Выбрать главу

Чингизхон бо тамоми вуљуд марди амал буд, ки њар як чизро ќаблан ба њисоб гирифтаву пешбинї мекард. Њангоми тайёрї ба истилои Аврупо љињатњои майдатаринро њам омўхту ба назар гирифт. Тавассути љосусони содиќ, хоинон, тољирону њољиён, дарвешони мусофир ва кордонњои чиниву уйѓуру арабу форс њамаи чизњоеро, ки барои њаракати издињоми бузурги њарбї зарур буд – роњу гузаргоњњои мувофиќтарро фањмид. Ў расму русум, дину шуѓли сокинони љойњоеро, ки ќўшунаш мешитофт, ба назар гирифта буд. Чун навишта наметавонист, лозим меомад, ки он њамаро, бо назардошти фоидаву зарари њаводиси юриш, дар хотир нигањ дорад. Танњо ба њамин тариќ тартиби кор, ва аз њама муњим, интизоми ќатъиву сангинро љорї кардан мумкин буд, мањз њамин хел ба комёбї умед бастан имкон дошт. Ва ягон зарра нармдилиро ба вуљуди хеш роњ намедод Чингизхон: касеву чизе набояд ба маќсади асосии ў – фатњи Аврупо халал бирасонад.

Мањз њамон ваќт, сари тартиби корбарии хеш андешида, Чингизхон амри гўшношуниде дод, ки таваллудро дар ќўшуни бешумораш манъ мекард. Гап дар он буд, ки зану кўдакони саворасарбозњояш одатан бо корвон аз паси ќўшун мерафтанду њамроњи он аз љое ба љое кўч мебастанд. Ин анъана дер боз давом дошту аз зарурати њаёт бармеомад, зеро дар задухўрдњои беохири ќабилавї душманон пайваста ќасосгирї мекарданду ањли аёли њамдигарро, ки бе пуштибон монда буданд, нобуд менамуданд. Ва дар навбати аввал занњои умедворро мекуштанд, то ки решаи авлодро бибуранд. Бо мурури замон зиндагї таѓйир ёфт. Ќабилањое, ки ќаблан пайваста душманї доштанд, дар замони Чингизхон њарчи бештар оштї мешуданду зери гунбази давлати бузурги ягона муттањид мегаштанд.

Дар љавонї, замонњое, ки Чингизхонро њанўз Темучин ном мебурданд, худи ў њам бо ќабилањои њамсоя кам наљангида буд; хунхорї хам намуду љабрњо њам дид ва зани дўстдоштааш Бортэро њам, њангоми њуљуми меркитњо, дуздидаву канизак карда буданд. Сари ќудрат омада, Чингизхон берањмона зидди задухўрдњои ќабилавї баромад. Кашокашњо ба њокимияти ў халал мерасонданд, пояи давлаташро суст мекарданд.

Солњо гузаштанд ва батадриљ зарурати тарзи кўчманчиёнаи зиндагии оилањо аз байн рафт. Вале сабаби асосї он буд, ки оилањо дарди сари ќўшун шуда, њангоми амалиёти бузургњаљми њарбї, махсусан ваќти њуљум ва убури дарёњо, ба сафарбаркунї халал мерасонданд. Аз ин рў буд амри ќатъии њокими сањрої, ки ба занњои њамсафари ќўшун то анљоми музаффаронаи юриши Ѓарб зойданро манъ мекард. Ин амрро ў, якуним сол пеш аз њуљум дода, гуфта буд:

- Мамлакатњои Ѓарбро маѓлуб кардему аспњоро нигоњ дошта, по аз рикоб ки гирифтем, занњои ќўшун, чї ќадаре бихоњанд, бизоянд. То њамон ваќт гўши ман бояд нашнавад, ки зане дар тумане зойдааст…

Ба хотири пирўзињои љангї Чингизхон њатто ќонунњои табиатро инкор мекард, ки худ тањќири Њаёту Худованд буд. Њамли зан, ки кори Худост, Худоро њам ба хизмати хеш кашиданї буд ў.

На касе аз байни мардум эътироз карду на аз ќўшун – касе ба ин бедодї фикри эътироз кардан њам надошт; он ваќт њокимияти Чингизхон аллакай чунон муќтадиру муттамарказ шуда буд, ки њама бечунучаро ба амри гўшношуниди манъи зойиш сар фуроварданд, чунки љазои саркашї ногузир марг буд…

Рўзи њабдањум буд,ки Чингизхон ба юриши Ѓарб мерафт ва рўзи њабдањум буд, ки њолати хосу бемонанди рўњашро эњсос мекард. Зоњиран хоќони бузург худро, чун њамеша, муносиби љоњу љалоли хеш – љиддї, канораљў, мисли шоњини фориѓ воменамуд. Вале ботинан меболиду месуруду шеър мегуфт:

…Шабњои абрї

Юртаи маро дар оѓўши гарми хеш гирифта,

Посбонони ман бедорхобї мекашанд,

То маро дар юртаи чун ќасрам хоби бароњат

 бубахшанд.

Имрўз, дар роњи сафар, мехоњам шукрона кунам:

Посбонони деринаи шабњоям

Маро бар тахти хонї нишонданд!

Зери барфу зери борон,

Ки саропои кас ба ларза меояд,

Зери селборону резаборон

Гирдогирди юртаи сафариам,

Маро ташвише надода,

Хотири љамъи мананд посбонони ман!

Имрўз, дар роњи сафар, мехоњам шукрона кунам:

Посбонони муќтадири шабњоям

Маро бар тахт арљ доданд!..

Дар миёни душманони шўру исёнгар,

Садои базўр шунавои тирдонро шунидан замон,

Бетаъхир

Ба набард бархостаанд онон. 

Ба посбонони зираку њушёри шабњоям

Имрўз, дар роњи сафар, шукрона мегўям:

Ёлњоро зери нури моњ бадхашмона сих карда,

Галаи бовафои гургон

Пешвояшонро њангоми шикор дар њалќаи хеш

 мегиранд.

Њамчунин, дар ин њуљум ба Ѓарб

Аз ман људонопазир аст галаи кабудёли ман.

Посбонони маснадам дар њама љо бо мананд…

Шукронаи онњо мекунам дар роњи сафар…

Ин шеър, агар баланд садо медод, дар забони Чингизхон бисёр бељо буд – дигар кор надорад, ки ба баёни эњсосот машѓул мешавад ў! Вале дар ин роњи сангин, ки аз субњ то шомаш дар хонаи зин мегузарад, шеъргўї њам мумкин.

Сабаби болидарўњии Чингизхон абри сафеде буд, ки њабдањ рўз боз, аз субњ то шом, болои сараш дар осмон шино мекард – куљое, ки мерафт, абри сафед дар тори сараш буд. Пешгўии пайѓамбаронаи ѓайбдон оќибат рост баромад. Вале он ваќт кї бовар мекард! Барои беэњтиромии рўиросту густохие, ки дар хаёли кас намегунљад, худи њамон соат он содалавњакро ба љањаннам фиристодан душворие надошт, охир; лекин дарвеши овора кушта нашуд. Пас њукми таќдир чунин будааст.

Њанўз рўзи аввали юриш, њамин ки туманњову корвону галањо, мисли рўдњои тирафоми айёми обхез, тамоми пањноро ишѓол намуда, сўи Ѓарб ба роњ даромаданд, чоштгоњ, њини сарибод иваз намудани аспи бењолгаштааш, Чингизхон тасодуфан боло нигарист, вале ба абраки сафеде, ки рост дар болои сари ў оњиста шино мекард ва ё шояд бењаракат меистод, њељ ањамияте надод – осмони кушод абри кам дорад магар?

Ў дар ињотаи кезегулу жасавулњое, ки дуртар аз вай роњ мепаймуданд, банди хаёлњои худ, хавотиромез аз рўи зин ба атроф нигариставу њаракати ќўшуни бисёрњазорнафараи мутеонаю пурљањд ба фатњи дунё шитобонаш, ќўшуни чандон ба иродааш мутеъ ва чандон дар иљрои ниятњояш кўшоро, ки гўё на инсонњои њар яке ботинан хоњони мисли ў соњибќудрат шудан, балки ангуштони дасташ бошанд; ангуштоне, ки лаљоми аспашро банавбат андар худ медоранд, назора намуда, пеш мерафт.

Аз нав ба осмон нигариставу њамон абрро болои сари хеш дида, Чингизхон боз њам бар он наандешид. Оре, ўи гирифтори нияти фатњи дунё фикр накард, ки абри осмон барои чї пайваста тор-тори сари ўи хокї дар њаракат аст. Наандешид, ки чї муносибате миёни онњо буда метавонад.

Ба чашми касе њам аз ањли юриш он абрак натофт, касеро ба он коре набуд, касе њам гумоне надошт, ки дар рўзи рўшан мўъљизае рух додааст. Вазифаи онон тањи пои худро дидан буд, на осмони нопайдоканорро назора кардан. Ќўшун, чанги суми аспону чархи аробањоро ба осмон хезондаву масофањои тайшударо шояд абадї ва бебозгашт аќиб нињода, дар намуди анбўњи тирафоме равон буду равон. Њамаи ин ба хотири як сару савдо ва иродаи хон сурат мегирифт ва дањњо њазор одамон, сардарфармону умедвори ў, дар њирси дарёфти шўњрату ќудрату сарват, бо майли тамом мерафтанду мерафтанд.