Выбрать главу

Аз зери чодари тахти равони сари пушта Чингизхон њама чиз – њам дашту ќўшун ва њам мардуми корвонро ба хубї медид, дар боло бошад, чун њамеша, тори сараш абраки сафеди бовафо шино дошт. Ќатли зардўз он субњ юришро ба таъхир меандохт. Вале анљоми як кор зарур буд, ки идомаи дигаре имконпазир бошад. Ин ќатл дар њузури ў аввалину охирин набуд – њар гуна саркашињо мањз њамин хел љазо дода мешуданд ва хоќон њар даъфа аз нав имон меовард, ки барои ба тартиботи ягонаи муќарраркардаи њоким итоат намудани мардум ќатли кушод зарур аст, зеро њам њарос ва њам шодмонии разилона, ки марги иљборї на ба сари худашон омадааст, одамонро маљбур мекунад љазои мудњишро чун сазои лозим бипазиранд ва амали њокимиятро натанњо маъзур бидоранд, балки маъќул њам бидонанд.

Ин даъфа њам, чун дўзандазанакро аз юрта бароварданду барои сайри шармандавор ба ароба савор карданд, одамон чун занбўрњо шўр бардоштанду беќарор гаштанд. Вале мушаке дар чењраи Чингизхон бељо нашуд. Ў њамоно зери чодари тахти равон, дар њалќаи парчамњои парафшону кезегулњои њайкалсон карахти байраќбардор менишаст. Маќсад аз ќатли мазкур мањз њамин буд – бигзор њамаро сабаќ бишавад, ки дар роњи юриш монеаи ночизтарин њам норавост. Ботинан Хоќон мефањмид, ки дар нисбати ин зани љавон, ин модар чунин љазои берањмонаро раво надиданаш њам мумкин буд, метавонист ўро бубахшад, вале дар ин амал маъние дарнамеёфт: олињимматї оќибати хуб надорад – њокимият суст мешаваду мардум – густох. Не, ў пушаймон нест, ягона боиси норозигиаш њамин аст, ки маъшуќи дўзандазанакро ошкор кардан муяссар нашуд.

Худи он дўзандазанаки мањкуми дор, гиребончоку мўпарешон, савори ароба, аллакай аз назди сафњои ќўшуну корвон равон аст ва мўњои сиёњи анбўњаш, ки аз нури офтоби субњ чун ангишти муљалло медурахшанд, рўи камхуну рангкандаашро пўшонда-анд. Вале сарашро паст намегирифт Догуланг ва бо нигоњи тињиву њасратбор ба атроф менигарист – дигар чизи пинњон мекардагї надорад ў. Њо-о, ана, он зан, ки мардеро беш аз љонаш дўст доштааст ва, ана, тифли мамнўъи ў, ки аз ин ишќ тавлид шуда!

Лекин одамон беш аз ин донистан мехостанду дод мезаданд:

- Э байтал, куљост айѓират? Кист ў?

Ва, аз эњсоси бешууронаи айб худ ба худ ба ваљд омадаву хашмитар шуда, фарёд мезад издињом, ки хешро зудтар аз ин гуноњи ќабењ ворањонад:

- Биовезед ќанчиќро! Зуд биовезед! Дер кардан чї лозим?

Созандагони маросими ќатл шояд умед доштанд, ки тўдаи беш аз пеш хашмї рўњи зардўзро шикаста метавонад. Нойони наровозу њангомахоње, ки ба хотири хоќон ба њама кор омода буд, аз ињотаи хон људо шуда, сўи он сањнаи дилфишор - аробае, ки зардўзи мањкумро мебурд ва канизаки тифл сари даст бар-бари он равон - асп тозонд.

- Биистед канї! – Аз роњ боздошт онњоро ва, ба сафи саворон рў оварда, дод зад: - Гўш кунед њама! Ин бењаё бояд аз кї зойданашро бигўяд! Бигўяд, ки бо кї алоќа доштааст! Ку, бигў, падари кўдакат дар байни њамин мардон аст?

Догуланг љавоби рад дод. Ѓулѓулае сафњоро фаро гирифт.

Ароба аз назди дастае пеши дигараш мерафту юзбошињо садо мекарданд:

- Дар дастаи ман нест! Шояд дар дастаи туст он чаќќон?

Њамзамон он наровоз баисрор аз занаки зардўз талаб мекард, ки падари навзодашро нишон бидињад.

Ана, боз аробаро рўбарўи дастае нигоњ доштанд ва боз њамон савол садо дод:

- Нишон бидењ, љалаб, аз кї зойдї?

Мањз дар њамин саф, дар сари њамин даста буд Эрдене-юзбошї, савори Оќжулдузи пешониќашќааш. Нигоњњои Догулангу ў ба њам бархўрданд. Вале дар он ѓулѓулаву бесомонї касе диќќат надод, ки ба чї душворие нигоњњояшонро аз њам барканданд онон, чї хел, мўњои парешонашро аз пешонї дур карда, як ќад парид Догуланг, чї гуна чењрааш лањзае шўълавар гашту њамоно хомўш монд. Танњо як Эрдене тасаввур карда метавонист, ки ин як лањзаяки дидор барои Догуланг чї ќимате дораду дар дилаш чї шодиву њасрате барангехтааст. Дар љавоби нойони наровоз Догуланг, њушёр шудаву худро ба даст гирифта, боз ќатъї љавоб дод:

- Не, ин љо нест падари кўдаки ман!

Боз њам касе диќќат надод, ки Эрдене-юзбошї якбора сар ба замин афканд ва њамоно бо як зўре худро ором вонамуд.

Се љаллод аллакай тайёр буданд. Онон, ки хилъатњои сиёњи остинњояшон барзада ба тан доштанд, шутури дукўњонаеро ба мобайн бароварданд. Шутур чунон калон буд, ки сари аспсаворон њамагї ба миёнаи шикамаш мерасид. Бино бар набудани чўб, кўчманчиён дар даштњои кушод аз замони ќадим чунин тарзи ќатлро ба кор мебурданд – мањкумшудагонро аз ду тараф дар кўњони шутур меовехтанд ва агар муљрим як нафар бошад, халтаи пур аз рег ба сифати њамтарозуяш хизмат мекард. Њамтарозуе чунин барои Догуланги зардўз низ омода буд.

Љаллодон, бо дўѓу даранг ва зарбањои чўб, уштури пурхашмона ѓурронро маљбур карданд, ки поњои дарози барљастаустухонашро зери худ ѓундошта, ба замин бихобад. Дор тайёр шуд.

Наќорањо боз батадриљ ба хурўш даромаданд, то ки дар лањзаи зарур якбора ѓулѓула ангезанду дилу майнањоро карахту гаранг кунанд.

Нойони наровоз, аз афташ ин даъфа барои дилхушї, боз ба зардўз рў овард:

- Охирин бор мепурсамат. Ту, фоњишаи беаќл, аздусар мемурї, њаромиат њам зинда намемонад! Чї хел бифањмем, охир, наход надонї, ки аз кї буѓўз шудаї. Шояд, боз камтар зўр зада, ба ёд меорї?

- Ким-кай, аз ин љоњо дур рўй дода буд ин воќеа, - посух дод зардўз.

Њар-њари мардону чирроси занон фазои даштро пур кард.

Нойон бошад, њељ таскин намеёфт:

- Пас, дар бозор љўр шудед?

- Њов, дар бозор! – Барќасдона гуфт Догуланг.

- Савдогар буд ё овора? Балки дузди бозор буд, ња?

- Савдогар буд, овора буд, дузди бозор буд – намедонам, - такрор кард ўро Догуланг.

Боз њар-њару чиррос ба фазо печид.

- Фарќаш чї барои ин, ки савдогар аст, овора аст ё дузди бозор, муњимаш – он кор!

Њамин ваќт, ѓайричашмдошт, аз сафи сарбозон садое баромад - касе буррову баланд дод зад:

- Манам падари кўдак! Бисёр донистан бихоњед, манам!

Њама якбора хомўшу карахт шуданд – кист ин? Кист, ки дар лањзаи охирин ба фарёди марг љавоб дод, дар лањзае, ки рози ошкорнакардаи зардўзро абадї бо хеш мебурд?

Ва, чун аспи пешониќашќаашро мањмез занонда, Эрдене-юзбошї аз ќатор баромад, њама моту мабњут шуданд. Ў, Оќжулдузро боздошта, ба тўдаи мардум рў оварду баланд такрор кард:

- Бале, ман! Ин писари ман аст! Номаш – Ќунан! Модари писарам – Догуланг! Худам – Эрдене-юзбошї!

Ин суханонро гуфту пеши назари њама љањида аз асп фуромад, даст дароз карда, ба гардани Оќжулдуз тап-тап зад, ки асп тўрид. Юзбошї, рањорањ силоњу љињозашро аз тан рањо кардаву ба њар тараф афканда, сўи зардўз, ки љаллодон аллакай дастонашро медоштанд, равон шуд. Ў мерафту њама медиданд, ки одаме бепарво ба истиќболи марг ќадам мезанад. Ба мањбубааш, ки омодаи ќатлаш карда буданд, расида, Эрдене-юзбошї, ба зону зад ва ўро оѓўш кард, зан даст бар сари вай нињод ва њарду пешорўи марг, боз ба њам пайваста, сокит монданд.

Њамон замон бонги добулбасњо баланд шуд. Онњо чун подаи бесаранљоми барзаговон, бо тамоми овоз ѓуррида, ѓулѓула андохтанд. Ѓурришашон итоати умум ва шиддати њаяљони њамагонро дармехост. Ва њама якбора ба худ омаданду ба њолати ќаблї баргаштанд ва амру фармонњо баланд шуд, ки њамаро ба омодагиву идомаи юриш вомедоштанд. Наќорањо нидо мекарданд: њар кас бояд чун њамагон бошад, њамагон бояд ќарзи хешро адо бикунанд!