Ва бо њамин хапу хомўш шуд њама љову истгоњ холї монд.
Танњо акнун аз ким-куљои ќароргоњ ак-аки сагону шињаи аспон ва садоњои номафњуме шунида мешуданд.
Гулхани назди юртаи Догуланги зардўз кўрдуд мекард. Ахтарони дурахшон, ин њама љонканиву гирудори одамиро хомўшона фурў бурда, чунон бетафовут ба фазои тињї менигаристанд, ки гўё ногузир буд рух додани ин воќеа…
Эрдене-юзбошї, чун дар хобу хаёл ќадам нињода, бо панљањои дарзамон карахту сардгаштааш лаљоми аспи зиёдатиро даст-даст кард ва, бе эњсоси њаракоти хеш, онро бароварда, ба тањи пои асп партофт. Оњани лаљом хираяк садое дод. Эрдене нафастангї эњсос намуд, њаво гирифтанаш торафт вазнинтар мешуд. Бо вуљуди ин, ќуввате дар хеш дарёфта, ба пушти асп тап-тап зад. Дигар даркор набуд он асп, озод буд он акнуну зарурате надошт, бино бар ин, сарњўёна чорхез зада, ба галаи наздиктарин пайваст. Эрдене-юзбошї бехудона ќадам мезаду намедонист куљо меравад ва барои чї меравад. Аз аќиб оњиставу бесадо пешониќашќааш Оќжулдуз – аспи бовафои љангиаш ќадам мезад, аспе, ки ба сад набардаш бурда буд, вале натавонист савори он аробаи зани дўстдоштаву тифли навзодашро рањнамої кунаду аз ќисмати бад бигурезонад.
Эрдене, чун нобино, таваккалбахудо ќадам мезаду ашки шашќатораш бар ришаш мешорид ва нури сарди моњ рўи китфони хамидаву ларзонаш њаракат мекард… Сар-сарї мегашт ў чун дарандаи танњои аз гала рондаву дар дунёи бекарон ба њоли худ монда, ки битавонад, мезияду натавонад, мемирад. Роњи дигар надорад ў… Чї кор бикунад, сарашро ба куљо бизанад? Ѓайр аз мурдан, корде ба сари сина, ба дили беамон нолони хеш задану худро њалок намудан ва бо њамин дарди сўзони онро таскин бахшидану ќатъ кардан ва ё несту нобуд шудан, бебозгашт гурехтану абадї дар ягон гўр нопадид гардидан илоље нест ўро…
Юзбошї, худро ба рўи хок афканда, беовоз фиѓон кашид, ба шикам хазида, бо нохун сангњоро харошид, вале дили хок нарм нашуд, пас ў сари зону хест ва даст ба корди бари миёнаш бурд…
Дашт хомўшу тињї ва фазояш ситоразор буд. Танњо як аспи вафодораш Оќжулдуз зери нури мањтоб, хур-хур садо карда, пуртоќатона амри соњибашро интизорї мекашид…
Он субњ, ќабл аз рањакї шудан, наќорачиён, ки пешакї дар пуштае љамъашон карда буданд, бо садои хеш ќўшунро ба гирдињамої даъват намуданд. Добулбасњо, бонги изтиробангези шадиду њардамафзое бароварда, дергоњ хомўш нашуданд. Наќорањо, наќорањои пўсти барзагов, чун дарандаи бадомафтода, дурудароз ѓурида, издињомро ба ќатли зинокорзани парчамдўз, ки кам касон Догуланг ном доштанашро медонистанд, - зане, ки дар юриш кўдак зодааст, - мехонданд.
Ва зери ѓулѓулаи афсунгари наќорањо, сад паи сад, пуштаро нимињота карда, саф кашиданд дастањои чун дар намоишњо саропо мусаллањ; дар ду тараф бошад, аробањои пури бору банд ва ашхоси ёвар, њунармандони мухталифи юриш – юртасозњо, аслињасозон, саррољон, дўзандањо – занону мардоне љой гирифтанд, ки њама љавон ва дар айни борварї буданд. Барои тарсондану панд додани онњо барпо мешуд ин ќатли ибратбахш. Яъне, њар касе, ки љуръати вайрон намудани амри хоќон бикунад, аз умр бенасиб хоњад гашт!
Добулбасњо, хунро дар рагњо сард намуда, њамоно рўи пушта ѓулѓула доштанд. Ин садо вуљудњоро аз тарс карахт мекарду ба амале, ки бо райъи Чингизхон сурат мегирифт, розї ва, беш аз ин, њамдил мегардонд.
Инак, зери бонги мунтазами добулбасњо, рўи тахти равони зарин худи хоќон, ки ќатли осизани махуф - осизанеро, ки аз кї зойданашро њељ ошкор накард - ороста буд, ба пушта боло шуд. Тахти равонро рўи пуштаи хазонранг, миёни парчамњои аз нурњои нахустини офтоб дурахшону аз шамоли дашт парафшон фуроварданд. Рамзи хоќон буд аждањорњои оташнафаси бо тамоми ќувват паррони парчамњо, вале ў, хоќон, гумоне њам надошт, ки дўзандаашон варо не, дигареро таљассум кардааст. Дигареро, ки аждањори чобуку љасури хилватгањи оѓўшаш буд. Ва касе аз њозирин пай њам намебурд, ки акнун мањз барои њамин сарашро ба бод медињад.
Он лањза торафт наздиктар мешуд. Наќорањо батадриљ садояшонро паст мекарданд, то пеш аз ќатл батамом сукут биварзанду хомўшии гаронеро, ки дар интизории мудњишаш ваќт бењудуду бекарону бењаракат мешавад, шиддат бубахшанд ва баъд, боз баланду бадхашмона ѓулѓула афканда, лањзаи ќатъи зиндагиро бо садои вањшатбори хеш пур бисозанду дар вуљуди махмури њар яке аз шоњидон эњсоси ќасду кина ва шодмонии нињониеро барангезанд, ки мањкуми ќатли дор ў не, дигарест.
Садои наќорањо фурў менишаст. Њозирон саропо њушу гўш ва аспон зери зинњо шах шуданд. Чењраи Чингизхон њам љиддиву беифода буд. Аз лабони сахт ба њам фишурдаву нигоњи бефосилаи сарди чашмони тангаш гўё зањр меборид.
Баробари аз юртаи ба ќатлгоњ наздиктарин берун кардани Догуланги парчамдўз наќорањо аз забон монданд. Жасавулњои говзўр, аз тањи каши занак гирифта, ба аробаи дуаспа телааш доданд. Дар рўи ароба ўро аз аќиб жасавули гирифтачењраи љавоне дошта меистод.
Ашхоси сафњо, махсусан, занон, ба ѓур-ѓур даромаданд: “Ана, он дўзандазанак! Зинокор! Бешў зойдааст! Ба ин љавонию њусну љамол зани дуюм ё сеюми нойоне шуда метавонист, охир! Нойони пиреро меёфт-ку, њузур мекарду рўзи камиро намедид. Вале, инро бинед, ки ошиќбозї кардаву зойдааст, бењаё! Ба рўи хоќон туф мекард, бењтар буд! Акнун бигзор љазояшро бубинад. Бигзор дар кўњаи шутур дораш бикашанд! Давидани гўсола – то кањдон, хушрўча!” Ин мањкамаи пичир-пичирњо идомаи ѓулѓулаи бадхашмонаи добулбасњо буд. Барои њамин њам чунин баисрору ѓуррон ѓулѓула меандохтанд наќорањои барзаговинапўш, ки майнањоро гиљ кунанду нисбати оне, ки сабабгори хашми хоќон шудааст, адоват барангезанд.
- Бубинед, канизаку кўдакро бубинед! – шодона дод мезаданд занони корвон.
Њаќиќатан њам, Алтун-канизак буд, ки навзоди куњнапечро бардошта меомад. Пеш-пеши жасавули бадвоњимае, дар худ фурў рафтаву њаросон ба чор тараф нигариста, Алтун бар-бари ароба ќадам мезаду бо бори сари дасташ гўё љинояткории дўзандаи мањкуми маргро тасдиќ мекард.
Бад-ин сурат онњоро барои тамошои дањшатноки арафаи ќатл мебурданд. Догуланг мефањмид, ки акнун чизи дигареро чашм доштан имконнопазир аст, дигар на мебахшанду на авфаш мекунанд.
Дар юрта, пеш аз он ки ба шармсоркунї бароран-даш, кўдакро бори охир сина дода буд ў. Тифлаки бадбахти бехабар аз дунё, зери садоњои батадриљ фурўнишини наќорањо, ѓанаб карда буду бо љидду љањд пистон мемакид. Алтун-канизак њамроњашон буд. Дарун-дарун гириста, бо кафи даст дањонашро мепўшид, ки фиѓон накашад. Њамон лањзањо муяссарашон шуд, ки чанд њарфе радду бадал кунанд.
- Вай куљост? – Њарчанд медонист, ки Алтун њам аз ин бобат хабаре надорад, оњиста пичиррос зад Догуланг, бошитоб синаи дигарашро ба дањони кўдак монда.
- Намедонам, - гирякунон љавоб дод Алтун, - ба фикрам, аз ин љоњо дур.
- Кошки! Кошки! – Тавалло намуд Догуланг.
Канизак дар љавоб баалам сар љунбонд. Онњо њарду дар бораи як чиз меандешиданд – кош Эрдене-юзбошї битавонад, ки пинњон бишавад, дуртар бираваду аз чашм нопадид бигардад.
Аз пушти юрта садои помонї, пас овозњо ба гўш расиданд:
- Бикаш, буброршон акнун!
Занаки зардўз, охирин бор кўдакро ба сари синааш зер карда, бо њасрат бўи ширинашро фурў бурду пас бо дастони ларзон ба канизакаш дод.
- То зинда аст, нигоњаш кун…
- Беташвиш бош! – Алтунро ашк гулўгир шуд ва ў, дигар худро нигоњ дошта натавониста, сахту навме-дона фиѓон кашид.
Њамон замон жасавулњо расиданду берунашон кашиданд.
Офтоб баланд шуда, рўи уфуќ меистод. Дар паси издињоми ќўшуну аробањо, ки омода буданд баъди ќатли занаки зардўз роњи юришро идома бидињанд, ба чањор тараф дашти њамвору бењудуди Сарой тўл кашида буд. Сари яке аз пуштањои он равонтахти зарини хоќон медурахшид. Њангоми аз юрта баромадан Догуланг бо гўшаи чашм онро дид, ки рўяш хоќони Худосон дастнорас менишасту дар атрофаш байраќњои аждањори оташнафасдори худаш дўхта аз насими дашт парафшон буданд.