Выбрать главу

Њангоми юришаш ба Ѓарб, рўзњои ќўшуни бешуморашро дар пањнои бекарони Осиё аз паи худ њидоят намудан, Чингизхон дар дашти Сарой маросими ќатле барпо карда, як юзбошї ва љавонзани зардўзеро, ки бар парчамњои абрешимии нусраташ аждањорњои оташнафас медўхт, ба дор кашид.

Он ваќт ќисми зиёди Осиё аллакай зери дасти Чингизхон ќарор дошту ба улусњо људо ва миёни писарону наберагону лашкаркашонаш таќсим шуда буд. Акнун бояд таќдири кишварњои он соњили Итил[*]*, таќдири Аврупо њал мешуд.

Дар дашти Сарой он дам тирамоњ њукм меронд. Баъди боронњои паињам кўлу дарёњои тобистон хушкида сероб шуданд ва акнун аспонро дар роњ шодоб кардан мумкин буд. Издињоми дашт мешитобид, чунки фатњи дашти Сарой ќисмати душвортарини юриш њисоб меёфт.

Се тумани дањњазорнафара, парчамњояшонро афрошта, пеш-пеш мерафтанд. Ќудрати онњоро аз рўи њаракаташон – пардаи чангу ѓуборе, ки аз суми аспонашон мехесту чун дуди сўхтори азиме то дурињои дур уфуќро мепўшид, ќазоват кардан мумкин буд. Ду тумани дигар, њамроњи галаи аспони эњтиётї, корвон ва подаи говони ќисир – барои куштани њаррўза – аз аќиб меомаданд; ба пас нигариста, ба ин бовар њосил кардан мумкин буд – чанги он љо њам ба осмон мехест. Дигар ќуввањои љангї њам буданд, ки бино бар дурии бењадашон ба чашм намерасиданд. То мавќеи онњо – туманњои ќанотњои росту чап, ки њар яке сетуманї доштанд, аспсавор якчанд рўз рафтан лозим меомад. Он ќўшунњо мустаќилона сўи Итил њаракат мекарданд. То оѓози хунукињо дар соњили Итил, дар ќароргоњи хон вохўрии сарлашкарони њамаи ёздањ туман пешбинї шуда буд, то ки амалиёти минбаъда маслињат бишаваду ќўшунњо, Итили яхбастаро убур карда, сўи мулкњои сарватманду зебое, ки фатњашонро Чингизхон, сарлашкаронаш ва њар яке аз саворон орзў доштанд, роњ бигиранд…

 Ана, њамин тавр, устувор, лањзае таъхир накардаву фурсатро аз даст надода, харакат мекарданд ќўшунњо дар он юриш. Ва, бадии кор дар њамин буд, ки занон њам дошт корвони онњо.

Худи Чингизхон, бо ним њазор посбонон – кезегулњову надимон – жасавулњояш, ки дар юриш њамроњиаш мекарданд, чун љазираи шиновар дар байни ќўшунњо њаракат менамуд. Лекин ба тарзи хос – пеш-пеши онњо мерафт ў. Фотењи Чањор Сўи Олам одами зиёдро хуш надошт, махсусан, њангоми юриш, ки бештар сукут кардану ба пеш нигаристан ва андешаи кор намудан лозим аст.

Ў савори саманди дўстдоштааш – Хубаи ањлу беозор, сарисинадамида, ёлсафеду думсиёњ ва нармрафтор, ки зери зини хон ќариб ними дунёро тай карда буд, роњ мепаймуд. Ду аспи эњтиётии низ бењад тобовару даванди дигараш бо рикоби дурахшонафзори хон, ки асппарварони савора мебурданд, сабук равон буданд. Хон аспонашро сарибод, њамин ки яке каме араќ кард, иваз менамуд.

Вале љолибтарин чиз на атрофиёни Чингизхон – кезегулу жасавулњои љасур буданд, ки њаёташон беш аз худашон ба хон тааллуќ дошт ва, бино бар ин, чун дами шамшер бисёр сахтгирона мунтахаб мешуданд ва на самандњои олиљаноби чун зари холис камёбашон. Оре, чизи љолиби он юриш тамоман дигар буд. Тамоми роњ, Чингизхонро аз офтоб панањ карда, болои сараш абре шино менамуд. Куљое, ки мерафт, абр аз паяш равон буд. Абраки сафед, ки њаљми хаймаи калонеро дошт, чун мављуде аз пушти ў мерафт. Ва ба хотири касе намерасид, ки – абр кам аст дар осмон, охир, - он фол аст. Афлок ба Фотењи Оламњо фотиња додааст. Вале худи Чингизхон, ки инро медонист, батадриљ абракро назора карда, бештар бовар њосил менамуд, ки он, дар њаќиќат, аломати Осмон-Тенгри, рамзи ќазост.

Пайдоиши абрро ѓайбдони дарвеше, ки Чингизхон боре имкони наздик шуданаш дод, пешгўї карда буд. Он мусофир ба зону наафтод, хушомад нагуфт, пешбинињои тамаллуќкорона накард. Ўи харобу љандапўш, ки бо мўњои бетартиби ба китфон хамидааш зани мўпарешонро мемонд, рў ба рўи афти мудњиши фотењи сањрої, ки дар юртаи заррин рўи тахт менишаст, сарбаланд меистод. Дарвеш љиддинигоњ, баришуфаш, гандумгуни харобрў буд.

- Ман омадаам ба ту бигўям, ки, хоќони кабир, - тавассути уйѓури тилмоч гуфт ў, - бо хости Афлок бароят аз боло рамзи хосае ирсол хоњад шуд.

 Чингизхон аз ин изњори ногањонї лањзае лол монд. Ин дарвеш, ё аз аќл бегона аст, ё намефањмад, ки анљоми ин кораш чї мешавад.

- Чї хел рамз? Ту инро аз куљо медонї? – базўр хашмашро фурў бурдаву пешониашро чин карда, мувољењ шуд зўри зўрон.

- Аз куљо донистанамро гуфтан манъ аст. Вале чї будани он рамзро мегўямат – дар болои сарат абре падид омада, њамроњиат мекунад.

- Абр?! – Њайраташро пинњон накардаву тунд абрў дарњам кашида, хитоб намуд Чингизхон. Њамоно њозирон беихтиёр омодаи таркиши хашми хон шуданд. Лабони тилмоч аз тарс сафед гашт – аз эњтимол дур набуд, ки љазо ўро њам дарёбад.

- Оре, абр, - љавоб дод ѓайбдон. – Он нишонаи Ќазои Афлок аст, ки воломаќомии мутлаќатро дар рўи замин шањодат медињад. Ту бояд он абрро эњтиёт кунї, вагарна, гумаш, ки кардї, аз ќудрати беназират мемонї…

Дар юртаи зарин хомўшии гароне њукмфармо шуд. Дар он лањза аз Чингизхон њама чизро интизор шудан мумкин буд, вале баногањ, хашми нигоњаш, њамчун оташи нимсўзи гулхан, хомўш гардид. Майли бемисли љазодињиашро фурў нишонда, фањмид, ки суханони фолбини дайдуро густохии бадќасдона гирифтану љазояш додан лозим нест; бо ин шаъни хонии хешро паст мекунаду бас. Бино бар ин, лабханди маккоронаашро миёни мўйлабњои тунуки зардаш нињон дошта, гуфт:

- Фарз кардем, Афлок ин суханонро ба дили ту андохт, ки ба мо бигўї. Фарз кардем, ки ман бовар кардам. Лекин, бигў, эй мусофири хирадманд, ки ман он абри озоди осмонро чї гуна эњтиёт карда метавонам? Шояд галабонњои савори аспњои болдорро бифиристам, ки нигоњубинаш бикунанд? Ё чун аспи сур, ба њар эњтимол, лаљомаш бизананд?! Абри осмониеро, ки бод сад сўяш мебарад, ман чї хел эњтиёт карда метавонам?

- Инаш – кори ту, - кўтоњ посух дод мусофир.

 Боз њама карахт шуданд, аз нав хомўшии амиќ њукмрон гардид, лабони тилмоч бори дигар сафед шуд ва як кас њам аз ањли юртаи зарин љуръат накард сўи ѓайбдони бадбахт, ки аз аблањї ё ба хотири ким-чї худро мањкуми марги яќин карда буд, бингарад.

- Инъомаш кунеду бигуселонед, - зери лаб гуфт Чингизхон ва суханонаш ба дилњо, чун ќатрањои борон ба мазраи хушкида, љон бахшиданд.

Он њодисаи аљибу ѓариб базудї аз ёдњо рафт. Дунё пури содалавњу аблањон аст, охир. Ёфтааст ѓайбдонашро! Вале, он мусофир танњо аз сабуксарї бо сараш бозї кард гуфтан њам, аз рўи адолат набуд. Охир, нафањмида наметавонист, ки ба чї роњ по мондааст. Њамон замон, барои густохиву беэњтиромї, парпечон карда, ба думи аспи вањшие бастану шармандавор куштанаш пеши казегулњои хон душворие надошт. Бо вуљуди ин, чизе он мусофири навмедро такон доду талќин кард, ки њамчуноне пеши шери биёбон, рўёрўи њокими берањму хашмитарин биистаду бе тарсу ларз гапашро бигўяд. Рафтори девонаавзое буд он ё воќеан пайки Афлок?

Ва танњо њангоме ки дар ташвишњои айёми гузарон њамааш фаромўш шуд, баъди ду соли расо баногоњ ѓайбдони бадбахт боз ба ёди Чингизхон омад.

Расо ду соли салтанат сарфи омодагии юриши Ѓарб шуд. Баъдтар Чингизхон бовар њосил кард, ки ин ду сол пурфайзтарин давраи љамъоварии ќувваю воситањо буд барои тасхири дунё, расидан ба маќсади дилљўяш, ба даст овардани сарзамину кишварњое, ки бо фатњашон метавонист худро Њокими воќеии Чањор Сўи Олам, дуртарин њудудњои дунё бињисобад; дуртарин њудудњои дунё, ки расидани суми аспсаворони шикастнопазираш имкон дошт. Моњияти мудњиши он њокими сањрої, вазифаи таърихии ў маљмўан дар њамин ѓояи девонаворона, њамин њирси серинопазири дороиву иќтидори мутлаќ ифода меёфт. Аз ин рў, њаёту мамоти салтанати ў – њамаи улусњои тобеаш дар пањнои бепоёни Осиё, кулли ањолии гуногуннажоде, ки зери дасти бетарањњумаш ба таќдир тан дода буданд, љумлаи дорову ќашшоќи шањру бодиянишин ва, нињояти кор, њар як шахс, касеву чикорае набошад, батамом тобеи њамин њирси шайтонии умрбод носер – истилоњои нав ба наву фатњњои тоза ба тозаи сарзамину халќњо буд. Њамин буд, ки њама саросар банди хидмати муштарак буданд, њама ба нияти ягона – љамъ овардану афзудану такмили иќтидори њарбии Чингизхон итоат мекарданд. Ва њама чизе, ки аз конњо ба даст овардану сарфи силоњсозї намуданаш муяссар мешуд, тамоми амали бунёдкоронаи мардум ба коми истилову љањиши муќтадири Чингизхон ба Аврупо, љониби шањрњои бенињоят дорояш, ки њар як сарбозро ѓанимати дилхоње интизор аст, сўи љангалу чарогоњњои то синаи аспон алафзораш, ки ќимиз дарёсон мешорад, фурў мерафт; шарики салтанати дунё хоњад буд њар нафаре, ки зери шўълаи парафшони аждањори парчамњои Чингизхон юриш мекунад ва аз файзи пирўзї, чун аз зане, ки оѓўшаш волотарин лаззати олам аст, бањра хоњад бурд. Ба набарду пирўзиву фатњи сарзаминњо амр медод хоќони бузург ва фармонаш амалї мешуд…