Абўтолиб аз гўшаи тирезаяки панљарадор Тансиќ-боевро дид, ки шинелаш сари китф хайрухушкунї перрон баромад. Давра меистоданд њама – гўё мунтахабашон карда бошанд, ѓалчаву фарбењ, телпакњои ќароќўлї ба сар, афташон суп-сурхи муљалло, лабњо пури табассум, хушњолона њаракатњо кардаву якдилона, шояд аз боиси латифаи навбатї, ќоњ-ќоњ механдиданду дањонашон дар њавои ќањратун бўѓи гарм мепароканд ва пошнаи мўзањошон эњтимол рўи барфи тунук ѓиљирас мезад. Милисањои зирак бошанд, касеро он сў роњ намедоданд ва дар сари ќатора, назди равонхонаи махсус танњову ќонеъу мўътамиду хушбахт меистоданд Тансиќбоеву њам-табаќонаш ва касеро коре њам набуд, ки дар пањлўяшон, дар њуљразиндони ќатора шахси бо љањду талоши онњо бандишуда азият мекашад: шахсе, ки на дузд асту на таљовузкору одамкуш, баръакс, инсонест некандешу бовиљдон, ки љангу асоратро дидаасту љуз муњаббати зану фарзандони хеш, ки дар он маънии аслии зиндагиро дарёфтааст, ба оини дигаре намегаравад. Вале мањз чунин як одаме, ки узви ягон њизби дунё нест ва савгандњо нахўрдаву тавбањо накардааст, даркор буд ба онњо дар зиндон, то халќи зањматкаш хушбахтона бизияд…
Баъди Ќизилўрда љойњои шиносу азиз сар шуданд. Шом фаро мерасид. Дар хамгашти барфпўше, оњиста тоб хўрда, Сирдарё љило доду дар байни дашт бањри Арал намоён шуд. Аввал бо нишонањояш – гоњ ќамишзори пурпечу хам, гоњ гўшаяки дури оби мусаффо ва гоњ љазираяке – аз худ дарак дод бањр ва, дере нагузашта, Абўтолиб мављњояшро дид, ки рўи реги намноки наздики роњи оњан мехазиданд. Ин њама – њам барф, њам рег, њам сангњои соњил, њам бањри нилгуни бодовар, њам галаи уштурони сурхусиёњтоби нимљазираи сангис-тонро њамзамон зери осмони баланди пур аз доѓњои абрњои сафед дидан хеле аљиб буд.
Абўтолиб ба хотир овард, ки Едигейи Бўронї аслан аз соњили бањри Арал асту моњигирони шиносаш, тавассути роњбаладњои ќаторањои боркаш, ба Ќазонќоп моњии хушкондаи бањри Арал мефиристанд ва њамоно дилаш бо изтироб ба сўзиш даромаду танг шудан гирифт – то дуроњаи Бўронї начандон зиёд, якшаба роњ монда буд; сањарї, соатњои дањ ё каме баъдтар, ќатораи мусофирбари дар оѓозаш равонхонаи махсус, аз бари кулбањои бодхўрда, сарочаву оѓили шутурон, ки аз дарзањои пурхор ињота доштанд, гузаштаву роњњои давонро пас гузошта, аз назар ѓоиб мешавад; меояду меравад он. Чї ќадар мегузаранд ќаторањо аз шарќ ба ѓарбу аз ѓарб ба шарќ, вале дили Зарифа гувоњї медода бошад, ки Абўтолиб он сањар ба ѓарб дар њуљразиндони равонхонаи махсус хоњад гузашт; ё шояд дилњои кўдакон номафњуму пуризтироб чизе пай бубаранду мањз њамон соат дидани ќаторањои рањгузар биштобанд? Худоё, чаро чунин гарону талх аст умри одамон?
Офтоби бањманмоњ ѓуруб мекарду дар дуродур, андар намуди пораосмони коњандаи арѓувонии байни хоку афлок, хомўш мешуд; аллакай говгум фаро мерасиду шаби зимистон оњиста ќомат меафрохт. Дар тирагї рўъёњо хомўш мешуданду чароѓњои истгоњњо фурўзон. Ќатора бошад, печутоб хўрда, ба ќаъри шаби дашт рањ мебурд…
Хобаш намеомаду азият мекашид Абўтолиб Ќуттибоев. Ўи дар њуљраи оњанкўб мањкам љои нишаст намеёфт, худро аз як кунљ ба кунљи дигар мегирифту оњи сард мекашид, бекор хоњиши њољатхона рафтан мекарду нозирро ба ѓазаб меовард. Вай, дари њуљраро нимво карда, аллакай якчанд бор огоњї дода буд:
- Э бандї, чї ин ќадар мелўтї? Мумкин не ин хел! Рост бишин!
Вале Абўтолиб, ки ќудрати худро ором намудан надошт, нозирро зорї мекард:
- Илтимос, ягон чиз бидењ, хобам бубарад, ки мемурам. Бахудо, мемурам! Чї даркор ба шумо мурдаи ман? Ба сардорат бигў – чи даркор ба шумо мурдаи ман? Хобам намебарад, бахудо, хобам намебарад!
Аљоиб, ки (сабаби ин мењрубониро Абўтолиб сањари рўзи дигар фањмид) нозир аз њуљраи Тансиќбоев доруи хоб овард ва Абўтолиб онро хўрда, нимањои шаб ѓанаб кард, вале хоби њаќиќиаш наомад, ки наомад. Нимхобу нимбедор, зери садои якнавохти чархњо ва ѓурриши боди дашт ба назараш менамуд, ки пеш-пеши ќаторакаш[††] медавад, љон коњондаю нафасгардон шуда, медаваду ќатора бо тамоми ќудрат думболагириаш мекунад. Њамин тавр медавиду медавид ў он шаб рў-рўи роњи оњан, пеш-пеши ќаторакаш ва чунон мудњишу воќеї буд он њама, ки гўё дар бедорї рух медод. Њалќаш ќоќ шуда буду нўшидан мехост. Ќаторакаш бошад, бо чароѓњои фурўзонаш роњро рўшан карда, аз пасаш меомад. Ва ў њамоно, бошиддат ба чор сўи бўронї нигоњ карда, миёни роњ медавид ва, њар тараф рў оварда, рањмовар ном мегирифту нидо мекард: «Зарифа, Довул, Эрмак, куљоед шумо? Биёед пешам! Падаратонам ман! Куљоед шумо? Овоз бидињед!». Вале касе овоз намедод. Пеш тип-торик буду аз аќиб ќаторакаши ѓулѓулаафкани ба помол намуданаш омода дарёбаш мекард ва ў мадоре надошт бигурезаду дар ягон љо аз ќаторакаши думболагир, ки дам ба дам наздиктару наздиктар мешуд, панањ бубарад…
Ва аз ин њолаш батар мешуд – њаросу навмедї суръаташро мањдуд мекард, поњояш дигар гапашро намегирифтанд, нафасаш дамбадам дарун мезад…
Сањари барваќт, нимтанаи пахтагиашро сари китф партофта, Абўтолиб, ки ранги рўяш кандаву чењрааш варамида буд, аллакай назди тирезаи панљарадор нишаста, ба дашт менигарист. Берун сарду њанўз торик буд, лекин батадриљ тарњи замин аён мешуду субњ медамид.
Ва, њарчанд ки осмон љо-љо мекушод, маълум буд, ки њаво тира мешаваду шояд барф њам буборад…
Акнун аниќ дашти Сарой, ки аз барфу барфтўдањо пур бошад њам, аз рўи тарњи хеш – теппаву хамгашту ќарияву нахустин дуди аз сафарњои пешин шиноси бомњояш нигоњи даќиќро ошно буд, сар мешуд. Азиз метофтанд он бомњои бегона, ки аз тўтањошон дуд мебаромад. Ба њамин зудї бояд истгоњи Ќумбел пеш биёяд, пас он, баъди ягон се соат дуроњаи Бўронист. Гуфтан мумкин, ки масофае њам намонда буд – охир, Едигейу Ќазонќоп њангоми зарурат – дар тўйу азоњо шутурсавор ба ин љоњо меомаданд… Дар ин сањари мардон њам касе, савори шутури бўр, телпаки мўинаи рўбоњ ба сар, равон буд ва Абўтолиб беихтиёр ба панљара љафс шуд, ки яке худї бошад… Рафту Едигей бошад, ки савори Ќаранораш барои чизе ба ин љоњо омадааст? Савори маркаби муќтадираш, ки чун заррофањои Африќо чусту чолок аст, сад чаќримро тай карда, ин љоњо омадан чї душворї дорад барои ў…
Боре, худаш њам бехабар, банди њолате шуд Абўтолиб, ки беихтиёр, гўё ба манзил расида бошад, ба тайёр шудан сар кард. Ду маротиба њатто пайтова печонду мўза пўшид, борхалтаашро ба тартиб овард ва мунтазир шуд. Лекин тоќат карда натавонист – посбононро ба љону њолашон намонд, ки иљозаташ бидињанд барваќттар дастурў бишўяд ва, аз нав ба њуљра баргашта, боз њам намедонист худро ба чї машѓул бидорад.
Ќатора њамоно дар дашти Сарой равон буд… Абўтолиб, ба ќисмат тан дода, дастонашро байни зонувон фишурда менишасту гоњ-гоње ба тиреза менигарист.
Дар истгоњи Ќумбел ќатора њафт даќиќа истод. Ин љо аллакай њама чиз худї буд. Њатто ќаторањо, ќаторањои боркашу мусофирбар, ки ќабл аз њар сўе рафтан дар роњи ин истгоњи калон ба ќатораи онњо дучор меомаданд, Абўтолибро азизу дилљў менамуданд – охир, онњо, чанд лањзаяке пеш, аз истгоњи Бўронї гузаштаанд, аз истгоње, ки бачањову њамсари ў зиндагї доранд. Ва як њамин кофї буд, ки он љисмњои бељон ќарини дилаш бошанд.
Ва, ана, ќатораи онњо боз ба роњ даромад ва то он ки ќад-ќади перрон мерафту аз њудуди истгоњ набаромада буд, Абўтолиб тавонист чењрањои шиностоби сокинони мањаллиро бубинад. Оре, оре, ў бешубња мешинохт он ќумбелињои дидаашро ва онњо низ эњтимол сокинони деринаи Бўронї – Ќазонќопу Едигей ва ањли хонадонашонро медонистанд; охир, писари Ќазонќоп - Собитљон, ки акнун дар донишкада мехонд, мактаби њамин љоро тамом карда буд…
Истгоњро пас гузошта, ќатора суръат мегирифту торафт тезтар роњ мепаймуд. Ба ёд овард Абўтолиб, ки боре њамроњи бачањо барои тарбуз омада буд ин љоњо, дафъаи дуюм – барои арчаи солинавї ва баъдан – бо корњои дигару дигар…
Ба хўрдание, ки сањар додандаш, даст назад Абўтолиб. Њамвора дар фикри он буд, ки то дуроњаи Бўронї тамоман кам, бештарак аз ду соат ваќт мондааст ва аз он мењаросид, ки мабодо барф бибораду бўрон бишавад, он гоњ Зарифаю бачањо аз хона намебароянду вай њатто аз дур њам дидаашон наметавонад…