Бад-ин минвол, то шомгоњ роњ паймуданд. Одатан, дар њамон љое, ки шаб фаро мерасид, лангар мепартофтанду субњ боз роњ пеш мегирифтанд.
Барои шаббоши хону ањли рикобаш ќаблан юртањои мўњташаме устувор мекарданд, ки гунбазњои сафедашон њанўз аз дурињо метофт. Парчами хон – матои сиёњи њошияњояш арѓувонї ва бар рў акси аждањоре, ки бо риштањои зарин аз абрешим дўхта шуда буду аз комаш шўълањо мељаст, аллакай бар фарози юртаи асосї парафшонї мекард. Кезегулњо - бањодурони мунтахабу гирифтачењра, чашм аз роњ наканда, мунтазири њоким меистоданд. Дар ин љо шомонаи умум барпо мешуд ва, низ дар њамин љо Чингизхон нахустмулоќоташро бо нойонњои ќўшун доир карданї буд, ки натиљањои рўзи аввали юришро муњокима ва наќшањои фардоро тарњрезї намоянд. Барори оѓози њаракати бузургаш Чингизхонро ба лутфу марњамат моил мекард – ў он шаб барои нойонњо базм барпо карда, суханони онњоро шунидану худ низ амру фармоне интишор намудан мехост; ва чун пешаш њама њушу гўш мешаванд, њар сухане, ки ў бар забон хоњад овард, барои тамоми Чањор Сўи Олам гуфта хоњад шуд, ба ќарибї Чањор Сўи Олам мутеъона ба њарфи ў гўш хоњад дод; барои њамин њам лашкар кашидааст ў – барои талќину иќрори сухани хеш. Сухане, ки ќудрати абадист.
Вале баъдтар Чингизхон базмашро хобонд. Дили пуризтиробаш танњої мехост. Сабабаш он буд, ки…
Ба љои дамгирї наздик шуда, Чингизхон боз, бори сеюм ба абри шиноси тори сараш диќќат дод ва якбора дилаш гум зад. Моту мабњути дарки фавќулъодаи хеш, саропо сард гашту замин дар назараш тањурў шуд – ба як зўре даст ба ёли аспаш бурд, ки сарнагун наравад. Њаргиз бо ў чунин њолат рух надода буд, зеро мављуде рўи Замини сияњпистон – ин асоси вайронинопазири дунё, ки Афлок барои њаёту њокимият эњдо кардааст, ўро чандон мафтун карда наметавонист, ки аз ѓафлат ба њайрат биёяд; чунин менамуд, ки њамааш рўшан аст, ягон чиз дар ин дунё ќодир нест, ки хиради бетарањњуми ўро мафтуну дили аз хунрезињо сангбастаашро мањзун бикунад; њоло нашудааст, ки ў, номуси хониашро ба хок афканда, аз тарс чун занон ба ёли асп часпида бошад. Чунин нашудааст ва набояд бишавад, чунки хеле барваќт, гуфтан мумкин, аз бачагї, аз он замоне ки бародари худ – Бектери наврасро бо камонѓўлаки хеш парронд, - зоњиран – барои як моњияки башастафтода, вале дар асл,- ў бо њиси бемањал бедоршудаи гургонааш бў бурд, ки зини ќисмат барои ду кас танг аст, - аз њамон ваќт ин љониб, зиндагиро бо роњи дурусту беѓалат – муштзўрї дарёфт; чизе нест ва нахоњад буд, ки пеши ќудрат мутеъ нашавад, ба зону наафтад, рангаш наканад; чї љои бандаи осї, ки сангу оташу обу дарахт ва дарандаю паранда аз фишори зўри љоњилона ба хоки тира яксон мешавад.
Љое, ки зўрї њукмрон аст, зар љуз мисе несту гул – љуз хоре. Бино бар ин, хулосае бармеояд: њар чизе, ки помол карданаш имкон дорад, ночиз аст ва њар касе, ки бар поят меафтад, - вобаста ба кайфи њоли мутарањњим – сазовори тарањњум. Дунё њамин аст…
Вале Афлок, ки таљассуми Абадияту Бекаронист ва гоње дарвешони Њимолойу китобхонњои овора тафсираш мекунанд, дигар аст. Оре, як ў, Осмон-Тенгрии дастнорас зери њукму фармони ў нест. Балки пеши он ў худ касе нест – на исён карда метавонаду на тарсонда ва на зиддаш лашкар кашида. Илољи ягона пеши Осмон-Тенгри, ки аз ќисмати заминиёну чунон ки китоббозњои Њимолой мегўянд - њаракати дунёњо огоњ аст, ниёиш кардану сари таъзим фуровардан аст. Аз ин рў, чун њар як бандаи миранда, бо дуову ќурбонињояш Осмонро зорї мекард, ки лутфу марњаматаш намояду олами хокиро батамом зердасташ кунад; ба гуфти њакимони овора, Коинот, ки пури оламњо бошад, Осмонро мушкил аст, ки олами хокиро зери њокимияти пурраву мутлаќи ўву авлодаш бисупорад; магар муќтадиртару арзандатар аз ў дар байни одамони рўи замин њаст? Нест, дигар одаме нест, ки аз ў зўртар бошаду Чањор Сўи Оламро идора карда битавонад. Ботинан ў торафт бештар бовар мекард, ки њаќќи махсуси аз Афлок дархостани њокими халќњо будан - он чизеро дорад, ки дигаре љуръати хоњишаш намекард; ягон кас бояд њукмронї бикунад, охир, пас бигзор он шахсе бошад, ки дигаронро зўран мутеи хеш бигардонад. Афлоки бахшандаю мењрубон то њол истилову ќудратафзоиашро халалдор накарда буд ва Чингизхон торафт мўътаќидтар мешуд, ки Афлок бар вай назари дигар дорад ва азизу авлиёяш мададгори ўянд. Лаънату нафринњои бемисли мардуми бадодомадаи кишварњое, ки ў ба дами теѓу коми оташ дучорашон карда буд, ба сараш фурў мерехт, вале кораш бобарор буду њељ яке аз ин нафринакњо ба афзоиши ќудрату шўњрати мудњишаш таъсире намедошт. Баръакс, њар ќадар ки дуои бадаш мекарданд, аз оњу фарёди мардум, ки Афлокро ба имдод мехост, бештар сарфи назар менамуд. Бо вуљуди ин, гоњ-гоњ ба дилаш вањму шубњае роњ меёфт, ки мабодо ќањри Афлокро биёраду гирифтори љазоњои он бигардад. Дар чунин њолатњо хони кабир лањзае карахт мешуд, худро дар худ саркўб мекард, тобеъонашро имкони даме фароѓат медод, омода мешуд таънаи сазовори Афлокро бипазирад ва њатто тавба кунад. Вале Афлок хашм намекард, норозигии худро зоњир намесохту ўро аз лутфи бекарони хеш бенасиб намегардонд. Ва ў, чун њангоми ќимор, бар раѓми он чизе, ки њукми азалаш мехонданд, њарчи бештар таваккал мекарду сабри Афлокро имтињон менамуд. Афлок тоќат мекард! – ва ў натиља мегирифт, ки барояш коре номумкин нест. Бо мурури солњо эътиќодаш мустањкамтар мешуд, ки ў мунтахаби Афлок, мањз Фарзанди Афлок аст.
Дар иду маросимњои бузург њофизон, самандсавор дар атрофи издињом гашта, дар сурудњои хеш Зодаи Афлокаш мехонданду њамзамон њазорон дасти дуо шодона сўи осмон боло мешуд. Вале ў, на бино бар ин ба он чизе сахт бовар кард, ки фаќат дар афсонањо бовараш кардан мумкин аст, не, ин њамаро љуз тамаллуќи содалавњонаи одамї намедонист ў. Хулосааш аз таљрибаи шахсї буд, яъне Осмони Яздонї барои он дар њама кор пуштибониаш мекунад, ки ў љавобгўи ниятњои Осмон-Тенгри ё худ амалкунандаи иродаи Осмони Воломаќом аст дар рўи замин. Яъне, Осмон њам, мисли ў, ќудрат, ќудратмандї ва ќудратмандро эътироф мекунаду бас. Ва чунин шахс љуз вай дигар кист?…
Вагарна он чизе, ки баъзан худашро њам њайрон мекард – чун шоњин ин ќадар босуръат ба ќуллањои шўњрати мудњиши сархушкунанда ва њокимии дунё баромадани ятимбачаи авлоди ќашшоќи араткиятњо, ки аз азал бо шикору чорвопарварї рўз мегузаронд, чї маънї дошт? Чунин њодисаи гўшношуниди таърихи салтанати дунёї чї хел сурат гирифта метавонист? Охир, зиндагї ќодир буд ба як саѓираи азљонгузашта ќисмати аспдузди чолокеро, ки ў дар аввал воќеан њам буд, беш надињад. Њољати тахмину гумон нест – бе хости Осмон–Тенгри њаргиз Темучини якаспаро парчами акси аждањори зарини оташнафасдор њидоят намекарду ном Чингизхон намешуд ва тахти Юртаи Тилої насиб намегашт!..
Ва, инак, оќибат аломате, ки ин њамаро тасдиќ мекунад, зуњур намуду шањомати раднопазиру исботи аёни назари лутфи осмон ба хоќони Осиё падид омад! Ана, пеши назар аст он, абри дилрабое, ки зуњурашро ѓайбдони овора пешгўї кардаву ќариб сарашро бохта буд. Вале гапи ў рост баромад. Абри сафед руќъаи Осмон аст ба Зодаи Хеш, нишонаи писанду фотињаи нек, пайки пирўзињои бузурги ояндаи ўст. Ба хаёли касе аз њазорон нафарони юриш намеомад, ки мўъљизае чунин имконпазир аст, нафаре абри сафеди њамсафарро пай намебурд, њељ яке намеандешид, ки аз куљост ону барои чист. Кї њам бар абрњои озод меандешад?.. Танњо як ў, хоќони кабир, фармонравои издињоми беназири сањрої ва њодии он ба фатњи дунё, маънии амиќи зуњури абраки сафедро фањмид ва чунон моту мабњут шуд, ки гоњ ба имконпазирии ин зуњуроти гўшношунид бовараш меомаду гоњ не. Вуљудашро шубњаву гумонњои дилфишор фаро гирифтанд, ки мушоњидаву муносибаташро ба ин рухдод бигўяд ё на. Ў рози дил кардаву сир бикшояду абр дар як мижа задан ѓоиб шавад-чї? Мардум гумон намекунанд, ки ў девона шудааст?
Баъд ў боз худро ба даст гирифту имон овард, ки пайдоиши абр бењуда нест ва он баногањ ѓайб нахоњад зад, абрак пайки Осмон аст бар ў; он гоњ вуљудашро боз фарању эњсоси сабукболї, боварї ба дурандешии хешу дурустии юришаш бар тасхири Ѓарб фаро гирифт ва нияти бо шамшеру оташ бунёд намудани салтанати дилхоњи љањонї дар дилаш ќатъитар гашт. Њамин буд маќсади юришаш. Њамин буд раѓбати азалии салтанати њарисона. Њар ќадар, ки сарваташ меафзуд, боз бештар андўхтан мехост…