Выбрать главу

Тамоми роњ барф мебориду бўрон менолид. Дар яке аз истгоњњои пеши Оренбург ќатора як соати дароз истод – барфтўдањои роњро тоза мекарданд. Овозњо ба гўш мерасид – одамон, боду њаво ва њама чизи дунёро нафрин намуда, машѓули кор буданд. Баъд ќатора, дар пардаи гирдбоди бўронї, боз ба роњ даромад. То даруни Оренбург дурудароз рањ паймуданд, шохањои чун њезуми гўристони бесоњиб сиёњу каљукилеби дарахтони сари роњ лолу тира овезон буд. Худи шањр ќариб ки ба чашм намерасид. Дар истгоњи таќсимоти ќаторањо низ то дери шаб истоданд – равонхонаи махсусро аз ќофила људо карданд. Абўтолиб инро аз рўи таконхўрии равонхонањову садоњои ходимони равонхонаи махсус ва фарёди ќаторакашњо фањмид. Баъд равонхонаро боз ба куљое, аз афти кор, ба роњи эњтиётї кашида бурданд.

Оќибат ними шаб равонхонаи махсус дар љои муќарраршуда ќарор гирифт. Охирин бор такон хўрд равонхонаву охирин бор амре аз поин садо дод, ки «Шуд! Нарасед дигар!» ва он дигар аз љо наљунбид.

- Хайр, тамом! Тайёр шав, мањбус! Бубаро! – Дари њуљраро кушода, Абўтолибро фармуд нозири калон. – Ваќта нагир! Бубаро зудтар! Хобат бурд-чї? Як њавои тоза бигир!

Абўтолиб оњиста аз љо хест ва, ба нозир тамоман наздик шуда, навмедона гуфт:

- Тайёрам ман. Куљо рафтан даркор?

- Тайёр ки бошї, рафтем! Куљо рафтанатро посбонњо мегўянд, - нозир Абўтолибро роњ дод, ки ба долон барояд, вале баъд, њайрону хашмї фарёд зада, боздошташ: - Борхалтаат њамин љо мемонад-чї? Куљо? Барои чї борхалтаатро намегирї? Ё бароят боз њаммол биёрем? Канї, зуд лату путатро бардор!

Абўтолиб, ба њуљра баргашта, бо дили нохоњам борхалтаи фаромўшкардаашро гирифт ва њангоми баргаштан ба долон ќариб буд ба ду ходими махсуси њаминљої, ки бо шитобу изтироб мерафтанд, бархўрад.

- Биист! – Абўтолибро ба девор пахш кард нозир. – Рањ бидењ! Бимон аввал рафиќон гузаранд!

Аз равонхона баромада, Абўтолиб садои дари њуљраи Тансиќбоевро кўфтани онњоро шунид.

- Рафиќ Тансиќбоев! – Садои пурњаяљонашон шунида мешуд. – Зиёрат ќабул! Аз интизорї як чиз шудем! Дар љойњои мо – барф! Бубахшед! Иљозат дињед худро муаррифї кунем, рафиќ майор!

Дастаи мусаллањи посбонон – се нафари телпакњои гўшакдору либоси аскарї пўшида – дар поён интизори мањбус буд ва бояд ўро, аз рўи роњњои оњан гузаронда, назди мошини махсус мебурд.

- Ку зуд фуро! Боз чї интизорї? – Шитобонд яке аз посбонон.

Абўтолиб, пеш-пеши нозир, хомўшона бо зинањо аз ќатора фуромад. Шамоли сард мевазиду барфи реза меборид. Аз сардии завлонањои яхбаста дастонаш якбора раг кашиданд. Торикистони истгоњи ноошноро чароѓњои рўи роњ сина медариданд, роњњои оњанро бўрон барфпўшу ноаён карда буд, ќаторакашњо пуризтироб нидо мекарданд.

- Мањбуси навадуњафтумро супурдам! – Ба дастаи посбонон арз кард сардори нозирон.

- Мањбуси навадуњафтумро ќабул кардам! – Чун акси садо љавоб дод сардори посбонон.

- Шуд! Куљое барандат, рафтан гир! – Гуфт ба Абўтолиб сардори нозирон њангоми видоъ ва баъд, барои чї бошад, ки илова намуд: - Бо мошин мебарандат…

Абўтолиб, борхалтааш сари китф, батахмин рў-рўи тахтаву оњанњои роњ ќадам монда, пеш-пеши посбонон ба роњ даромад. Аз барф худро паноњида мерафтанд. Гоњ аз ин сўву гоњ аз он сў ќаторакашњои шабкор садо медоданд.

Њамкорони оренбургї, ки барои мењмонхона бурданаш ба њуљраи Тансиќбоев омада буданд, банди таљлили ташрифи ў, дер карданд. Таклиф намуданд онон, ки барои шиносої њамон љо, дар худи равонњуљра бинўшанду бихўранд – шаб аст, охир ва ваќти кор кайњо тамом шудааст. Кї њам намепазирад чунин таклифро? Њини сўњбат Тансиќбоев лозим донист бигўяд, ки корњо хуб аст, ба барори рўбарўкунї, ки барояш онон аз худи Алмаато омадаанд, дилпур бошанд.

Њамкорон зуд забон ёфтанду сўњбаташон тасфид. Баногоњ аз берун овозњои пуризтироб омаду дар долон садои ќадаммонї баланд шуд ва њамоно посбону сари нозирон бошитоб вориди њуљра гардиданд. Посбони саропо хунолуду вањшатзадарў, даст ба чакка бурда, сўи Тансиќбоев дод зад:

- Мањбуси навадуњафтум њалок шуд!

- Чї хел њалок шуд? – Бехудона аз љо парида хест Тансиќбоев.– Чї хел њалок шуд?!

- Худро тањи ќаторакаш партофт! – Шарњ дод сари нозирон.

- Чї хел партофт? Чї хел партофт?! – Бадхашмона нозирро такон дод Тансиќбоев.

- Ваќте ки мо рўи роњњо баромадем, аз чапу рост ќаторакашњо њаракат мекарданд, - канда-канда ба фањмонидан шурўъ кард посбон. – Ќатораеро њам ин сўву он сў мебурданд. Дар њамон љо… Мо истодем, ки ќатора гузарад… Њамин ваќт мањбус, кашидаву кушода, бо борхалтааш ба сари ман заду худро рост тањи чархњои ќаторакаш партофт…

Њама, аз ин њодисаи ѓайричашмдошт худро гум карда, хомўш буданд.

- Ња, мурдоре! Палиде! Халос шуд-а! - бесаранљомона њаќорат медод Тансиќбоеву овозаш меларзид. – Њама корро расво кард! Ина бинед-а! Халос шуд-е, халос шуд! – Баъд, навмедона даст афшонда, истаконашро пури араќ кард.

Њамкорони оренбургиаш дарзамон посбонро њушдор доданд, ки масъулияти ин њодиса бар дўши дастаи посбонон хоњад буд…

АБРИ ЭЊСОНИ ХУДОВАНД

Яке аз бузургтарин нависандањои муосири дунё - Чингиз Айтматов дер боз миёни хонандагони хушзавќи тољик њам мањбубияти сазовор пайдо кардааст. Аз ќиссањои зебои давраи аввали эљодиёташ, ки аксаран зиндагии пуртаззоди як инсон ва тавассути он рўзгори бузургворонаю фољиавии инсониятро бозгў кардаанд, то романњои ба њар маънї бузургу фарогираш, ки Инсону Кайњонро бо он њашамату бекаронї ба тасвир гирифтаю зимнан шодию нишот ва дарду аламњои њар як одами хокиро хеле муассир инъикос намудаанд, ин ќаламкаши забардаст дар мадори муњаббати китобхонњои дунё ќарор дорад.

Чунон ки хонандаи мўњтарам медонад, таќрибан бист сол пеш романи нахустин, вале њамоно устодонаи Чингиз Айтматов - «Рўзе њаст дарозтар аз ќарн» ё худ «Дуроњаи бўронї» манзури њамагон гардид. Тавассути ќаламдоди рўзгори ашхоси оддии зањматкаш, аз як љониб ва тасвирњои хаёлии кайњонї, ки барояш одатї набуданд, аз љониби дигар, адиби ќудратманд масоили мубрами замонро пеш нињода, чун њамеша љомеаро ба андешаи амиќ перомуни оламу одам водошта буд. Њамон ваќт он асари зебову хоноро мутолиа кардаву ба ќудрати сухан мафтун шуда ва аз љасорати адабиву инсонии муаллиф ба њайрат афтода, шояд кам касоне андешида буданд, ки ин китоби љолиб низ аз заррабини мафкуравї гузаштаву тањрироти иљбориеро дучор омада ва, беш аз ин, аз порањои дилраси хеш мањрум шудааст.