Барои он ки баногањ фарёд назанаду девона нашавад, Абўтолиб, ба умеди дарёфти осоиши фиребо, боз ѓарќи орзў гардид - рўшан тасаввур кард, ки чї хел ў, бино бар бегуноњї, сафед шуда, ногањон хонааш меравад; чї хел аз помонаки ќатораи боркаш, ки то он диёрњояш бурдааст, парида, сўи хонааш мешитобаду зану бачањош ба истиќболаш метозанд… Вале лањзањои хаёл мегузаштанду ў, чун аз сархушї, боз ба дунёи воќеъ баргашта, аз нав банди навмедї мешуд ва њамоно аз дилаш мегузашт, ки «Ќатл дар Сарой», он ќиссае, ки ў рўи коѓаз оварда буд, он андўњу азоби модару падари мањкуми ќатл ва видояшон бо навзоди хеш ким-чии љовидонаеро дорост, ки акнун ба ў њам дахл дорад. Ў њам куштаи њаљру људоист… Охир, љуз марг дигар њељ чизу њељ кас њаќ надорад волидонро аз фарзандон људо бикунад…
Дар чунин лањзаи талх Абўтолиб хомўшона мегиристу пеши худ шармида, намедонист сиришкашро, ки дар як дам рухсорањояшро тар мекард, чї хел боздорад. Охир, њатто дар љанг чунин азоб накашида буд ў, чунки он ваќт як сари ќоќи худаш буду халос ва акнун торафт бештару бештар бовар њосил мекард, ки бузургтарин маънии зиндагї дар зуњуроти аз назари аввал муќаррарї - фарзандон нињон аст ва, дар њар њолати мушаххас њар касе бахти худро дорост – бахти фарзанддорї ва низ њар касе фољиаи худро дорад – фољиаи мабодо бе онњо мондан… Акнун ў ба он чиз њам бовар мекард, ки зиндагї, ќабл аз бохтани он, њангоме ки дар охирин соат, зери нури вопасину дилгири ќабл аз рафтани ногузир ба зулмот, љамъбасти натоиљ фаро мерасад, чї ќимате дорад. Фарзандонанд натиљаи асосии зиндагї. Шояд табиат махсус чунин аст, ки волидон њаёташонро сарфи парвариши идомаи хеш мекунанд. Ва волидро аз мавлудаш рабудан маънои аз имкони иљрои моњияти азалиаш мањрум кардани ў, зиндагиашро бењудаву бебор намудан аст. Душвор буд дар чунин лањзањои бедории фикр навмед нашудан; Абўтолиб, мутаассирона сањнаи дидорро ќариб пеши назар тасаввур карда, њамзамон имконнопазирии вуќўи умедашро дарк менамуду ќурбонии беилољї мешуд. Њузну њасрат рўз ба рўз амиќтар дилашро фаро мегирифту иродаашро сусттару сусттар мекард. Навмедиаш, чун барфе, ки дар печухамњои кўњ љамъ мешавад–љамъ мешаваду дар намуди тарма баногањ фурў меѓалтад, торафт меафзуд…
Мањз њамин даркор буд ба муфаттиши вазорати бехатарии давлат Тансиќбоев; мањз њаминро ноил шудан мехост ў, парвандаи бо розигии сардорони воломаќоми хеш маккорона бофтаашро оид ба алоќаи асири собиќи њарбї Абўтолиб Ќуттибоев бо хадомоти махсуси англису югославї ва амалиёти вайронкории ѓоявї миёни мардуми тањљои ноњияњои дурдасти Ќазоќистон ѓозу пардоз дода. Њамин хел буд маънидоди умумї. Кори тафтишот оид ба аниќу мушаххас намудани баъзе нуктањо идома дошт, куллан эътироф кардани Абўтолиб Ќуттибоев љинояти хешро дар пеш буд, вале, аз њама муњимаш, аллакай дар худи маънидоди љинояти фавќулъода муњимми сиёсї, ки аз њушёриву кордонии мустаснои Тансиќбоев шањодат медод, баён шуда буд. Ва агар барои Тансиќбоев ин парванда барори бемисли зиндагї бошад, Абўтолиб Ќуттибоевро домеву њалќаи мањкумие буд, зеро натиљаи чунин маънидоди мудњиш фаќат пурра ба гардан гирифтани љиноят ва кашидани љазои он мешуду бас. Натиљаи дигаре имкон надошт. Дар чунин мавридњо худи гуноњборкунї далели бебањси љиноят буд.
Бино бар ин, Тансиќбоев метавонист ѓами анљоми хуби корашро нахўрад. Он зимистон оќибат бахти ў хандид. Барои љурмаке дар хидмат чандин сол буд, ки аз рутбаи майор боло намерафт. Акнун – роњ кушода. Дар ин мавзеи дурдаст ба парвандаи Абўтолиб Ќуттибоев монанд чизеро начандон базудї дарёфтан мумкин буд. Худо бидињад, намегўяд бачаи киї…
Оре, метавон гуфт, ки дар он рўзњои бањманмоњи соли 1953 таърих ба Тансиќбоев лутф кард; гўё таърихи кишвар барои њамин њам вуљуд дошт, ки мутеона ба манфиати ў хидмат бикунад. Ў, бештар бо фаросат, ин лутфи таърихро, ки ањамияти аввалиндараљаи хидматашро рўз ба рўз меафзуд ва бо њамин эътиборашро назди худаш торафт баландтар мекард, эњсос менамуду ќабат-ќабат гўшт мегирифт ва болидарўњ мешуд. Баъзан, ба оина назар карда, ба њайрат меомад – чашмони шунќории тезнигоњаш дер боз чунин љавонона намедурахшиданд. Ва ў, китфонашро рост кардаву сари сина дамонда, ќаноатмандона зери лаб ба забони тозаи русї замзама менамуд: «Мы рождены, чтоб сказку сделать былью…» Занаш, ки шарики умедњои ў буд, низ рўњбаландона мегуфт: «Боке не, ба ќарибї мо њам њаќамонро мегирем». Њатто писараш, ки дар синфњои боло мехонду комсомоли фаъол буд, њарчанд ки гоњу ногоњ гапношунавї мекард, чун сухан аз орзўи деринааш мерафт, муассир мепурсид: «Дада, кай бо подполковникї табрик мекунем?» Ин њама сабабњои мушаххасе дошт, ки бевосита ба Танќисбоев вобаста набуд, вале, бо вуљуди ин…
Гап дар ин ки ба наздикї, ягон ним сол пештар, дар Алмаато мањкамаи пўшида доир шуд: трибунали њарбї гурўњи миллатгароёни буржуазии ќазоќро суд кард. Он душманони ањли зањмат берањмона ва абадї решакан карда шуданд. Ду нафар, барои ба ќазоќї навиштани осори илмиашон, ки гузаштаи манфури патриархалї-феодалиро бар зарари воќеияти нав арљ медод, мањкуми љазои олї – паррондан, ду ходими илмии пажўњишгоњи забону адабиёти Фарњангистони улум биступанљсолї бадарѓа шуданд… Дигарон дањсолї гирифтанд… Вале моњияти кор он буд, ки вобастаи суд аз марказ барои ходимони махсуси дар ифшову берањмона решакан кардани миллатгароёни буржуазї мустаќиман иштирокдошта мукофотњои давлатї ќатор шуд. Рост, ки мукофотњо низ махфї буданд, вале ин эътиборашонро заррае кам намекард. Пеш аз мўњлат додани унвонњои навбатї, ордену медалњо, мукофотњои калони пулї барои иљрои намунавии супоришот, ташаккурнома ва дигар нишонањои диќќату эътибор зиндагиро беш аз будаш зеб доданд. Ба пешсафони маърака додани хонањои нав низ айни муддао буд. Ин њама дасту дилро баќувват, овозро баландтар, таќ-таќи пошнаро дилпуронатар мекард.
Танќисбоев дар гурўњи унвону мукофотгирифтагон набуд, вале дар тантанањои њамкасбон фаъолона иштирок менамуд. Ќариб њар бегоњї ўву занаш Ойќумис ба «шустан»-и навбатии унвону орден ва ё бўрёкўбон мерафтанд. Силсилаи тантанањои идона, ки њанўз дар арафаи Соли нав шурўъ шуд, бисёр зебову хотирнишин буд. Мењмонон, ки дар кўчањои сарду торики Алмаато хунук 0хўрда меомаданд, аз остона ба гармии истиќболи соњибони хушрўзи хонањои нав сарафроз мешуданд. Чї ќадар дурахшу зиндадилию ифтихор мерехт аз рўю чашмоне, ки дар остона мењмононро пешвоз мегирифтанд! Дар њаќиќат, он њама тантанаи хосон буд, ки бори дигар маззаи бахтро мечашиданд. Дар он замон, ки њанўз ќањтиву гушнагии солњои љанг аз ёдњо нарафта буд, осудањолии наву одатинашуда дар гўшањои дури кишвар махсусан бо тантанаю ќаноатмандї истиќбол мешуд. Дар ин музофотњо конякњои ќимати хушнавъ, зарфу ќандилњои ѓанимати немисї фурў мерехт, рўи мизњо, ки бо дастархонњои сап-сафед пўшида буданд, маљмўъзарфњои боз њам ѓанимати немисї медурахшиданд ва њамаи ин касро мафтун мекарду ба рўњияи болидае моил месохт, ки гўё маънии азалии дунё њамин асту дар њама олам љуз њамин дигар чизи лоиќи таваљљўње буда њам наметавонад.
Њанўз аз долон бўи хуши матбах ба димоѓ мезад; дар он љо, ѓайри дигар хўрданињо, њатман шоњи таомњо – бешбармоќ – хўроки бобої мепухтанд, ки мероси зиндагии кўчманчиёна буду дар ин чордеворињои нав њам бўи хуши кўњистон мепароканд. Ва њозирон, маззаи шомонаи сарљамъонаро тасаввур карда, бо тамкину виќори мењмон менишастанд. Вале моњияти зиёфат натанњо ва на чандоне дар таом буд, зеро, одам, ки сер шуд, ботинан аз фаровонии хўрданињои пешаш азоб мекашад; балки маънии ин њама нишастњо дар гуфторњои мутантан – табрикоту орзўњои нек ифода меёфт. Ин маросим ким-чизи њамеша ширинеро дар худ нињон медошт ва ин њиси ширин њама он эњсосеро, ки дар дил нињон буд, ба худ мекашиду дар хеш њал мекард. Њатто њасад муваќќатан гўё ба илтифот табдил меёфту рашк – ба рафоќат, дурўягї лањзае ба самимият мубаддал мегашт. Ва њар яке аз њозирон ба тарзи аљибе таърифбоб мешуду то тавонистан бааќлонатар ва муњимаш – зебо нутќ мекард ва беихтиёр ба мусобиќаи эълоннашудае бо дигарон мепардохт. Аљаб сањнањои фаттоне буданд он нишастњо! Чї нўшбодњои олиљанобе, чун мурѓони хушпарубол, сўи саќфи ќандилдор пар мекушоданд, чї нутќњои зебое, њозиронро гирифтори оњанги мутантани хеш намуда, љорї мешуданд.
Тансиќбоеву занашро хоса нўшбоди як подполковники наврутбаи ќазоќ, ки ботантана аз паси миз бархоста, чунон муассиру бовиќор суханронї намуд, ки гўё њунарпешаи театри дром буду наќши шоњи маснаднишинеро меофарид, мафтун кард.