓарб юриш дорад, ки парчамњои худро он љо парафшон кунаду байраќњои бегонаро зери поњо афканад. Њамин тавр хоњад шуд… Чизеву касе сари роњи ўро гирифта наметавонад. Майдатарин сарпечии њар кадоме аз њамроњонаш, ки бо ў ба љањонгирї равонанд, фаќат марг аст. Љазо ба хотири мутеъ кардан – њамин аст воситаи таѓйирнопазири њукми як кас бар њамагон.

Вале дар ин маврид натанњо занаки зардўз, балки боз каси дигаре њам аз ањли корвон ва ё ќўшун гунањкор аст… Кист он?

Аз њамон лањза табъи Чингизхон хира шуд. Ин аз чењраи беифода, нигоњи вазнин ва нишасташ рўи зин, ки гўё муќобили шамоли сахт ќарор дошта бошад, аён буд. Вале ягон нафари ононе, ки бино бар корњои таъхирнопазирашон љуръати ба ў наздик шудан карда буданд, намедонистанд, ки хиратабъии хоќон начандон аз ифшои воќеаи густохонаи фармоншикании кадом як дўзандаву мањбуби номаълумаш, балки бештар аз он аст, ки ин њодиса ќиссаи тамоман дигареро хотиррасонаш кард; ќиссаеро, ки дар дилу љонаш наќши талху носутурдании нангине гузошта буд.

Аз нав, хуншор шудаву дилу љонашро сўзонда, љароњати замони љавониаш ба ёд омад; замоне, ки ў њанўз номи аслиаш - Темучинро дошт ва њоло касе гумон намекард, ки аз он саѓераи бепадар - Темучин Њокими Љањор Сўи Олам мерўяд; он ваќт ў худ низ њанўз дар хусуси ба ин монанд чизе фикр намекард. Њамон айёми дур, дар айни љавонї вай фољиаи нангинеро аз сар гузаронд. Зани љавонаш – Бортэро, ки волидони Темучин њанўз дар кўдакиаш хостгорї карда буданд, дар асалмоњи хонадориашон, њангоми њуљуми ќабилаи њамсоя – меркитњо дуздиданд ва то ў, њангоми њуљуми навбатї, боз ба даст овардаш, ки рўзњои зиёде сипарї шуд, рўзу шабони бешуморе гузаштанд, ки барои њисоби аниќашон акнун њам, агарчи бо ќўшуни бисёрњазора ба фатњи Ѓарб мерафт, то номи худро дар маснади салтанати љањонї барќарору абадан дастнорас бисозад ва њамаро – рўпўшу фаромўш, мадораш намерасид.

Он шаби дур, ваќте ки меркитњои палид, баъди гирудори серўзаи хунин, бетартибона гурехтанд; галањову ќароргоњашонро партофта гурехтанд; зери фишори мудњиши берањмона, танњо барои љони ночизашонро рањо кардан, аз ќасос гурехтанд; ваќти амалї гаштани савганди интиќом, ки нидо мекард:

… Парчами куњану аз дурњо аёни худро

Пеш аз юриш дар хуни хасм тар кардаам

Ва наќораи ѓулѓулафкани хешро,

Ки пўсти барзагов ба рў дорад, ба садо овардаам.

Ба саманди сияњёли хеш нишастаам,

Љавшани бешикаст ба бар кардаам.

Шамшери беамон ба даст бигрифтаам,

Бо меркитњо то мурдан хоњам љангид…

Мардуми меркитро то кўдаки гањвора нобуд

 хоњам кард

Ва то лонаи чуѓз шудани маконашон…

- ваќте ки дар он шаби фиѓону нола ин савганди мудњиш пурра ба иљро расид, њамроњи осемасар гурезандагон, ки таъќиб мешуданд, аробаи рўпўшидае њам бошитоб он маконњоро тарк мегуфт. «Бортэ! Бортэ! Куљої? Бортэ!» – бо тамоми овоз фарёд мекард Темучин, маъюсона худро ба чор тараф задаву дар ягон љояш наёфта ва оќибат, њангоме ки ба аробаи рўпўшида расиду одамонаш сарибод аробакашро ба љањаннам фиристоданд, Бортэ ба фарёдаш љавоб дод: «Ман ин љоям! Ман – Бортэ!» – ва аз ароба парид, ў низ худро аз асп афканд, њарду ба истиќболи њам шитофтанду якдигарро миёни пардаи тирагї ба канор кашиданд. Ва њамон лањзае, ки њамсари љавонашро сињату саломат дар оѓўшаш дарёфт, чун зарбаи ногањоние ба дилаш, бўи ношиносу бегонаи, аз афташ мўйлабњои сахт дуди тамокуолударо, ки дар гардани гарму нарми ў монда буд, эњсос кард ва лабони хешро, то хуншор шудан газида, љобаљо карахт шуд. Дар атроф њамоно набарду гирудор, зумраеро нест кардани дигарон идома дошт…

Баъд аз он ў дигар ба љанг надаромад. Њамсари аз асорат рањондаашро ба ароба шинонда, аќиб гашт. Мекўшид худро нигањ дорад, то дарњол он чизе, ки вуљудашро сўхт, аз дањанаш набарояд. Баъд тамоми умр худро хўрд. Мефањмид, ки занаш на бо ихтиёри худ ба дасти душманон афтод. Вале ба чї ќимате зинда монд ў? Як тори мўяш њам кам нашуд. Маълум буд, ки дар асорат азобаш надодаанд, азиятдида гуфтан мумкин набуд ўро. Вале баъдан њам дар ин бора миёни онњо гуфтугўи рўирост доир нашуд.

Ваќте он меркитњои камшумор, ки пас аз торумор ба дигар мамолику љойњои дастнорас кўч баста натавониста буданд, дигар хавфе њам надоштанд – ё чўпону хизматгор шуда буданд ё ѓулом – сабаби ќасоси бењад берањмонаи Темучинро, ки аллакай Чингизхон шуда буд, касе намефањмид. Њамаи меркитњо, ки гурехтан муяссарашон нашуда буд, аз дами теѓ гузаштанд. Ва дигар касе аз онњо гуфта наметавонист, ки ба Бортэи ў, дар рўзњои асораташ дар ќабилаи меркитњо, алоќае дошт.