- Дўстони азиз, - шурўъ намуд подполковник, њозиронро бо нигоњи махмуру бовиќори хеш аз назар гузарондаву бо ин зарурати таваљљўњи пурраву батамом љиддии ононро зикр намуда. – Худатон мефањмед, ки имрўз дили ман бањри саршор аст. Мефањмед! Ва ман сухан кардан мехоњам. Ин лањза соати бахти ман аст ва ман гапамро мегўям. Мегўям, ки ман њамеша дањрї будам. Комсомол тарбияам кардааст. Ман болшевики матинам. Мефањмед! Ва бо ин бисёр мефахрам. Барои ман худо вуљуд надорад. Набудани худо ба њама, ба њар як мактаббачаи советї маълум. Вале ман чизи дигар гуфтан мехоњам, мефањмед… гуфтан мехоњам, ки худо њаст дар дунё! Мефањмед… Ман худоеро дар назар надорам, ки истисморгарони оммањои мењнаткаш пеш аз инќилоб бофта баровардаанд. Худои мо соњибњукуматест, ки аз ќудраташ, чунон ки газетањо менависанд, дар сайёра давраи нав сар мешавад ва мо, ѓалаба то ѓалаба, ба сўи тантанаи љањонии коммунизм меравем; он шахс доњии беназири мост, ки лаљоми даврон дар дасташ аст, чунон ки сорбон инони нахустуштури корвонро ба даст дорад; он шахс Иосиф Виссарионовичи мост! Ва мо аз паи ў меравем, ў корвонро рањнамої мекунаду мо якдилона аз паси ў роњ мебарем. Ва њар касе, ки дигар хел фикр мекунад ё дар сар андешањои бегона дорад, аз шамшери сазобахши чекистї, ки Дзержинскийи оњанинирода ба мо ёдгор гузоштааст, амон намеёбад. Мефањмед… Мо ба душманон муборизаи беамон эълон кардаем. Авлоди онњо, оилањои онњо ва њар гуна унсурњои хайрхоњи онњо, ба хотири кори пролетарї, чунон ки баргњои хазонро тирамоњ тўда-тўда месўзанд, несту нобуд карда мешаванд. Мефањмед… Барои он ки идеология фаќат яктост, идеологияи дигар нест! Бино бар ин, мову шумо рўи заминро аз душманони идеологї – миллатчиёни буржуазї ва ѓайраву њоказо… мефањмед… тоза мекунем, ба душман, дар куљое, ки пинњон нашавад, ниќоби касеро, ки ба рў накашад, ягон рањму шафќат нест. Дар њама љо душмани синфиро фош кардану љосусони душманро рўи об баровардан… мефањмед… чї хеле ки рафиќ Сталин таълим медињад, душманро кўфтану рўњи оммањои мењнаткашро мустањкам намудан! – ана, њамин аст шиори мо. Имрўз, ки маро ќадрдонї карданду фармони пеш аз мўњлат додани унвони навро хонданд, савганд ёд мекунам, ки бемайлон бо роњи сталинї меравам… мефањмед… душманро кофтаву ёфта, ниятњои љинояткоронаашро фош месозам ва ў, барои он ниятњои ифлос, љазои сахту сазовор мегирад. Мефањмед… мо миллатчиёни асосиро безарар карда бошем њам, институту редаксияњо пури хайрхоњонашон аст. Вале онњо њам аз мо халосї надоранд ва мо ба онњо ягон зарра рањму шафќат намекунем. Боре, дар як пурсуљў, як миллатчї… мефањмед… ба ман мегўяд, ки хоњед-нахоњед, таърихи шумо рањгум мезанад ва худатон, чун иблис, ба нафрат гирифтор мешавед. Мефањмед?!
- Ин хелашро дар љояш паррондан лозим буд! – Тоќат накард Тансиќбоев ва њатто бо хашм нимхез шуд.
- Дуруст, майор, ман низ њамин хел мекардам, - дастгирї намуд ўро подполковник, - вале вай њанўз барои тафтишот даркор буд ва ман ба ў гуфтам… мефањмед… ба ў гуфтам, ки то мо рањгум мезанем, нишони ту, палид, дар ин дунё намемонад! Саг мељакаду корвони сталинї меравад…
Њама якбора, мазаммати сазовори он миллатчии ношудро маъќул дарёфта, шодона хандиданду чак-чак заданд, њама, љомњои саршор дар даст, якбора бархостанд. «Барои Сталин!» – нафас берун карданд њама якбора, то охир нўшиданд ва гўё бо њамин њаќќонияти нўшбод ва садоќати хешро ба он тасдиќ мекарда бошанд, љомњои холиро ба њамдигар нишон доданд.
Баъдан дар идомаи он фикр бисёр суханон гуфта шуд. Ва он суханон, худ ба худ пайдову афзун шуда, то дер болои сари њозирон давр мезаданд. Он суханон, чун оилаи баќањромадаи занбўрњои вањшї, ки аз афзуниву зањрогинии худ бештар хашмї мешаванд, ѓазаби нињониеро дар хеш љамъ меоварданд.
Дар вуљуди Танќисбоев амвољи печоне туѓён менамуд, ўро фикрњои худаш беќарор медоштанд ва ин њама ќатъияташро меафзуд. На аз он боис, ки чунин гуфторњоро нав мешунид, баръакс, кулли њаёти ўву њамхидматони бешумораш мисли њаёти мардуми гирду атрофашон рўз ба рўз мањз дар њамин муњити шўрондани бардавому муборизаи беамоне мегузашт, ки синфиаш мехонданду бино бар ин, комилан њаќќонї шумурда мешуд. Вале рози нињоне буд ин љо. Барои ављи мубориза мавриду љараёнњои нави ошкоркунињо лозим буд; азбаски бисёр љињатњои ин кор аллакай амалї ва тамоми воситањо, то ба зўран фиристодани халќњои алоњида ба бадарѓањои марговари Сибиру Осиёи Миёна, таљриба шуда буд, ба тарзи куњна айбњои бозоргири бару бумњои миллї – миллатгароии буржуазї-феодалиро корбаст карда, куллан муваффаќ шудан торафт душвор мегардид. Одамон дар таљрибаи талхи хеш дида буданд, ки хабаркашии андаке оид ба шубњанокии идеологии ин ё он шахс боиси љазои бетаъхири ўву наздиконаш мешуд, бино бар ин, дигар ба хатоњои марговар роњ намедоданд, чизе намегуфтанду наменавиштанд, ки чун зуњуроти миллатчигї тафсираш кардан мумкин бошад. Баръакс, бисёрињо аз њад зиёд, ба дараљае эњтиёткору бамулоњиза шуда буданд, ки ба овози баланд кулли арзишњои миллї, њатто забони модариашонро рад мекарданд. Чї хел даст мегирї шахсеро, ки дар њар ќадам мањз бо забони Ленин сухан гуфтану фикр ронданашро зикр мекунад…
Мањз дар њамин замони камвоќеаву барои ављи мубориза бањри ошкор кардани душманони нави нињонї мушкил, тасодуф њам бошад, бахти майор Тансиќбоев хандид. Ариза аз болои Абўтолиб Куттибоевро ба дасти ў аслан чун маводи моњиятан дуюмдараља, на ба маќсади оѓози тафтиши љиддї, балки бештар барои шиносої дода буданд. Вале Тансиќбоев фурсати мувофиќи умрашро аз даст надод. Ва фаросаташ ўро нафиребид. Тансиќбоев, танбалї накарда, барои тафтиш ба љои воќеа рафт ва акнун торафт бештар бовар њосил мекард, ки ин парвандаи дар нигоњи аввал назарногир, агар хуб тањлилу тафсир бишавад, вазни зарур хоњад дарёфт. Ва, аз афташ, кор агар табъи дил биравад, ў њам аз мукофотњои боло бенасиб намемонад. Магар ў њамин њоло, паси ана њамин миз, шоњиди чунин тантана нест, магар ў намедонад, ки чунин корњо чї хел сурат мегиранд? Магар хуш нест ў бо ин шиносони хубаш, ки аз дилу љон ба Худо-Њокимият содиќанду дар сояи лутфаш рўи мизу саќфашон пурбулўр аст ва худ кайфу сафо доранд? Вале ба Худо–Њокимият танњо бо як роњ – тавассути хидмати ифлосу собитќадамона бањри дарёфту ифшои душманони ниќобпўш метавон даррасид.
Ва аз душманон бодиќќатонатар онњоеро назорат кардан даркор, ки дар асорат буданд. Онњо худ аллакай љинояткори тайёранд, чунки як тир ба пешонии худ назаданд; ўњдадор буданд онњо бимиранду асир наафтанд ва бо њамин садоќати тамомашонро ба Худо-Њокимият, ки мурдану асир нашудан талаби бечунучарояш буд, собит бисозанд. Ва касе, ки асир шуд, љинояткор асту љазои ногузираш барои ин њушдори умрбодест тамоми наслњоро. Чунин аст таълимоти доњї – Худо-Њокимият. Ќуттибоев, ки зери дасти ўст, ана аз љумлаи њамин собиќ асирони њарбист ва, муњиммаш, дар парвандаи ў як риштаи зарурї, бисёр як љузъи дархўрди замон њаст – агар эътирофи Ќуттибоевро дар ин хусус, бигзор каме њам бошад, ноил шудан даст дињад, чун калиди парвандаи калон ба кор меояд. Он барои ифшои наќшањои аз азал хоинонаи ревизионистии дастаи Тито-Ранкович, ки бе маслињати Сталин ба роњи хоси пешрафти Югославия даъво доранд, хидмат хоњад кард. Бубин-а, чї хостаанд! Љанг нав тамом шудаасту ишон – аллакай људо шуданї. Насибатон намекунад! Сталин ин маќсадро ба хокистар мубаддал месозаду ба бод медињад. Зимнан, барљо мебуд, агар бори дигар, бо далели андаке њам бошад, исбот бишавад, ки идеяњои хоинонаи ревизионистї дар Югославия бисёр барваќт, њанўз солњои љанг дар байни командирњои партизанњо тавлид шудаанд ва ин њама зери таъсири бевоситаи хадамоти махсуси англис сурат гирифтааст. Дар ёддоштњои Абўтолиб Ќуттибоев лањзае њаст, ки партизанњои югославї бо англисњо вомехўранд, яъне, маљбураш кардан мумкин, ки чизи барои имрўз зарурро иќрор бикунад. Њамин хел ки њаст, бо чї роње бошад, иќрорашро ноил шудан даркор. Сарро ба девор задан њам лозим ояд, ин ќаламфарсои саройиро маљбур бояд кард, ки чизи заруриро бигўяд. Дар сиёсат њама чизе, ки ба рафти об аст, кор меояд. Майдатарин далел метавонад охирин санге бошад, ки душманро дар гирудори мафкуравї аз по меафтонад. Бино бар ин, вазифаи ба даст овардани он санг ва ё, бигзор, сангчањо ва, рамзї бошад њам, бо дасти худ, аз дилу љон ба дасти Худо-Њокимият додани он сангчаи изофа ба миён меояд, то худаш њам назанад, каси даркориро бифармояд, ки бо он думравони ревизионистони манфур Тито ва њамтабаќаш Ранковичро бикўбад. Агар даркор нашавад, мегўянд, ки аз њад майда аст, лекин љидду љањдро ба назар мегиранд… Он гоњ мебинї, ки ањли ин нишаст мењмони ў шудаанду он муносибати олиљанобро ќайд доранд. Охир, маънии зиндагї хушбахтист, муваффаќият бошад, оѓози бахт аст.