Выбрать главу

Абўтолиб хомўш буд. Вай, саропо ба дањшат афтода, дар дилаш даќиќањои ба нимистгоњ расиданро љамъутарњ мекард. Љигарбандонро аќаллан аз тиреза дидан насиб набудааст - ин фикр майнаашро пармасон афгор мекарду афгор мекард.

- Чї хап кардї? Туро мепурсам ман – маќсад фањмо? – Ба љонаш мерасонд Тансиќбоев.

Абўтолиб сар љунбонд. Албатта, мефањмад ў маќсадро.

- Кайњо бояд ана њамин хел мешуд! – сарљунбониро аломати розигї дониста, гуфт Тансиќбоев ва бархоста, пеши Абўтолиб омаду њатто даст ба китфаш нињод. – Медонистам, ки беаќл нестї ту, љигит, медонистам, ки ба роњи дуруст медарої оќибат. Пас, гап пухт. Ягон гумони дигар накун. Ба гуфти худам кардан бигир. Аз њама муњимаш – њангоми рўбарўкунї натарс, рост ба чашмашон нигоњ куну њама гапро, чї хеле ки њаст, бигў. Попов резидент аст, бигў, аз соли чилучор љосуси разведкаи Англия аст, пеш аз бозгашт дар машварати худи Тито њузур дошт, супориши дарозмўњлате дорад, ки њангоми нотинљињо амалї мекунад, бигў. Тамом, њамин ќадар кифоя. Акнун дар хусуси Сайфуллини тотор, Сайфуллин дасти рости Попов аст, бигў, бас. Он тарафашро худамон дуруст мекунем. Натарсида гуфтан бигир. Аз ягон чиз парво накун, аз ягон чиз. Сахт ваъдаат медињам. Ана, њамин хел. Бо душманон гапро зиёд намекунем мо – аз беху бун канда мепартоемашон. Лекин бо дўстон – гапи дигар – њамкорї мекунем, фаромўш накун. Инро њам аз ёд набарор, ки бо ман шўхї кардан оќибати хуб надорад. Воќеан, чї ин ќадар рангпаридаву араќшорї, мазаат нест-чї? Ё њаво бад аст?

 Гўё чизи ѓализе хўрда бошад, Абўтолибро сар чарх мезаду дил мешўрид.

- Ња, худамро бад њис мекунам, - ин њолатро рафъ карда, базўр гуфт ў.

- Хайр, ин хел бошад, дигар манъат намекунам. Ба љоят бираву то Оренбург истироњат кун. Лекин дар он љо шайкак барин тайёр бошї! Фањмидї? Њангоми рўбарўкунї набояд ягон дудилагї бошад. Боз «ёд надорам, намедонам, фаромўш кардаам» накунї… Њамаашро, чї хеле ки њаст, бигў вассалом. Аз боќии кор ташвиш нашав. Он тарафашро худамон соз мекунем. Ана, њамин хел. Њозир навис-навис намекунем, бирав, дам бигир, дар Оренбург, натиљањои рўбарўкуниро љамъбаст ки кардем, аз рўи ќоида коѓазњоро имзо мемонему ту баёнотатро тасдиќ мекунї. Њозир – бирав, ба гумонам, маслињатамон наѓзакак пухт. – Бо њамин суханон Тансиќбоев Абўтолибро ба њуљразиндонаш роњї кард.

Аз њамон лањза Абўтолиб гўё зиндагии наве оѓоз намуд. Ба назараш чунин мерасид, ки ќатора гашташро тезтар кардааст. Аз тиреза бошитоб манзарањои шиноси шинос мегузаштанд – даќиќањои башумор монда буд то Бўронї. Ором шудан, худро ба даст гирифтан, сабр кардану ба њар гуна саранљоми хеш омода гардидан, вале, пеш аз њама – суръати ќатораро мўътадил намудан лозим буд. «Кош оњистатар мерафт» – аз дил гузаронд Абўтолиб, кадом як ќудратеро тавалло намуда ва, базудї эњсос кард ё ба назараш чунин тофт, ки ќатора суръаташро кам карду батадриљ шитоби бењади манзарањои паси тиреза ќатъ гардид. Он гоњ ба худ гуфт: «Чизе бихоњам, мешавад!» – ва каме осуда гашту нафасгардонаш гузашт; пас, бо тамоми вуљудаш ба тирезаи панљарадор часпида, мунтазир шуд.

Воќеан њам, ќатора ба дуроњаи Бўронї, ба он љое наздик мешуд, ки бахти бад Абўтолибро бурда буд; ба маскани нав хў гирифта, орзу дошт то калон шудани бачањо нобасомонињои айёмро он љо сипарї созад. Вале њамин њам насиб набудааст: ин замон оилааш њаволаи таќдир буду худаш аз он манзилу макон мањбуси њуљразиндон мегузашт.

Абўтолиб бо чунон диќќате ба берун менигарист, ки гўё чизњои дидаашро тамоми умр, то нафаси вопасину нури охирини чашмон ба ёд гирифтанаш зарур бошад. Ва њама чизе, ки ў дар он соати пеш аз ними рўзи бањманмоњ медид – барфтўдањову пораяке марѓзор, дашти гоњ пурбарфу гоњ урён – њамаро чун хоби шарифе бо њаяљону зориву дўстдорї мепази-руфт. Ана, он теппањак, ана, сой, ана, пайрањае, ки њамроњи Зарифа, асбобу анљом сари китф, рањсозкунї мерафтанд, ана, марѓзоре, ки тобистонњо бозигоњи бачањои Бўронї ва кўдакони ў – Довулу Эрмак буд… Ана, чанд уштур, њо дар он љо – боз як љуфт, якеаш Ќаранори Едигей аст, ки аз дур шинохтанаш душвор нест, саланг-саланг куљое меравад он бузургљусса; баногоњ, барф сар шуду зарраяконаш дар њаво ба раќс даромаданд; аслан табиї буд ин њол, чунки аз сањар осмонро абрњо гирифтаву маълум буд, ки њаво вайрон мешавад, лекин камакак, як камакак сабр мекард барф; охир, уштурхонањову боми аввалин, ки аз тўтааш дуд мебарояд, аллакай намоёнанд, ана – рањнамо ва пеши он ќатора ба роњи эњтиётї мегузараду чархњояш дар пайвандљоњо ба таќ-таќ медарояд, ана, рањнамобон*[§§], ки байраќча дар даст назди хонањакаш истодааст, Ќазонќоп аст ў, Ќазонќопи чун дарахти хушк ќоќина; Худоё, ана, як назар хоначаи Ќазонќоп ба чашм тофт, ќатора, ќад-ќади дењкада, даршитоб аст; ана, хоначањо, бому тирезањошон, ана, кадоме ба хона даромад, ки Абўтолиб танњо пушташро дида тавонист, ана, нафаре пеши чўбу тахтањо моломол дорад, барои кўдаку чўдак чизе месозад. Едигей, оре, Едигей аст ў, дар танаш нимтанаи остинњояш барзада, дар пешаш – духтарчањояш ва њамроњашон - Эрмак; оре, љигарбанди ман Эрмак, бачаљони ширинам, дуртар аз Едигей истода, аз замин ба ў чизе медињад, Худоё, рўяш як назар тофту халос, лекин куљост Довул, Зарифа куљост? Ана, он зани вазнин њамсари сардори дуроња Саулест ва, ана, Зарифа, рўмолаш ба китфаш фуромада; Зарифаву Довул, Зарифа дасти писараки хурдиашонро гирифтаву њарду љонибе мераванд, ки Едигей њамроњи бачањо чизе месозад; мераванду намедонанд, ки вай, Абўтолиб, ин лањзањо беихтиёр бо даст дањонашро пўшидааст, ки навмеду девонавор фарёд назанад: «Зарифа! Азизам! Довул! Писаракам Довул! Ин манам! Манам, ки шуморо бори охирин мебинам! Алвидоъ! Довул! Эрмак! Алвидоъ! Фаромўшам накунед! Ман бе шумо зиста наметавонам! Бе шумо мемурам ман, бе фарзандони азизу њамсари мењрубонам мемурам! Алвидоъ!»

Дуроњаи Бўронї, ки дергоњ интизориаш мекашид, кайњо пас монда буд, вале тамоми чизњои дар он лањзањои нафасвор кўтоњ дидааш гаштаву баргашта пеши назараш меомад. Дар пушти тиреза барф меборид, барфи анбўњу фаровон; њама чиз бебозгашт ба гузашта рафт, вале барои Абўтолиб Ќуттибоев ваќт дар он макони тайшуда, дар он пораи роњ, ки њама дарду маънии зиндагиашро дар хеш дошт, аз њаракат монда буд.

Њарчанд ки аз паси пардаи барф дигар чизеро фарќ кардан имкон надошт, ў худро њељ аз тиреза дур карда наметавонист. Ба њамин тарз, моту мабњут назди тиреза меистоду њайрон буд, ки њарчанд бедодгариро сар нафуровард, маљбур буд ба кадом як ќуввае итоат кунаду бесадову дуздона аз назди зану фарзандонаш чун њайвони безабон гузашта биравад, зеро ба ин њамон ќувва, ки аз озодї мањрумаш намуда буд, маљбураш мекард ва ў, ба љои он ки аз ќатора бипараду аз худ дарак бидињад ва рўирост сўи оилаи пазмонаш биштобад, њаќиру бечора ба тиреза менигаристу Тансиќбоевро имкон медод бо ў чун бо саге, ки амраш кардаанд дар кунљаке бишинаду њаракат накунад, муносибат намояд. Ва Абўтолиб, барои тасаллои дилаш, ањде кард, ки худаш медонисту Худо…

Акнун зањри талхи лањзањои дидорро то охир менўшид Абўтолиб. Фаќат њамин меомад аз дасташ, як њамин дар ихтиёраш буд, ки он лањзаро љузв-љузву зарра-зарра ва аён пеши чашмони хеш эњё намояд: аввал Ќазонќопро пеши назар овард, ки њамоно, байраќчаи бебадалаш дар дастони ќоќина, дар посгоњи доимии хеш истода буд, чи ќадар ќаторањоро ќабулу гусел кардааст ў дар умри хеш дар ин канору он канори дуроња; баъд – кулбањову молхонањои Бўронї ва дуди тўтањои рўи бомњоро ва аз он пас – Эрмакро, миёни бачањо, назди Едигейи Бўронї – он одами Худо, ки дар ин дунё чун кўњ собиту устувор монда буду он лањзањо барои тифлакон чизе месохт, дидану аз фарёду алам ќариб нафасгардон шуданашро. Эрмак ба Едигей тахтача ва ё ким-чизи дигаре медод. Ва Абўтолиб дар он чанд лањза Едигейи тануманду баќуввату сиёњљурдаи ба бачањо мењрубонро, ки дар тан пўстинчаи остинњояш барзадаву дар по мўза дошт, Эрмакаки телпакчаи куњнаву мўзачањои намадї пўшида ва Зарифаву Довулро, ки сўи онњо мерафтанд, бисёр рўшану аён пеши чашми худ дид. Зарифаи бечораву азиз – њам рўмолашро, ки ба китфонаш хамида, мўйњои сиёњи печонашро намоён карда буд, њам чењраи рангканда ва ин ќадар муассири дилљўяш, палтои тугмањояш кушода, мўзањои даѓалеро, ки худ барояш харида буд, сари сўи бачаякашон хамашро низ – ба Довулак ким-чї мегуфт - бењад наздик дид ў ва ин њама чизи бењад ќарину азизу фаромўшинопазир дер гоњ Абўтолибро дар хайрбоди хаёлии баъди дидор њамроњї мекард… Талафоте буд ин, ки бо ягон чиз ва њаргиз љуброн намешуд…