Выбрать главу

Мутаассифона, њамин хел шуда буд ва, хушбахтона, замоне расид, ки њамон пораи соќити роман чун ќиссаи људогона манзури хонандагон гардид. Дар маркази ин пораи роман ё худ ќиссаи алоњидаи Чингиз Айтматов низ, чун дар осори дигараш, Инсони оддии зањматкаш ќарор дорад; Инсоне, ки бори дунёро ба дўш бардоштаву бо вуљуди ин ќудрату бузургї љуз осоиши хонадони хешу дигарон, муњаббати љонибайни одамон, яъне хушбахтии оддию душворњосили заминї, ормоне надорад.

Дар ќисса образњои маъруфи романи «Рўзе њаст дарозтар аз ќарн» – Абўтолиб Ќуттибоев ва майори хадамоти амнияти давлат Тансиќбоев амал мекунанд ва табиист, ки зимнан љињатњои нави характерњояшон тасвир мешавад. Њамзамон бо ќудрати беназиру ѓайриинсонии мошини муљозотї, ки дар шахси «одами давлат» Тансиќбоев нишон дода шудааст ва бечорагию бењуќуќии Инсон, ки зимни образи Абўтолиб манзур мешавад, хати дигари сужет мегузарад. Ин хати тоза аз масири таърихи инсоният убур карда, замони истилои муѓулро бо даврони сотсиализми пирўз, салтанати худкомонаи Чингизхонро бо диктатураи бедодгарбунёдкори Сталин пайвастааст. Ва чизи љолибтарине, ки зимнан мушоњида мешавад, образи Инсон аст, «инсони оддии зањматкаш» (таъбири Чингиз Айтматов), ки бо вуљуди таѓйироти чашмгири иљтимоиву сиёсиву фарњангї аз азал то имрўз кам дигаргуниеро мувољењ шудааст. Њоло низ ў њамон инсонест, ки ду, се, дањ аср ќабл буд, њамон гуна азият мекашад, меандешад, ѓам мехўраду аз ночизтарин бањонаи тараб шодї мекунад. Ин фикри љолиб зимни хати пайванде, ки миёни образњои Абўтолиб Ќуттибоев ва Эрдене-юзбошї устувор аст, бозгў шудааст. Абўтолиб, ки дар даврони дигаргунињои бузурги иљтимоиву техникї, замони пайванди ќутбњову ќитъањо, тасхири ављи кайњону ќаъри замин, бунёди истгоњњои бузурги барќ, ихтироъи дорую дармони бемислу силоњњои беназири одамкуш зиндагї дорад, мубталои њамон дарди азалиест, ки Эрдене-юзбошї – сарбози соњибдили Чингизхонро дар доми худ медошт. Њарду низ – њам инсони асри сездању њам муосири мо чизи бисёре намехоњанд: дар зиндагї ба њоли худ зистан, касеро дўст доштану дўстдоштаи касе будан, фарзанд ба дунё овардану сазовор парваридан кофист барои хушбахтии комили онњо. Лекин рўзгор - њам дар он ва њам дар ин замон – бисёр берањм буду њаст ва лозим намедонад Инсонро ба камтарин таманнои дилаш њам комёб кунад.

Њарду низ – њам Эрдене-юзбошї ва њам Абўтолиб зоњиран коре накардаанд, ки сазовори њайрату мафтунї бошад. Вале моњиятан њарду низ исёнкоранд ва мебояд ќањрамонони созандаи адабиёт мањсуб бишаванд.

Эрдене-юзбошї амалдори ќўшуни бешумори Чингизхон аст, ки њар њафта шањреву њар моњ кишвареро зери даст мекунад. Ў имкон дорад ба коми дили як инсони худком бизияд. Вале Эрдене-юзбошї инсони ќолабї нест, ў бояд исён бикунад, ба зоњир не, ба моњият исён бикунаду ќадру манзалати Инсонро биафзояд.

Абўтолиб – фарзанди асри бист бо Эрдене-юзбошї аз њамин љињат ќаробат дорад. Ў вазифадор аст оддитарин арзишњоро ќадр бикунаду суннатњоро зинда бидорад, дар мушкилтарин њолатњо, ки ќисмат ба сараш меорад, Инсонро дар хеш бой надињад. Абўтолибро бо гуноњњои гўшношуниде муљрим медонанд, бо љазоњои мудњише метарсонанд, вале ў, беш аз њама, аз як љазо, ки ќисмат мубталояш кардааст – људої аз зану фарзандон њарос дораду бас. Њамин људоии љовид аз пайвандони дилу љон, њамин талафоти мудњиш нуќтаи дигарест, ки ќисматњои Абўтолибу Эрдене-юзбоширо ба њам мепайвандад. Талафоте, ки њаргиз ва ба њељ чиз љуброн намешавад ва, бинобар ин, љуз Офаридгор касе њаќ надорад Инсонро ба он дучор бикунад.

Бадбахтии Инсон аст, ки бо талќини Шайтон аз доираи вазоифи рањмонии хеш убур мекунаду ба сари њамзотонаш балоњо меорад. Вай дар осори Чингиз Айтматов мањз њамчун як офаридаи комил-тарину ноќистарини Худованд, ки пайваставу мунта-зам ба такомул ниёз дорад ва, бадбахтона, дар роњи ќисмати хеш хоњу нохоњ ва аксаран ба коњишњои рўњонию маънавї мувољењ мешавад, ба ќалам омадааст. Аз ин љињат, махсусан, образи Чингизхон љолиб аст. Вай, бо њама шукўњу шањомат, дар сояи лутфи ќисмат – дар ињотаи ќўшуни бисёрњазора ва ходимону надимони содиќ (садоќате, ки решааш њарос аст) дар ављи салтанату љањонгирї тасвир шудааст. Вале назари заррабини адиби њунарманд, аз љавшани заркўби ў гузашта, дилу љонашро урён мебинад ва дармеёбад, ки ў низ, бо вуљуди он њама ободии зоњир, доѓњое дар дилу љон дорад. Чунин тасвири амиќу воќеї хонандаро маљбур мекунад ба образи маъруфи адабиёти дунё дигаргунатар назар андозад. Фољиањое, ки он абарќудрату љањонталаби хунхору мардумозор аз сар гузарондааст, варо лањзае чун Инсон – чун мављуди муќтадиру бечораи мўњтољи рањму дилсўзї вонамуд месозад; вале фољиањое, ки ў худ ба сари инсонњо меорад, ўро аз мадори камтарин таваљљўњ низ берун мекунад. Ин таваљљўњи оддии инсонї не, балки љозибаи хоси кайњонї, беш аз он, муњаббати рањмонист. Чунки Инсон, тавассути маќсадњои поки хеш, пайванди Офаридгор аст ва нияти азалии ўро амалї месозад. Нияти азалии Худованд – ободии оламу озодии одам, муњаббати пайвандону парвариши фарзандон, нек гуфтану нек кардан, шукргузориву мењршиорї, хуллас, накўкорї, ки чун пањнои Љањону ќудрати Яздон поён надорад, тавассути Инсони асил дар дунё собит мешавад. Ва, мантиќан, њар касе, ки бо кирдори шайтонї мавриди нафрати Инсон ќарор мегирад, њамзамон нафрати Яздонро сазовор мегардад.

Чингизхон, чун як абарќудрат, аз доираи вазоифи инсонии хеш гузашт ва фармудаи Офаридгор – идомаи наслро њангоми юришњои хеш муроот накард. Эрдене-юзбошиву Догуланг ин фармони шайтониро риоят нанамуданд ва гирифтори љазои берањмоната-рин гаштанд: љањонгири хунхор онњоро аз зиндагї ва лаззати ширинтарин меваи дарахти умр – фарзанд бенасиб сохт. Худованд, чун мукофоти амал, Чингизхонро аз сояи марњамати хеш – абри сафеде, ки аз оѓози юришаш љониби Ѓарб њамроњиаш дошт, мањрум намуд.

Тансиќбоев, алораѓми воќеияту њаќиќат, Абўтолибро дучори тўњмату мањрумиятњо карда, ба њалокат расонд ва аз бузургтарин орзў – дидори зану фарзандон мањрум сохт. Ва моњиятан ба нафрати Худованд дучор гардид.

Рамзист, ки ин њодиса бањманмоњи соли 1953 рух дод. Баъди чанде Сталин даргузашт ва шикастани мошини мудњиши тарсу њарос, тўњмату бўњтон, шиканљаву љазо, ки дар бањои љону азобњои алими Инсон тансиќбоевњоро ба манзили муродашон мерасонд, оѓоз гирифт…

Њамин аст фарљоми њар амале, ки алайњи нияти азалии Худованд корбаст мешавад.

Њамин аст хулосаи ќиссаи муассиру омўзандаи Чингиз Айтматов «Пораабри сафеди Чингизхон».

Дар ќисса порае њаст, ки дарвеши ѓайбдоне пайдоиши абри сафедро болои сари Чингизхон пешгўї мекунад: «Он нишонаи Ќазои Афлок аст, ки воломаќомии мутлаќатро дар рўи замин шањодат медињад. Ту бояд он абрро эњтиёт кунї, вагарна, гумаш, ки кардї, аз ќудрати беназират мемонї…» Њама таркиши хашми Хоќонро интизор мешаванд, вале ў густохии ѓайбдони дарвешро оромона тањаммул мекунад: «Фарз кардем, Афлок ин суханонро ба дили ту андохт, ки ба мо бигўї. Фарз кардем, ки ман бовар кардам. Лекин, бигў, эй мусофири хирадманд, ки ман он абри озоди осмонро чї гуна эњтиёт карда метавонам? Шояд галабонњои савори аспњои болдорро бифиристам, ки нигоњубинаш бикунанд? Ё, чун аспи сур, ба њар эњтимол, лаљомаш бизананд?! Абри осмониеро, ки бод сад сўяш мебарад, ман чї хел эњтиёт карда метавонам?» Дарвеши ѓайбдон, бо њамон густохиву лоќайдии бузургворона, посух медињад: «Инаш – кори ту…»

Оре, њар касе њам, агар Инсон аст, бояд пораабри марњаматеро, ки Худованд бар фарози њар бандаи покаш парафшон медорад, посбону посдор бошад. Чї гуна – кори њар кас аст, вале як чиз мусаллам аст, ки бе нияти неку амали нек, ки вазифаи азаливу абадии Инсон аст, дар сояи пораабри марњамати Худованд будан имкон надорад.

 Низом ЌОСИМ

E-maiclass="underline" nizom_kosim@mail.ru

* Волга

* Дуруд (муѓулї)

*рўди Урал

* вагон

*почта

**оперативї

[††] локомотив, паровоз

*купэ.

* стрелочник