Рўзњои юриш сипарї мешуданд.
Абри сафед, ягон љониб моил нашуда, шино мекард пеши назари Чингизхон, ки савори саманди машњураш – Хуба роњ мепаймуд. Зотан њамин хел – ёлсафеду думсиёњ буд Хуба.
Донандањо мегуфтанд, ки чунин асп ситораи хоссае дорад, зеро дар њазор сол як бор пайдо мешавад. Саманд не, бодпои бемислу пуртоќате буд Хуба. Мисли селборони гарм, ки башиддат рўи замин мерезад, йўрѓаву тезрафтор буд. Аспе буд, ки лаљомашро сар бидињї, дар гармии талошаш монанди борон, ки то охирин ќатра мерезаду хушк мешавад, то мурдан медавид. Як њофизи ќадим гуфта будааст: рўи ин хел асп одам бовар мекунад, ки абадзинда аст…
Хушбахту ќонеъ буд Чингизхон. Мадори тозаи бемисле эњсос карда, амал намудан, сўи маќсад тохтан мехост; ин лањза гўё худ бодпои хастагинопазире буду бо чорхези мавзун шитобон метохт, гўё чун дарёњо љисману рўњан ба гирдоби пуртуѓёни хуни саманди дартоз дармеомехт.
Оре, савору аспаш лоиќи њам буданду дар ќудрат аз якдигар намемонданд. Њамин буд, ки љулуси савори батанутўши биринљигун нишастани шоњинро мемонд: кафи пойњояшро бо ѓуруру бовари намоишкорона ба рикоб тиргак карда буд; бар асп, чун бар тахт, росту сарбаланд ва бо ифодаи оромии томи чењраи тангчашмаш менишаст ў. Саропояш ќудрату иродати њокими бузургеро аён месохт, ки ќўшуни бешумореро сўи шуњрату пирўзињо мебарад…
Хуллас, сабаби аслии сабукрўњии Чингизхон абри сафеде буд, ки чун рамз, њамчун афсари сарнавиште кабир, болои сараш шино мекард. Ва, ба ин маънї, њамаи мављудот, муносибу мутаносиб буданд. Абр… Осмон… Дар пеш - издињоми мутањаррик, дар дасти парчамдор – парчами юриш, ки њамеша наздики Чингизхон парафшонї мекард. Се нафар буданд онон – парчамдорони аз вазифаи бењад пурифтихори бар ишон боваршуда бовиќору маѓрур. Њар се, гўё махсус интихоб карда бошанд, рўи аспњои сиёњмушкин менишастанд. Дар байн нафаре парчамро бардошта мерафту ду нафари дигар, найзањояшонро сўи пеш нигаронда, аз ду тараф њамроњиаш мекарданд. Хоќонро ба пеш њидоят намуда, абрешими сиёњи зардўзї дар дами бод парафшонї дошту аждањори оташафшони он зинда метофт. Аждањор дар лањзаи љастан тасвир шуда буд ва чашмони дами хашм пурбину чун чашмони уштур барљастааш бо лаппиши матоъ ин сўю он сў рафта, воќеан зиндааш љилва медоданд…
Аз субњ боз хоќони матин аз хонаи зин ба юриш роњбарї менамуд. Аз чор тараф нойонњо асптозон ба ў хабар меоварданду сарибод амру фармонњо гирифта, чорхеззанон ба мавќеъњои хеш, ба ќўшуни мутањаррик бармегаштанд. Шитобидан лозим буд, ки то боронгариву лою чали пеш аз зимистон, охири тирамоњ ба садди асосии роњи юриш – соњилњои рўди бузурги Итил бирасанд ва сардиро мунтазир шуда, рўди яхбастаро бигзаранду сўи нияти наљиби хеш – фатњи Аврупо гом бубардоранд.
Юриш то беваќтї давом кард. Дашти нимторик зери анвори ба ѓуруб моили офтоб то ба дурињои дур, чандоне дур, ки вусъати дунёи пеши назарро тасаввур кардан мумкин бошад, тўл кашида буд. Ва дар он пањнои рангин аз анвори коњандаи хуршед, ки ним андар уфуќ буд, ваќти ѓуруб сафњои сарбозон, њазорон саворагон, ќўшунњое њаракат мекарданд, ки њар яке мавќеи худро дошт ва њама, аз дур љараёни рўдњои сиёњеро, ки шаб тираашон кардааст, ба ёд оварда, бомаром љониби офтоби рў бар ѓуруб мерафтанд.
Пуштњои афгори аспон танњо шабњо, ваќте ки ќўшун барои шабгузаронї меистод, аз зину саворњои хеш меосуданд.
Ва сањари барваќт дар ќароргоњ аз нав ѓулѓулаи добулбасњо – наќорањои бузургњаљми пўсти барзагов-кашида танин андохта, лашкарро ба идомаи юриш водор мекард. Бедор кардани дањњо њазор нафар одамон осон набуд, бино бар ин, бедоркунандагон кўшиши бењад ба харљ медоданд ва добулбасњояшон дар он пањнои бекарон, то њамаи мавќеъу истгоњњо, мунтазам ѓулѓула меафканданд.
Ин ваќт хоќон аллакай бедор буд. Ў ќариб ки пеш аз њама мехест ва бомдоди њанўз рўшани тирамоњон дар назди юртаи пуршукўњаш гардишкунон њушу ёди худро љамъ меовард, перомуни фикру хаёле, ки шаб ба сараш омада буд, меандешид, амрњо мекарду лањзањои фориѓї бодиќќат ба ѓулѓулаи наќорањо, ки ќўшунро рўи зину аробањо мехонд, гўш медод. Рўзи навбатї оѓоз меёфт, садои одамон, рафтуою овозњо меафзуданд ва юриши ба дарозои шаб ќатъгашта аз нав шурўъ мешуд.
Наќорањо њамоно танин меандохтанд. Ѓулѓулаи сањаргоњии онњо танњо даъвати бедорї не, балки чизе буд, ки маънии бештаре дошт. Бад-ин васила Чингизхон њар як нафареро, ки бо ў ба юриши бузург равон буд, хала-халаву бохабар мекард, он огоњии њокими серталабу собитќадаме буд, ки дар сурати ѓулѓулаи наќорањо пештар аз њар гуна фикру хаёли дигар, љуз афкоре, ки аз худаш бармеомаду иродаи худашро талќин мекард, чун ба дарњои баста, ба мафкураи нимхобу нимбедорон зада медаромад, чунки дар хоб одамон на ба иродаи худ тобеъанду на ба иродаи ѓайр; зеро хоб озодии бемаъниву бењудаву махуфест, ки баробари бозгашт аз хоб бояд ќатъаш кард; чизест, ки ќатъиву берањмона бар он мудохила намудан лозим аст, то ки бедоршудагонро ба воќеият – ба хидмат, ба итоати бечунучаро, ба амалиёт бозгардонї.
Аз ѓулѓулаи мудњиши ба наъраи барзагов монанди наќорањо њар дафъа ба бадани Чингизхон мурѓак медамид ва ин ба хотираи дерине вобаста буд: дар айёми наврасї, ваќте ки як рўз дар наздикињо ду барзагови бањамдарафтода пурхаш-мона овоз баровардаву бо сумњо хокро ба осмон бардошта, шохзанї мекарданд, вай, гирифтори ѓурроси мудњиши онњо, худ њам ёд надорад, ки чї хел камонѓўлаки љангиро ба даст гирифту тире ба синаи бародари њамхунаш – Бектери ѓанабида, ки барои моњияки аз дарё гирифтаашон бо ў љанљол карда буд, зад. Бектер, фарёди мудњише бароварда, парида хест ва, ѓарќи хуни хеш, гашта ба замин афтод; вай, Темучин, - оре, он ваќт ў танњо Темучин, ятимаки Есугай – бањодури бемањал даргузашта буду бас, - добулбасеро, ки пеши юрта мехобид, сари китф карда, аз тарс ба кўњ гурехт. Дар он љо, дар сари кўњ дурудароз ва якнавохт ба добулбас кўфту кўфт, дар поён бошад, модараш Аголен, бародаркушро дуои љон кардаву мўи сари хешро канда, фарёд мезаду менолид. Баъд дигарон давида омаданд ва, њама дастак зада, сўяш фарёд мекарданд, вале ў, беист бар наќора мекўфту чизеро намешунид. Барои чї бошад, ки касе наздикаш нашуд ва ў, то субњдам наќоразанон, дар њамон љо монд…
Акнун ѓулѓулаи мудњиши садњо добулбас нидои љангї, ѓурриши пурхашмона, рамзи бебокиву берањмї, огоњии ў буд ба ањли юриш, ки гўш бидињанд ва бархезанду ба амал биоѓозанд, сўи маќсад, ба фатњи дунё равон бишаванд. Хоњанд рафт онон, кулли одамону њайвоноте, ки гўши шунаво доранд, аз паи ў то охир, то поёни ин уфќи бекарон ва, саропо ларзида, хоњанд гўш дод ба ѓурриши наќорањои љангии вай. Њатто абраки сафед, ин шоњиди наву људоинопазири афкори нињони ў, зери садои сањаргоњии наќорањо, бемайлон болои сари ў чарх мезанад. Бодаки сахте парчами салтанатро, бо аждањори оташнафаси зиндамонандаш, љавлон медињад ва, ана, он ба рафти шамол рў-рўи матоъ медаваду аз ком шўълаи рўшане меафканад…
Њавои сањаргоњони рўзњои охир хуб омад.
Шабњо њам, пеш аз хоб, Чингизхон ба назораи атроф мебаромад. Пањнои дашти бекарон пури гулхан буд, алангаи гулханњои наздик ва милт-милти дурњояш дар њар тараф ба чашм мерасид. Рўи ќароргоњи сарбозону шаббоши корвон ва љои исти галабонњову гала дуди сафед пањн мешуд, одамон ин лањзањо, араќшор шуда, серї гўшт мехўрданд. Бўи гўшти пухта, ки калон-калон аз дегњо берун меоварданд, дарандањои даштро љалб мекард. Гоњ дар ин љову гоњ дар он љо, миёни пардаи зулмот, чашмони беќарори он мављудоти бадбахт дурахшон мешуду уллоси навмедонаашон ба гўш мерасид.
Лашкарро дар ин миён зуд мурдахоб мебурд. Фаќат садоњои посбонони шабгард, ки ќўшунро њини фароѓаташ назорат мекарданд, хотирнишон менамуд, ки шабонгањ низ њаёт дар ин љо мувофиќи тартиботи сахт муќарраршуда идома меёбад. Бояд њамин хел њам бошад: њама чизу њама кас вазифањои хешро доранд, ки нињоятан вобастаи маќсади ягонаву олї – хидмати бечунучарову содиќона ба фикри љањонгирии Чингизхон аст. Дар чунин лањзањо, ботинан сархуш шуда, ў моњияти худ, яъне фавќулодам - њирси рафънопазири девонавори њокимиятро, ки бо фаротар шудани ќудраташ торафт меафзуд, амиќ дарк мекард; аз ин љо ногузир хулосаи мутлаќе њосил мешуд – матлуб танњо њамонест, ки созгори маќсади ќудратафзои ўст ва њар он чизе, ки љавобгўи он нест, њаќи мављудият надорад.