Баъдан Чингизхон боз се зан гирифт, вале чизе дарди зарбаи нахустину мудњиши ќисматро дар дилаш даво карда наметавонист. Ба касе ошкор намесохт, вале њамон дард, њамон захми хунчакон дар дил зиндагї мекард хоќон. Ваќте ки Бортэ нахустфарзандаш – Љўчиро ба дунё овард, Чингиз-хон аниќ њисобукитоб кард, ки писари ў будани кўдак њам мумкину писари бегона њам. Каси номаълуме густохона ба номуси ў даст зада, умрбод ќарорашро рабуда буд.
Ва њарчанд он марди номаълуми дигар, ки занаки парчамдўз њангоми юриш аз ў таваллуд карда буд, ба хоќон муносибате надошт, хуни њоким туѓён намуд.
Баъзан як сабаби ночиз њам одамро ба њолате меорад, ки дар як мижа задан дунё пеши чашмаш чаппаву роста мешавад ва на чуноне менамояд, ки лањзае пештар - матлубу маъќул метофт… Мањз чунин гардише рух дод дар дили хоќони кабир. Атроф њамон хеле буд, ки то ин хабар пеши чашм метофт. Пеш-пешаш, савори сиёњмушкинњо, дар даст байраќњои парафшони аждардор, њамоно парчамдорон мерафтанд; зери зинаш, чун њамеша, йурѓааспаш Хуба чорхез мезад; аз ду бару аќибаш, савори самандњои хушзот, бо эњтироми тамом ањли рикобаш роњ мепаймуд; атроф пур аз посбонони содиќаш – дастањои кезегулњо буд; дар тамоми пањное, ки ба чашм мерасид, туманњои муќтадири љангиаш ва такягоњи онњо – њазорон аробањо њаракат мекарданд. Болои сараш, бар фазои он њама сели одамї, дар осмон абри сафеди бовафояш, њамон абре, ки аз нахустин рўзњои юриш аз њимояти Осмони Воломаќомаш шањодат медод, шино дошт.
Њама чиз чун пештара менамуд, вале чизе дар ин дунё бељо шудаву таѓйир хўрда буд, ки боиси хашми њардамафзои хоќон мегардид. Маълум мешавад, касе аз амри ў сар печидааст, нафси белаљоми шањвониашро аз нияти ў боло гузоштааст, дониста зидди фармудаи ў рафтааст! Касе аз сарбозони ў, бештар аз хизмати садоќатмандонаву итоати бечунучарои хоќони хеш заневу нозболини варо хостааст! Кадом як нокиро занаке, амри ўро вайрон карда, љуръати зойдан намудааст!.. Дўзанда будааст! – Чї, љуз ў дигар байраќдўз ёфт намешавад?
Ин фикрњо, мисли аљириќу буттазори вањшї, дар вуљудаш фаровон мерустанду пеши чашмашро бо пардаи хашм мепўшиданд ва ў, њарчанд мефањмид, ки ин њодиса аслан кирої несту ба он ањамияти хосае додан намебояд, садои дигаре, ки омиронатару ќодиронатар буд, љазои сахт, ќатли ногўшнавњоро дар пеши чашми тамоми ќўшун њарчи берањмонатар исрору талаб мекарду фикрњои дигарро њарчи бештар пахшу танг менамуд.
Њатто Хуба, ки хоќон он рўз зинашро тарк нагуфта буд, гўё вазни изофаю њардамафзое эњсос кард: йурѓааспи хастагинопазире, ки њамеша чун тири камон рост њаракат менамуд, араќшор шуд; ин њол пештар рух намедод.
Чингизхон, хомўшу хашмї, роњ мепаймуд. Бо вуљуди он ки зоњиран низоми юришро чизе вайрон намекарду ба њаракати он издињоми сањрої љониби Ѓарб ва амалї шудани нияти бузурги ў – тасхири дунё халал намерасонд, њодисае рух дода: сангаки ноаёну резае аз кўњи вайронинопазири амру фармони ў канда шуда буд. Ва ин оромаш намегузошт. Рањорањ дар ин бора фикр мекард; ин ўро, чун хори тањи нохун, беќарор менамуд ва, пайваста дар бораи як чиз фикр карда, торафт бештар аз њузури муќаррабонаш асабї мешуд. Чаро онњо ўро акнун хабардор кардаанд, акнун, ки занак аллакай зойдааст, пештар куљо буданд онон, ба куљо нигоњ мекарданд, пайбурди як занаки буѓўз ин ќадар душвор буд магар? Он ваќт кор дигар мешуд – саги дайду барин њайаш мекарданду халос мешуданд. Акнун чї бояд кард? Чун ин њодисаро хабараш доданд, ў нойони барои ташрењ њозиршуда - масъули корвонро сахт пурсид: чї хел шуд, ки то он дўзандазанак назойиду содиќин гиряи кўдакашро нашуниданд, ин њодиса пинњон монд? Чї хел мумкин буд рух додани чунин воќеа? Нойон, забон хоида-забон хоида, љавоб дод, ки парчамдўз Догуланг дар љои хилвате, дар юртаи алоњида мезист, бо бањонаи серкорї бо касе алоќа надошт, аробааш њам људо буду канизаке ёрмандиаш мекард, чун бо коре пешаш мерафтанд, занакро дар ѓарами матоъ, аксаран абрешими парчамбоб, печида дармеёф-танд. Ва гумон мекарданд, ки азбаски орову тороро наѓз мебинад, ин корро њам барои зебаш мекунад. Бино бар ин, њомила буданашро пай бурдан душвор буд. Падари навзод маълум нест. Дўзандазанакро њанўз пурсиш накардаанд. Канизак бошад, мегўяд, ки чизе намедонад. Биёбу бигир…
Чингизхон бо алам аз дил гузаронд, ки ин воќеа сазовори таваљљўњи волои ў нест, вале азбаски манъи зойишро худ муќаррар кардаву сарони ќўшун аз тарси љон, њар рухдодро бетаъхир хабараш медоданд, хоќон беихтиёр гаравгони амри вољиби хеш гашта буд. Фармони худро вайрон карда наметавонист ў. Аз ин рў, љазо ногузир буд…
Ќарибињои нимашаб Эрдене-юзбошї, супоришњои таъхирнопазирро пеш оварда, гуфт, ки назди нойон меравад, вале ин танњо бањонае буд, то аз бошишгоњ бубарояду худи њамон шаб њамроњи мањбубааш фирор бикунад. Вай њанўз намедонист, ки хоќон аз њамааш бохабар аст, намедонист, ки њамроњи Догулангу кўдакаш гурехтан муяссараш намешавад.
Аспи эњтиётиро, чун саги шикорї, аз паси саманди хеш бурда, Эрдене-юзбошї бошишгоњњоро осуда паси сар кард ва, ба ќофилае, ки юртаи Догуланг дар ќарибињои он буд, наздик шуда, худо мегуфт, ки ба нозирони шабгарди нойон барнахўрад. Нозирони нойон - хиратарину берањмтарин дастањои посбонон - баногоњ агар сарбозеро сархуши ќимиз њам дарёбанд, њељ тањаммул намекунанд - ба љои асп ба ароба мебанданду аробакаш ќамчинкўбаш мекунад…
Нияти дастаи худро тарк гуфтану рў ба фирор нињодан намуда, Эрдене медонист, ки агар дастгираш кунанд, љазои олї – дар намад печонда, хафакуш кардан ва ё овехтан тањдидаш дорад. Илољи дигар танњо ба даст наафтодан, ба марзу буми дуру бегона рафтан асту халос.
Имшаб њам мањтобї буд. Дар атроф, то дурї, бошишгоњњову галањо ба назар мерасиданд ва њама љо, пеши гулханњои хомўшшуда, сарбозон мехобиданд. Дар байни ин ќадар одаму ароба касеро њам ба куљо рафтани касе кор набуд. Ба њамин умед дошт Эрдене-юзбошї ва, агар ќисмати носозгор намешуд, ўву Догулангу писаракашонро фирор намудан муяссар мегардид…
Ба бошишгоњи њунармандон наздик шудан баробар, юзбошї фањмид, ки балое сар задааст. Хез зада, аз зин фуромад ва, лаљомњоро таранг ба даст гирифта, дар паноњи аспњо карахт шуд. Оре, мусибат рух дода! Дар назди юртаи канорї гулхани калоне месўхту атрофро бо алангаи изтиробангез рўшан мекард. Дар пеши он таќрибан дањ жасавул, баланд-баланд сўњбат карда, аспсавор меистоданд. Чанд нафаре, ки пиёда шуда буданд, аспу аробаро ќўш мекарданд, њамон аробаеро, ки ўву Догуланг имшаб савораш гурехтан мехостанд. Баъд Эрдене дид, ки жасавулњо Догулангро бо кўдак аз юрта берун карданд. Пўстини савсораш ба тан, ранги рўяш канда ва бепаноњу њаросон, тифлро ба сари синааш зер карда, дар рўшании гулхан меистод ў. Жасавулњо ким-чиаш мепурсиданд. Њар замон дўѓу дарангашон ба гўш мерасид: “Љавоб бидењ! Љавоб бидењ, мегўям! Фоњишаи осї!” Баъд нолаи Алтун-канизак баланд шуд. Бале, овози ў буд ин, бешубња, овози ў. Дод мегуфт, ки “Ман аз куљо медонам?! Охир, барои чї маро мезанед? Чї медонам, аз кї таваллуд кардааст ў? Охир, ана дар њамин љо, њамин њозир нашудааст-ку ин кор! Кўдакро, худатон мебинед, нав зойдааст, лекин, наход нафањмед, ки ин воќеа нўњ моњ пеш рух додааст! Пас ман аз куљо медонам, ки ў кай ва бо кї он корро кардааст? Чї маро мезанед, охир!? Вай бечорањакро чї метарсонед, охир, кўдаки навзод дорад ў! Магар дар хизмати шумо набуд ў ва байраќњои љангиеро, ки зерашон ба юриш меравед, оро намедод? Пас барои чї нобудаш мекунед, барои чї?”
Бечора Алтун, чун майсаяки зери суми асп, чї кор њам карда метавонист, дар сурате, ки Эрдене-юзбошї љуръати худро нишон додан надошт. Муќобили дањ жасавули мусаллањ аз дасти ў чї њам меояд, љуз мурдану як ё ду нафарашро бо худ бурдан? Вале чї суд аз ин? Гала-гала зўранд ин жасавулњо. Фурсат мепоянд, ки њамакаса дарафтанду азият бидињанду хун бирезанд!
Эрдене-юзбошї дид, ки жасавулњо Догулангу кўдакро ба ароба шинонданд, Алтун-канизакро њам бор карданд ва дар торикї куљое бурданд.